https://sputnik.tj/20240216/bahs-taryok-tojikiston-afzoyish-smm-kohish-1061726784.html
“Баҳсҳои тарёк”: Тоҷикистон аз афзойиш, СММ аз коҳиш мегӯяд
“Баҳсҳои тарёк”: Тоҷикистон аз афзойиш, СММ аз коҳиш мегӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорати маводи мухаддир аслитарин манбаъи таъмини созмонҳои террористӣ ва манбаъи даромадҳои мафияи минтақаӣ аст, ки умдатан аз Афғонистон гирифта мешавад 16.02.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-02-16T15:15+0500
2024-02-16T15:15+0500
2024-02-16T15:15+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
маводи мухаддир
нашъа
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101339/02/1013390224_0:97:1024:673_1920x0_80_0_0_f71c7de3df5cfaccd110bdfdcc23b711.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тоҷикистон аз афзойиши қочоқи маводи мухаддир мегӯяд, аммо СММ ва ба дунболи он ҳукумати Толибон* иддао доранд, ки кишти тарёк ва дар пайи он қочоқи маводи мухаддир ба ҳадди сифр наздик мешавад.Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, ки ниҳодаш дар соли 2023 дар қиёс бо соли 2022, беш аз як тон маводи мухаддир мусодира кардааст, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, он чӣ мо мусодира кардем, ҳама дар дохили қаламрави кишвар буд. Як қисмати бузургро ҳам дар марз бо Афғонистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мусодира кардааст, афзуд ӯ. Қаблан Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар умум аз муомилоти ғайриқонунӣ қариби 5,3 тон маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2022 қариби 300 кило зиёд аст. Қисмати умдаи ин мусодираҳо ба вазорати корҳои дохилӣ - қариби 2,6 тон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттифоқи нерӯҳои марзбонӣ - беш аз 2,1 тон рост меояд. Ҳиссаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 5 кг ва Хадамоти гумрук 71 кг аст. Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Зафар Самад, дар шарҳи ин мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зиёда аз 2,7 тон аз ин ҳаҷмро мақомоти қудратии Тоҷикистон дар навоҳии ҳамсарҳад бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира кардаанд, ки беш аз 56 - и мусодираи умумӣ дар кишварро ташкил медиҳад.“Дар Афғонистон ба далели ин ки аз метамфетамин даромади бештаре дарёфт мекунанд, даллолони маводи мухаддир шурӯъ ба тавлиди он дар лабораторияҳои махфӣ кардаанд, ки дар он ҷо тавлид ва вориди ҷумҳури мо мешавад ва ба сурати транзит ба кишварҳои дигар мунтақил мешавад”, - гуфт ӯ. Дар ҳамин ҳол, тибқи ҳисоботи охирини Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, соли 2023 дар Афғонистон кишти маводи нашъаовар 95% кам шудааст ва аз қариб 1,4 млрд доллар барои бардошти соли 2022 ба 110 млн доллар дар соли 2023 расидааст. Sputnik Афғонистон аз қавли Абдулҳақ Охунд, раиси мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Толибон*, хабар дод, ки дар замони Толибон* беш аз 1100 корхонаи тавлиди маводи мухаддир баста, беш аз 13 ҳазор нафар дастгир ва ва беш аз 15 ҳазор гектар замин аз зироати тарёк поксозӣ шудааст.Аммо омори фақат мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, зиёда аз 5,2 тон, нишон медиҳад, ки кишти тарёк ҳамоно боқӣ мондаст. Азбаски Тоҷикистон кишвари транзити маводи мухаддири Афғонистон аст, ҳоло ҳам кишту истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон кам шуданӣ нест. