https://sputnik.tj/20240223/qobiliyati-mudofiavii-tojikiston-bo-rusiya-taqviyat-1061813780.html
Қобилияти мудофиавии Тоҷикистон тавассути ҳамкориҳои низомӣ бо Русия тақвият меёбад
Қобилияти мудофиавии Тоҷикистон тавассути ҳамкориҳои низомӣ бо Русия тақвият меёбад
Sputnik Тоҷикистон
23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бузург ва фурсатест, ки ба фазои ягонаи амниятии Осиёи Марказӣ ва ИДМ назар андозем.
2024-02-23T09:54+0500
2024-02-23T09:54+0500
2024-02-23T09:55+0500
русия
дар тоҷикистон
спад
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
аслиҳа
афғонистон
марз
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059886867_0:0:551:310_1920x0_80_0_0_0c864bf49c146fd047521d626f84493c.jpg
Омодагии ҷангии артиши миллӣ ва мустаҳкамии муносибатҳои иттифоқӣ бо Федератсияи Русия амнияти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кафолат медиҳанд. Кӯмаки ҳарбӣ ва техникии Русия ба Тоҷикистон беғаразона ва доимӣ расонда мешавад. Мавқеи расмии Маскав ва ӯҳдадориҳои иттифоқӣ бо созишномаҳои байнидавлатӣ, таъмини устувори аслиҳа, омодасозии мутахассисон барои артиши Тоҷикистон ва машқҳои муштараки низомии ба нақша гирифташуда – дуҷониба ва дар доираи СПАД мустаҳкам гардидаанд.23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бузург ва фурсатест, ки ба фазои ягонаи амниятии Осиёи Марказӣ ва ИДМ назар андозем.Дар раддабандии ғарбии қудрати низомӣ “Global Firepower”, Тоҷикистон дар байни 145 кишвари ҷаҳон дар ҷои 107-ум қарор дорад. Ин ҳақбинона нест, зеро он “ қудрат”-и наздиктарин муттаҳидонаш – Русия ва дигар кишварҳои СПАД- ро ба назар намегирад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо шумораи 10 миллион нафар аҳолӣ) – тақрибан 9 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии фаъол ва 600 ҳазор нафар мутахассисони захиравӣ дар бар мегирад.Қудратмандии артиши Тоҷикистонро бояд бо назардошти ҳузури воҳидҳои низомии Федератсияи Русия ва СПАД дар минтақа арзёбӣ кард. Пеш аз ҳама, қаламрав ва аҳолии ҷумҳурӣ аз таҷовузи эҳтимолӣ аз ҷониби ҳайати шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия (ПНР), ки сохтори дивизиявӣ дорад, бо теъдоди бештар аз 10 ҳазор ҳарбиён ҳифз мегардад.СПАД-ро дар ин ҷо нерӯҳои дастаҷамъии зудамал (10 баталйон) ва дастаҷамъии вокуниши сареъ (22 ҳазор нафар низомиёни воҳидҳои таъиноти махсус), дар маҷмӯъ ҳудуди 25 ҳазор низомиён намояндагӣ мекунанд.Аз соли 2021 осмони ҷумҳурӣ тавассути системаи муштараки дифоъи ҳавоии Тоҷикистону Русия ҳифз мегардад. Ва ҳамчунин маҷмааи ягонаи дифои зиддиҳавоии ИДМ, иборат аз аз 20 қисми авиатсионӣ , 50 воҳиди зиддиҳавоӣ ва радиотехникӣ, тақрибан 10 бригадаи дифоъи ҳавоӣ ва воҳидҳои муқовиматиэлектрониро, ба инобат гирифтан зарур аст. Дар қаламрави Тоҷикистон инчунин маҷмааи оптикию электронии "Окно"- маҷмааи назорати кайҳонӣ мавҷуд аст. Ин маҷмаа ба манфиати Нерӯҳои ҳавоию кайҳонии Русия амал мекунадВазъи низомию сиёсии минтақа, таҳдидҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ ба амният тақозо мекунад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба нерӯҳои махсус, иктишофи ҳавоӣ ва ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда такмил дода шаванд. Русия ба таҳким ва муҷаҳҳазсозии артиши Тоҷикистон манфиатдор аст. Маскав ваъда дод, ки то соли 2025 барои сохтмони инфрасохтори низомии ҷумҳурӣ 200 миллион доллар сармоягузорӣ карда, ба маблағи 1 миллиард доллар силоҳ таъмин мекунад ва ҳоло ин ваъдаро иҷро мекунад.