https://sputnik.tj/20240214/afzoishi-jangiyon-diish-marzhoi-janubi-tojikiston-1061687838.html
СААД афзоиши ҷангиёни ДИИШ*-ро дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебинад
СААД афзоиши ҷангиёни ДИИШ*-ро дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебинад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад
2024-02-14T13:39+0500
2024-02-14T13:39+0500
2024-02-14T13:44+0500
дар тоҷикистон
созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
саад
генерал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061687219_0:191:2961:1857_1920x0_80_0_0_abd780c0cadb8c49ff1b27a5a46d7ec3.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзоиши шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи ДИИШ* дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро мушоҳида мекунад. Ин нуктаро сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Андрей Сердюков зимни нишасти хабарӣ баён дошт. Дар наздикии сарҳади ҷанубии Тоҷикистон афзоиши шумори бахши афғонии ДИИШ* - Вилояти Хуросон* ва ҷунбиши толибҳои Покистон ба қайд гирифта шудааст, афзуд ӯ. Ин ҳушдор дар ҳолест, ки қаблан масъулини СААД теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистонро беш аз 6500 нафар гуфта буданд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.Аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд, мегӯянд масъулин.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад.Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад. Қаблан ҳайати фармондеҳии СААД таъкид намуда буд, ки ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад ва дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, нерӯҳои ин созмон дар зарфи чанд соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон хоҳанд дод. Инчунин СААД барномаи муҷаҳҳазгардонӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ дорад, ки интизор меравад соли равон қабул шавад. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
https://sputnik.tj/20240201/spad-tahkim-marz-tojikiston-afghoniston-mablagh-judo-1061513842.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061687219_116:0:2847:2048_1920x0_80_0_0_294869ff1ae63010f19083d36f744d66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сад, созмон, осиёи марказӣ, афғонистон
сад, созмон, осиёи марказӣ, афғонистон
СААД афзоиши ҷангиёни ДИИШ*-ро дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебинад
13:39 14.02.2024 (Навсозишуда: 13:44 14.02.2024) Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзоиши шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи ДИИШ* дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро мушоҳида мекунад.
Ин нуктаро сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Андрей Сердюков зимни нишасти хабарӣ баён дошт.
"Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди асосӣ ба субот аз ҷониби созмонҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ, аз қабили "Давлати исломӣ"*, "Ал-Қоида"* ва ғайра мебошад", - гуфт ӯ.
Дар наздикии сарҳади ҷанубии Тоҷикистон афзоиши шумори бахши афғонии ДИИШ* - Вилояти Хуросон* ва ҷунбиши толибҳои Покистон ба қайд гирифта шудааст, афзуд ӯ.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки қаблан масъулини СААД теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистонро беш аз 6500 нафар гуфта буданд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд, мегӯянд масъулин.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад. Қаблан ҳайати фармондеҳии СААД таъкид намуда буд, ки ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад ва дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, нерӯҳои ин созмон дар зарфи чанд соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон хоҳанд дод.
Инчунин СААД барномаи муҷаҳҳазгардонӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ дорад, ки интизор меравад соли равон қабул шавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.