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дақиқ дар ин маврид чизе гуфта наметавонанд, зеро омори расмӣ аз Афғонистонро дар даст надоранд, чун ягон робитаи расмӣ ба иллати адами ҳукумат дар он ҷо дар даст нест, аммо онҳо фақат омореро ироа мекунанд, ки дар пайи боздошту мусодираҳо дар ихтиёри онҳо қарор гирифтааст.Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки дар ин маврид ҳақ метавонад ҳам ба ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Толибон* бошад, аммо пушти парда чӣ ҷараён дорад, маълум нест. Собиқ устоди Донишгоҳи Кобул, Абдуносир Нурзод, гуфт, як стратегияи маъруф дар тиҷорати маводи мухаддир вуҷуд дорад, ки мафияи минтақаӣ ба хотири боло бурдани қимати маводи мухаддир чунин як фазоро ба вуҷуд меорад. “Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки қочоқбарони бузурги Афғонистон, аз ҷумла Башир Нурзай, аз асосгузорон ва сармоягузорони аслии Толибон*-ро амрикоиҳо раҳо карданд ва бино ба маълумоти мувассақи мо, мавсуф тайи ду соли гузашта тамоми маводи мухаддирро дар Ҳилманд анбор карда, онро ба кишварҳои ҳамсоя мефиристад.Аз як тараф, гӯё мубориза, аз сӯи дигар мутамарказ амал мекунанд. Тиҷорати маводи мухаддир аслитарин манбаъи таъмини созмонҳои террористӣ ва манбаъи даромадҳои мафияи минтақаӣ аст ва он ҳеҷ гоҳ нобуд намешавад”, - гуфт Нурзод.Аз нигоҳи коршиносон, маҳз ин стратегияи мафияи қочоқи мухаддир боис шудааст, ки амалан қочоқ афзойиш ёбад, аммо дар дохил тавре вонамуд шавад, ки Толибон* воқеан ба хотири қаноат додани созмонҳои ҷаҳонӣ алайҳи он мубориза мекунанд, дар ҳоле ки ҳеҷ як аз ин созмонҳо на зарфият ва на ҳам ҷуръати санҷиши воқеиятҳоро дар Афғонистон доранд.*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240206/agenti-muboriza-mavod-mukhaddir-nokom-etirof-vada-isloh-1061579965.html
https://sputnik.tj/20240206/donishjuyon-kormandon-vkd-kdam-bozdosht-nashajallob-tojikiston-1061578740.html
https://sputnik.tj/20240201/spad-tahkim-marz-tojikiston-afghoniston-mablagh-judo-1061513842.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101339/02/1013390224_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_01c86b398bba446b4099cbdc1e7e33be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, маводи мухаддир, нашъа, афғонистон
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, маводи мухаддир, нашъа, афғонистон
“Баҳсҳои тарёк”: Тоҷикистон аз афзойиш, СММ аз коҳиш мегӯяд
Тиҷорати маводи мухаддир аслитарин манбаъи таъмини созмонҳои террористӣ ва манбаъи даромадҳои мафияи минтақаӣ аст, ки умдатан аз Афғонистон гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тоҷикистон аз афзойиши қочоқи маводи мухаддир мегӯяд, аммо СММ ва ба дунболи он ҳукумати Толибон* иддао доранд, ки кишти тарёк ва дар пайи он қочоқи маводи мухаддир ба ҳадди сифр наздик мешавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, ки ниҳодаш дар соли 2023 дар қиёс бо соли 2022, беш аз як тон маводи мухаддир мусодира кардааст, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, он чӣ мо мусодира кардем, ҳама дар дохили қаламрави кишвар буд.
Як қисмати бузургро ҳам дар марз бо Афғонистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мусодира кардааст, афзуд ӯ.
“Бале, арқом афзойишро нишон медиҳанд. Вақте маводи мухаддир бештар ворид мешавад, ҳамон қадар бештар афзойиш меёбад”, - гуфт Раҳимзода.
Қаблан Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар умум аз муомилоти ғайриқонунӣ қариби 5,3 тон маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2022 қариби 300 кило зиёд аст.
