Рақсу суруд: Душанбегиҳо бо анъанаҳои туркманҳо шинос шуданд - видео

Обуна шудан
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи. Садриддин Айнӣ дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ доир шуд, ки оғози рӯзҳои фарҳангии Туркманистон гардид
Ба пойтахти Тоҷикистон 65 нафар ҳунармандон, навозандагон ва сарояндагон бо роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги Туркманистон Нурсаҳад Ширимов омаданд.
Дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушода шудани Рӯзҳои фарҳангии ин кишвар барпо гардид.
Дар ин ҷо санъаткорони туркман баромад карда, ҳатто суруди "Ватан магадам"-ро ба забони тоҷикӣ суруданд.
Чорабиниро муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён бо ҳузури кормандони ин ниҳод, намояндагони корпусҳои дипломатии дар ҷумҳурӣ, ходимони фарҳангу ҳунар ифтитоҳ намуд.
Ин иқдом бо мақсади боз ҳам инкишоф ва вусъат додани робитаҳои ба ҳамдигар фоидабахши фарҳанги ҳар ду давлат гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0