Марзҳои бехатар.Соли гузашта Русия ду дивизияи дигари маҷмааи дифои зидди ҳавоии С-300 бо ҳашт дастгоҳи партобкунанда ба Тоҷикистон интиқол дод. Пас аз анҷоми тамринҳои муштараки СПАД, тирамоҳи соли 2019 Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 320 миллион рубли русӣ аслиҳа иборат аз мошинҳои навсозишудаи иктишоф ва посбонии БРДМ-2М, як истгоҳи радиолокатсионӣ (назорат аз болои осмони кишвар, ошкор ва пайгирии аппаратҳои парвозкунанда) тақдим кард.Қаблан Маскав ба Душанбе миқдори зиёди аслиҳа – 300 адад мошини зиреҳпӯш (танкҳои Т-72Б1, мошинҳои ҷангии БМП-2, БТР-80, БТР-70 ва БРДМ-2М), тӯпхонаи Д-30, чархболҳои Ми-8 ва Ми-24, таҷҳизоти мухобиротӣ ва маҷмааи дифоъи ҳавоии дурпарвоз, таҷҳизоти топографӣ ба маблағи 122 миллион доллар ба таври ройгон дода буд. Барои Тоҷикистон аслиҳаи Русия ва пойгоҳи 201-уми Русия кафили аслии амният боқӣ мемонад.Қариб 600 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷумҳурӣ дар донишкадаҳои олии ҳарбии ФедератсияиРусия таҳсил мекунанд ва ду баробар зиёд ба даврҳои омӯзишии семоҳаи мутахассисони хурди пойгоҳи низомии 201-и Русияфаро гирифта мешаванд. Бояд қайд кунем, ки ин бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷа аст. Тибқи созишномаи байнидавлатии соли 2012, пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 30 сол - то соли 2042 фаъолият хоҳад кард (тамдиди созишнома эҳтимол дорад). Солҳои охир, пойгоҳи низомӣ бо ҳавопаймоҳои идорашаванда, як баталйони мутахассисони ҳавопаймоҳҳои бесарнишин, дивизияи пуриқтидори маҷмааи мушакандози чандгона "Ураган" қутраш 220 мм, зиреҳпӯшҳои нав мустаҳкам карда шуда, устувории минтакавӣ ва иҷрои ӯҳдадорихои иттифоқиро пурра таъмин менамояд.Русия тавонмандии дифоӣ ва зарбавии пойгоҳи низомии 201-ро таҳким медиҳад. Нерӯҳои хушкигард мошинҳои ҷангии такмилшудаи БМП-2М-ро бо модули навтарини ҷангии “Бережок” гирифтанд (ин модул имкон медиҳад, ки амалиётро ҳам шабу ҳам рӯз гузаронанд). Қаблан воҳидҳои Русия дар Тоҷикистон бо маҷмааҳои мушакии зиддиҳавоии С-300ПС, садҳо танки нави Т-72Б1 ва зиреҳпӯши БТР-82А, ки бо нерӯи бештари оташфишонӣ, низоми муосири иртиботот ва ҳимояи ҳайати шахсӣ фарқ мекунанд, тақвият дода шуданд. Дар фурӯдгоҳи Ҳисор гурӯҳи ҳавоии пойгоҳи 201-ум иборат аз чархболҳои ҳамлагари Ми-24, чархболи бисёрҳадафи Ми-8МТВ5-1, ҳавопаймои ҳуҷумкунанда Су-25 аз нав таъсис дода шуд. Дар қаламрави Тоҷикистон мунтазам машқҳои "Бародарииҷангӣ" бо иштироки гурӯҳи бисёрҷанбаинерӯҳои СПАД бо ҷалби ҳама намуди ҳавопаймоҳои зарбазан ва партоби ҷангии маҷмааи мушакии тактикӣ "Искандар-М" баргузор мешаванд.Наздик будани Афғонистони пешгӯинашавандаро ба назар гирифтан лозим аст. Тобистони соли 2021 Толибони эътирофнашуда марзҳои Афғонистон бо панҷ кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳти назорат гирифтанд. Қитъаи мушкили 1344-километрии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад. Нерӯҳои марзбонии Русия бевосита ба ҳифзи сарҳад машғул нестанд, аммо ба ҳамкорони тоҷики худ як гурӯҳи мушовирони Хадамоти федеролии бехатарии Русия кӯмак мекунанд ва чархболҳои бисёрҳадафи пойгоҳи 201-ум дар посбонии манотиқи васеъи марзии кӯҳистон ҷалб мегарданд.