https://sputnik.tj/20240214/tojikiston-mizbon-razmoish-saad-1061695711.html
Тоҷикистон мизбони размоишҳои СААД мешавад
Тоҷикистон мизбони размоишҳои СААД мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Машқҳои низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли равон дар қаламрави Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешаванд
2024-02-14T18:14+0500
2024-02-14T18:14+0500
2024-02-14T18:14+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
размоиш
машқҳои низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052344993_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_9abf7afe78fc51267742db455969a500.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Маҷмӯи машқҳои муштарак ва вижаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд. Размоишҳои мазкур дар қаламравҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад, гуфт генерал-полковник Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СААД. Сердюков афзуд, ки дар моҳи октябри соли 2024 дар Тоҷикистон як ҳамоиши фаврӣ бо ҳайати фармондеҳии нерӯҳои муштарак дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин размоишҳо таҳти унвони "Рубеж-2024" дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, афзуд ӯ. "Инчунин имсол аз ҷумла дар қаламрави Қирғизистон гузаронидани машқҳои фармондеҳӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ таҳти унвони "Амалиёти мутақобила-2024" дар назар аст", - афзуд ӯ. Қирғизистон ҳамчунин мизбони тамрини вижа бо нирӯҳо ва воситаҳои иктишофӣ "Ҷустуҷӯ-2024", машқҳо бо воситаҳои таъминоти моддию техникии "Эшелон-2024" мешавад. Илова бар ин, дар моҳҳои сентябр-октябр дар қаламрави Қазоқистон машқҳои фармондеҳии нерӯҳои посдори сулҳи СААД "Бародарии осебнопазир - 2024” дар назар аст, изҳор дошт генерал. Сардори Ситоди муштараки СААД таъкид кард, ки дар марҳалаҳои фаъоли машқҳо ба ҳайси нозирони метавонанд намояндагони давлатҳое, ки узви созмон нестанд, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои ҳарбӣ-дипломатӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намоянд.
https://sputnik.tj/20240214/afzoishi-jangiyon-diish-marzhoi-janubi-tojikiston-1061687838.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052344993_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b2bea7a3e063742e6c80df6586739b88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, тоҷикистон, размоиш, нақша, қирғизистон, қазоқистон
саад, тоҷикистон, размоиш, нақша, қирғизистон, қазоқистон
Тоҷикистон мизбони размоишҳои СААД мешавад
Машқҳои низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли равон дар қаламрави Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Маҷмӯи машқҳои муштарак ва вижаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд.
Размоишҳои мазкур дар қаламравҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад, гуфт генерал-полковник Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СААД.
Сердюков афзуд, ки дар моҳи октябри соли 2024 дар Тоҷикистон як ҳамоиши фаврӣ бо ҳайати фармондеҳии нерӯҳои муштарак дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин размоишҳо таҳти унвони "Рубеж-2024" дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, афзуд ӯ.
"Инчунин имсол аз ҷумла дар қаламрави Қирғизистон гузаронидани машқҳои фармондеҳӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ таҳти унвони "Амалиёти мутақобила-2024" дар назар аст", - афзуд ӯ.
Қирғизистон ҳамчунин мизбони тамрини вижа бо нирӯҳо ва воситаҳои иктишофӣ "Ҷустуҷӯ-2024", машқҳо бо воситаҳои таъминоти моддию техникии "Эшелон-2024" мешавад.
Илова бар ин, дар моҳҳои сентябр-октябр дар қаламрави Қазоқистон машқҳои фармондеҳии нерӯҳои посдори сулҳи СААД "Бародарии осебнопазир - 2024” дар назар аст, изҳор дошт генерал.
Сардори Ситоди муштараки СААД таъкид кард, ки дар марҳалаҳои фаъоли машқҳо ба ҳайси нозирони метавонанд намояндагони давлатҳое, ки узви созмон нестанд, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои ҳарбӣ-дипломатӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намоянд.