Қисмати умдаи ин мусодираҳо ба вазорати корҳои дохилӣ - қариби 2,6 тон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттифоқи нерӯҳои марзбонӣ - беш аз 2,1 тон рост меояд. Ҳиссаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 5 кг ва Хадамоти гумрук 71 кг аст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Зафар Самад, дар шарҳи ин мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зиёда аз 2,7 тон аз ин ҳаҷмро мақомоти қудратии Тоҷикистон дар навоҳии ҳамсарҳад бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира кардаанд, ки беш аз 56 - и мусодираи умумӣ дар кишварро ташкил медиҳад.
“Дар Афғонистон ба далели ин ки аз метамфетамин даромади бештаре дарёфт мекунанд, даллолони маводи мухаддир шурӯъ ба тавлиди он дар лабораторияҳои махфӣ кардаанд, ки дар он ҷо тавлид ва вориди ҷумҳури мо мешавад ва ба сурати транзит ба кишварҳои дигар мунтақил мешавад”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи ҳисоботи охирини Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, соли 2023 дар Афғонистон кишти маводи нашъаовар 95% кам шудааст ва аз қариб 1,4 млрд доллар барои бардошти соли 2022 ба 110 млн доллар дар соли 2023 расидааст.
Sputnik Афғонистон аз қавли Абдулҳақ Охунд, раиси мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Толибон*, хабар дод, ки дар замони Толибон* беш аз 1100 корхонаи тавлиди маводи мухаддир баста, беш аз 13 ҳазор нафар дастгир ва ва беш аз 15 ҳазор гектар замин аз зироати тарёк поксозӣ шудааст.
Аммо омори фақат мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, зиёда аз 5,2 тон, нишон медиҳад, ки кишти тарёк ҳамоно боқӣ мондаст. Азбаски Тоҷикистон кишвари транзити маводи мухаддири Афғонистон аст, ҳоло ҳам кишту истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон кам шуданӣ нест.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дақиқ дар ин маврид чизе гуфта наметавонанд, зеро омори расмӣ аз Афғонистонро дар даст надоранд, чун ягон робитаи расмӣ ба иллати адами ҳукумат дар он ҷо дар даст нест, аммо онҳо фақат омореро ироа мекунанд, ки дар пайи боздошту мусодираҳо дар ихтиёри онҳо қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки дар ин маврид ҳақ метавонад ҳам ба ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Толибон* бошад, аммо пушти парда чӣ ҷараён дорад, маълум нест.
Собиқ устоди Донишгоҳи Кобул, Абдуносир Нурзод, гуфт, як стратегияи маъруф дар тиҷорати маводи мухаддир вуҷуд дорад, ки мафияи минтақаӣ ба хотири боло бурдани қимати маводи мухаддир чунин як фазоро ба вуҷуд меорад.
“Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки қочоқбарони бузурги Афғонистон, аз ҷумла Башир Нурзай, аз асосгузорон ва сармоягузорони аслии Толибон*-ро амрикоиҳо раҳо карданд ва бино ба маълумоти мувассақи мо, мавсуф тайи ду соли гузашта тамоми маводи мухаддирро дар Ҳилманд анбор карда, онро ба кишварҳои ҳамсоя мефиристад.
Аз як тараф, гӯё мубориза, аз сӯи дигар мутамарказ амал мекунанд. Тиҷорати маводи мухаддир аслитарин манбаъи таъмини созмонҳои террористӣ ва манбаъи даромадҳои мафияи минтақаӣ аст ва он ҳеҷ гоҳ нобуд намешавад”, - гуфт Нурзод.
Аз нигоҳи коршиносон, маҳз ин стратегияи мафияи қочоқи мухаддир боис шудааст, ки амалан қочоқ афзойиш ёбад, аммо дар дохил тавре вонамуд шавад, ки Толибон* воқеан ба хотири қаноат додани созмонҳои ҷаҳонӣ алайҳи он мубориза мекунанд, дар ҳоле ки ҳеҷ як аз ин созмонҳо на зарфият ва на ҳам ҷуръати санҷиши воқеиятҳоро дар Афғонистон доранд.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.