Бо пайдоиши аслиҳаи нав, тактикаи истифодаи ҷангии қӯшунҳо ғанӣ мешавад. Чунончӣ, мутахассисони рус ва тоҷик бо тамрини “карусели танкӣ” машқ мекунанд, ки вақти ҳадафгириро кам карда, суръати тирандозӣ ва масофаи дақиқи оташфишониро аз тӯпитанкии 125 мм (барои Т-72Б3 то 2200 метр) зиёд мекунанд. Пайгирии ҳадафҳо бо истифода аз низоми навтарини “Рефлекс” дар масофаи 5 км дар ҳамдастӣ бо идоракунандаҳои ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ва тирандозҳои БМП-2 ва БТР-82A анҷом дода мешавад. Гузаронидани иктишоф дар минтақаи муноқишаи мусаллаҳ бо истифода аз воситаҳои муосири техникии "Фара", "Соболятник", "Ирония" амалӣ карда мешавад.Ҳамкории муштараки артиши Тоҷикистон, пойгоҳи 201-уми Русия ва воҳидҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ асоси сулҳу суботи минтақавӣ барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад (ҳатто кишварҳое, ки узви СПАД нестанд).Ягонагии ҳарбӣ-сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон, Русия ва Беларус, дар он ҳам дида мешавад, ки рӯзи 23 феврал дар ин давлатҳо чун рӯзи муҳофизони ватан ва рӯзи артиш қайд мегардад. (фақат дар Қирғизистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ 29 май таҷлил мешавад). Дар кишварҳои дигари ИДМ 23 феврал рӯзи ид нест.
https://sputnik.tj/20240214/tojikiston-mizbon-razmoish-saad-1061695711.html
https://sputnik.tj/20240214/afzoishi-jangiyon-diish-marzhoi-janubi-tojikiston-1061687838.html
https://sputnik.tj/20240210/namoyanda-vkkh-rusiya-ravobit-tojikiston-arzyobi-1061643447.html
https://sputnik.tj/20240216/bahs-taryok-tojikiston-afzoyish-smm-kohish-1061726784.html
русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059886867_0:0:521:390_1920x0_80_0_0_aababbb97e04c30907fc495be12fe305.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
тоҷикистон, русия, амният, спад, марз, пойгоҳи 201, сутуннигор
тоҷикистон, русия, амният, спад, марз, пойгоҳи 201, сутуннигор
Қобилияти мудофиавии Тоҷикистон тавассути ҳамкориҳои низомӣ бо Русия тақвият меёбад
09:54 23.02.2024 (Навсозишуда: 09:55 23.02.2024) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бузург ва фурсатест, ки ба фазои ягонаи амниятии Осиёи Марказӣ ва ИДМ назар андозем.
Омодагии ҷангии артиши миллӣ ва мустаҳкамии муносибатҳои иттифоқӣ бо Федератсияи Русия амнияти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кафолат медиҳанд. Кӯмаки ҳарбӣ ва техникии Русия ба Тоҷикистон беғаразона ва доимӣ расонда мешавад.
Мавқеи расмии Маскав ва ӯҳдадориҳои иттифоқӣ бо созишномаҳои байнидавлатӣ, таъмини устувори аслиҳа, омодасозии мутахассисон барои артиши Тоҷикистон ва машқҳои муштараки низомии ба нақша гирифташуда – дуҷониба ва дар доираи СПАД мустаҳкам гардидаанд.
23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бузург ва фурсатест, ки ба фазои ягонаи амниятии Осиёи Марказӣ ва ИДМ назар андозем.
Дар раддабандии ғарбии қудрати низомӣ “Global Firepower”, Тоҷикистон дар байни 145 кишвари ҷаҳон дар ҷои 107-ум қарор дорад. Ин ҳақбинона нест, зеро он “ қудрат”-и наздиктарин муттаҳидонаш – Русия ва дигар кишварҳои СПАД- ро ба назар намегирад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо шумораи 10 миллион нафар аҳолӣ) – тақрибан 9 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии фаъол ва 600 ҳазор нафар мутахассисони захиравӣ дар бар мегирад.
