“Мушкилиҳои рақамикунонӣ”: аз куҷо ба куҷо?

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкРаботник финансовой сферы, архивное фото
Работник финансовой сферы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Обуна шудан
Яке аз шохисҳои аслии кайфияти рақамисозӣ, тавсеаи алоқаи мобилӣ ва интернет аст, ки Тоҷикистон дар ин замина низ ба таври ҷиддӣ ақиб аст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо эътирофи мушкилиҳои рақамикунонӣ барои ҳалли онҳо низ миён бастааст.
Инро метавон дар поён рафтани Тоҷикистон дар раддабандаҳои мухталиф ва ҳамзамон афзойиши шиддати тараддуди ин ниҳоди давлатии масъули рақамикунонӣ дар моҳҳои ахир ва ҷалби ҳамкорони хориҷӣ барои беҳбуди вазъ мушоҳида кард.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи поён рафтани Тоҷикистон дар раддабандиҳои бархе ниҳодҳои байнулмилалии нозири авзоъи соҳа дар ҷаҳон, гуфт, алоқаи барқӣ ҳам ташкилӣ ва ҳам техникӣ аст, зеро барои он ки нуқтаи “А” – ро ба “Б” алоқа барқарор гардад, мо бояд системаҳоро ҳамоҳанг созем.
“Ин рейтингҳоеро, ки шумо гуфтед, бале, мо омӯхтем, дидем ва медонем, ки чаро ин гуна мешавад, вале ҳар кас фикри худро дорад. Бо гуфтани ин ки Тоҷикистон дар мақомҳои охир қарор дорад, масъала ҳал намешавад. Шумо медонед, ки раддабандиҳо чӣ гуна омода ва тасдиқ мешаванд, аммо мо гуфтаҳои онҳоро омӯхта, ба назар мегирем ва дар рушди соҳа ба кор мебарем”, - гуфт Атоев.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Шикоят бисёр: Бег Сабур аз нарху суръати интернет дар Тоҷикистон гуфт
Ба забони рутбабандиҳо Тоҷикистон дар рутбабандиҳое, ки аз сӯи созмонҳои байнулмилалии масъули соҳа нашр шудааст, вазъи муносиб надорад.
Аз ҷумла бо таваҷҷуҳ ба шохисҳои рақамисозӣ, монанди тиҷорати электронӣ, банкдории онлайн, таблиғоти онлайн ва дастрасӣ ба ҳукумати электронӣ, Тоҷикистон дар рутба 104 аз 110 қарор дорад.
Яке аз шохисҳои аслии кайфияти рақамисозӣ, тавсеаи алоқаи мобилӣ ва интернет аст, ки Тоҷикистон дар ин замина низ ба таври ҷиддӣ ақиб аст.
Бар асоси рутбабандии Speedtest Global Index, суръати интернети мобайл дар Тоҷикистон то октябри соли гузашта бисёр поин буд ва ин кишвар дар байни 145 кишвари дигар дар рутбаи 138 қарор дорад. Аз назари суръати интернети симӣ, Тоҷикистон дар рутбаи 136 аз 182 ҷой гирифтааст.
Дарвоқеъ, тайи солҳои ахир муштариён ағлаб аз интернет ва алоқаи заиф тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шикоят мекунанд. Ба бовари онҳо, бо вуҷуди суръати поин, қимати хадамоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар Тоҷикистон боло ва доиман дар ҳоли зиёд шудан аст.
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2024
Хадамоти алоқа ба ширкатҳо гуфт, аз тасмимашон гарданд: ба ҳадафҳои президент таъсир дорад
Ахиран операторҳои алоқаи мобилӣ тасмим ба афзоиши ҳазинаи таруфаҳо гирифтанд, аммо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин тасмимро лағв ва онро бо аҳдофи коҳиши ҳазинаи интернет, беҳбуди кайфият алоқа дар тазод номид.
Ба бовари ин ниҳод, ин тасмим бар вазъияти иҷтимоӣ - иқтисодии ҷомиа таъсир бад дорад ва монеъ аз гузор ба пардохтҳои ғайринақдӣ мешавад.

Чӣ бояд кард?

Яке аз далоили вазъро коршиносон мушкилоти тавсеаи зерсохтҳо ва адами сармоягузорӣ дар ин соҳа ҳисобида, мегӯянд, тавсеаи рақамисозӣ метавонад тавлиди нохолиси дохилии кишварро 10 то 15 дарсад дар сол афзоиш диҳад.
Баҳром Бахтиёрӣ, коршиноси умури алоқа, мегӯяд, Тоҷикистон иқдомоти лозимро барои пушти сар гузоштани вазъияти феълиро анҷом медиҳад ва ҳамчунин бо ширкатҳои дигар кишварҳо ибтикоротро иҷро мекунад.
“Нақшаҳое, ки Хадамоти алоқа дорад ва он ҳам ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ, кори дуруст аст, аммо муҳим ин аст, ки онҳо чӣ гуна иҷро мешаванд. Ҳоло чизеро, ки мо мебинем, дуруст аст, аммо натиҷа муҳим аст, ки то як – ду соли дигар маълум мешавад, ба истилоҳ, чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд”, - гуфт Баҳром Бахтиёрӣ.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар поёни соли гузашта бо як қатор ширкатҳои Русия (PITER IX "Цифра"), Чин (“Технологияи Хуавей Тоҷикистон”) ва Қазоқистон (“Технологияҳои иттилоотии миллӣ”) чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кардю.
Таъмири антенаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2024
Чаро ширкатҳои мобилӣ мехостанд хизматрасониро гарон кунанд: посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Бар асоси тафоҳумномаҳо фанноварии иттилооту иртиботот, тавсеаи системаи тиҷорати электронӣ, дастраси ба интернети васеъхат ва тавзеъи 4G ва 5G, мудирияти асноди электронӣ, телефонияи IP, татбиқи “Ҳукумати электронӣ” роҳандозӣ хоҳад шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 7,8 миллион нафарро ташкил дода, 4,8 миллион нафар аз ин шумора муштариёни фаъол мебошанд. Шумораи муштариёни интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн. нафарро ташкил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0