Сафири Русия дар Тоҷикистон: Дӯстию ҳамзистии халқҳои мо садсолаҳо таърих дорад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкЧрезвычайный и полномочный посол России в Таджикистане Семен Григорьев
Чрезвычайный и полномочный посол России в Таджикистане Семен Григорьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2024
Обуна шудан
Сафири Русия дар Душанбе ба муносибати таъсиси Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон дар як чорабинӣ дар Маскав суханронӣ карда, аз равобити ду кишвар тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дипломатияи мардумӣ дар тамоми доираи муносибатҳои дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев дар суханронии ифтитоҳии худ ба муносибати таъсиси Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон дар як чорабинӣ дар Маскав изҳор дошт.
"Вақтҳои охир афзоиши назарраси табодули фарҳангӣ мушоҳида шуда, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва табодули ҷавонон афзоиш меёбад", - гуфт сафир.
Вай афзуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун қувваи пешбаранда барои таҳкими муносиботи мардуми ду кишвар ва густариши фарҳангҳо саҳми арзанда доранд.
"Робитаҳои байни кишварҳои мо дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногун таърихи тӯлонӣ ва бой доранд, ки халқҳои мо ҳамеша бо хоҳиши самимии ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии нек фарқ мекарданд", - изҳор дошт сафир.
Дар Русия муҳоҷирони тоҷикро масъули ҳамлаи террористӣ намедонанд. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2024
Коршинос: Баъди "Крокус" низ Русия сиёсати муҳоҷираташро тағйир дода наметавонад - видео
Вай афзуд, ки дар марҳалаи кунунӣ давлатҳоро шарикии санҷидаи замон дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигар, дидгоҳи шабеҳи дурнамои рушди ҷаҳони муосир муттаҳид мекунад.Халқҳоро арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ муттаҳид мекунанд, таъкид кард ӯ.
Григорев ёдовар шуд, ки равобити дӯстонаи сарони Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи куллии ҳамкориҳои гуногунҷанба замина гузоштанд.
Дипломат таъкид намуд, ки авлавияти мутлақи Русия тавсеаи ҳамкориҳо бо ҳамсояҳо ва дӯстон боқӣ мемонад.
Сафир ҳамчунин аз густариши ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон ёдовар шуд, ки дар тӯли солҳои зиёд, Маскав аз шарикони асосии Душанбе буд.
Лентаи хабарҳо
0