Қудратмандии артиши Тоҷикистонро бояд бо назардошти ҳузури воҳидҳои низомии Федератсияи Русия ва СПАД дар минтақа арзёбӣ кард. Пеш аз ҳама, қаламрав ва аҳолии ҷумҳурӣ аз таҷовузи эҳтимолӣ аз ҷониби ҳайати шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия (ПНР), ки сохтори дивизиявӣ дорад, бо теъдоди бештар аз 10 ҳазор ҳарбиён ҳифз мегардад.
СПАД-ро дар ин ҷо нерӯҳои дастаҷамъии зудамал (10 баталйон) ва дастаҷамъии вокуниши сареъ (22 ҳазор нафар низомиёни воҳидҳои таъиноти махсус), дар маҷмӯъ ҳудуди 25 ҳазор низомиён намояндагӣ мекунанд.
Аз соли 2021 осмони ҷумҳурӣ тавассути системаи муштараки дифоъи ҳавоии Тоҷикистону Русия ҳифз мегардад. Ва ҳамчунин маҷмааи ягонаи дифои зиддиҳавоии ИДМ, иборат аз аз 20 қисми авиатсионӣ , 50 воҳиди зиддиҳавоӣ ва радиотехникӣ, тақрибан 10 бригадаи дифоъи ҳавоӣ ва воҳидҳои муқовиматиэлектрониро, ба инобат гирифтан зарур аст.
Дар қаламрави Тоҷикистон инчунин маҷмааи оптикию электронии "Окно"- маҷмааи назорати кайҳонӣ мавҷуд аст. Ин маҷмаа ба манфиати Нерӯҳои ҳавоию кайҳонии Русия амал мекунад
Вазъи низомию сиёсии минтақа, таҳдидҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ ба амният тақозо мекунад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба нерӯҳои махсус, иктишофи ҳавоӣ ва ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда такмил дода шаванд. Русия ба таҳким ва муҷаҳҳазсозии артиши Тоҷикистон манфиатдор аст.
Маскав ваъда дод, ки то соли 2025 барои сохтмони инфрасохтори низомии ҷумҳурӣ 200 миллион доллар сармоягузорӣ карда, ба маблағи 1 миллиард доллар силоҳ таъмин мекунад ва ҳоло ин ваъдаро иҷро мекунад.
Соли гузашта Русия ду дивизияи дигари маҷмааи дифои зидди ҳавоии С-300 бо ҳашт дастгоҳи партобкунанда ба Тоҷикистон интиқол дод. Пас аз анҷоми тамринҳои муштараки СПАД, тирамоҳи соли 2019 Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 320 миллион рубли русӣ аслиҳа иборат аз мошинҳои навсозишудаи иктишоф ва посбонии БРДМ-2М, як истгоҳи радиолокатсионӣ (назорат аз болои осмони кишвар, ошкор ва пайгирии аппаратҳои парвозкунанда) тақдим кард.
Қаблан Маскав ба Душанбе миқдори зиёди аслиҳа – 300 адад мошини зиреҳпӯш (танкҳои Т-72Б1, мошинҳои ҷангии БМП-2, БТР-80, БТР-70 ва БРДМ-2М), тӯпхонаи Д-30, чархболҳои Ми-8 ва Ми-24, таҷҳизоти мухобиротӣ ва маҷмааи дифоъи ҳавоии дурпарвоз, таҷҳизоти топографӣ ба маблағи 122 миллион доллар ба таври ройгон дода буд. Барои Тоҷикистон аслиҳаи Русия ва пойгоҳи 201-уми Русия кафили аслии амният боқӣ мемонад.
Қариб 600 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷумҳурӣ дар донишкадаҳои олии ҳарбии ФедератсияиРусия таҳсил мекунанд ва ду баробар зиёд ба даврҳои омӯзишии семоҳаи мутахассисони хурди пойгоҳи низомии 201-и Русияфаро гирифта мешаванд.
Бояд қайд кунем, ки ин бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷа аст. Тибқи созишномаи байнидавлатии соли 2012, пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 30 сол - то соли 2042 фаъолият хоҳад кард (тамдиди созишнома эҳтимол дорад).
Солҳои охир, пойгоҳи низомӣ бо ҳавопаймоҳои идорашаванда, як баталйони мутахассисони ҳавопаймоҳҳои бесарнишин, дивизияи пуриқтидори маҷмааи мушакандози чандгона "Ураган" қутраш 220 мм, зиреҳпӯшҳои нав мустаҳкам карда шуда, устувории минтакавӣ ва иҷрои ӯҳдадорихои иттифоқиро пурра таъмин менамояд.
Русия тавонмандии дифоӣ ва зарбавии пойгоҳи низомии 201-ро таҳким медиҳад. Нерӯҳои хушкигард мошинҳои ҷангии такмилшудаи БМП-2М-ро бо модули навтарини ҷангии “Бережок” гирифтанд (ин модул имкон медиҳад, ки амалиётро ҳам шабу ҳам рӯз гузаронанд).
Қаблан воҳидҳои Русия дар Тоҷикистон бо маҷмааҳои мушакии зиддиҳавоии С-300ПС, садҳо танки нави Т-72Б1 ва зиреҳпӯши БТР-82А, ки бо нерӯи бештари оташфишонӣ, низоми муосири иртиботот ва ҳимояи ҳайати шахсӣ фарқ мекунанд, тақвият дода шуданд.
Дар фурӯдгоҳи Ҳисор гурӯҳи ҳавоии пойгоҳи 201-ум иборат аз чархболҳои ҳамлагари Ми-24, чархболи бисёрҳадафи Ми-8МТВ5-1, ҳавопаймои ҳуҷумкунанда Су-25 аз нав таъсис дода шуд. Дар қаламрави Тоҷикистон мунтазам машқҳои "Бародарииҷангӣ" бо иштироки гурӯҳи бисёрҷанбаинерӯҳои СПАД бо ҷалби ҳама намуди ҳавопаймоҳои зарбазан ва партоби ҷангии маҷмааи мушакии тактикӣ "Искандар-М" баргузор мешаванд.
Наздик будани Афғонистони пешгӯинашавандаро ба назар гирифтан лозим аст. Тобистони соли 2021 Толибони эътирофнашуда марзҳои Афғонистон бо панҷ кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳти назорат гирифтанд. Қитъаи мушкили 1344-километрии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад.
Нерӯҳои марзбонии Русия бевосита ба ҳифзи сарҳад машғул нестанд, аммо ба ҳамкорони тоҷики худ як гурӯҳи мушовирони Хадамоти федеролии бехатарии Русия кӯмак мекунанд ва чархболҳои бисёрҳадафи пойгоҳи 201-ум дар посбонии манотиқи васеъи марзии кӯҳистон ҷалб мегарданд.
Бо пайдоиши аслиҳаи нав, тактикаи истифодаи ҷангии қӯшунҳо ғанӣ мешавад. Чунончӣ, мутахассисони рус ва тоҷик бо тамрини “карусели танкӣ” машқ мекунанд, ки вақти ҳадафгириро кам карда, суръати тирандозӣ ва масофаи дақиқи оташфишониро аз тӯпитанкии 125 мм (барои Т-72Б3 то 2200 метр) зиёд мекунанд.
Пайгирии ҳадафҳо бо истифода аз низоми навтарини “Рефлекс” дар масофаи 5 км дар ҳамдастӣ бо идоракунандаҳои ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ва тирандозҳои БМП-2 ва БТР-82A анҷом дода мешавад. Гузаронидани иктишоф дар минтақаи муноқишаи мусаллаҳ бо истифода аз воситаҳои муосири техникии "Фара", "Соболятник", "Ирония" амалӣ карда мешавад.
Ҳамкории муштараки артиши Тоҷикистон, пойгоҳи 201-уми Русия ва воҳидҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ асоси сулҳу суботи минтақавӣ барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад (ҳатто кишварҳое, ки узви СПАД нестанд).
Ягонагии ҳарбӣ-сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон, Русия ва Беларус, дар он ҳам дида мешавад, ки рӯзи 23 феврал дар ин давлатҳо чун рӯзи муҳофизони ватан ва рӯзи артиш қайд мегардад. (фақат дар Қирғизистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ 29 май таҷлил мешавад). Дар кишварҳои дигари ИДМ 23 феврал рӯзи ид нест.