https://sputnik.tj/20240125/khadamot-aloqa-shirkatho-tasmim-hadaf-prezident-tasir-dorad-1061394520.html
Хадамоти алоқа ба ширкатҳо гуфт, аз тасмимашон гарданд: ба ҳадафҳои президент таъсир дорад
Хадамоти алоқа ба ширкатҳо гуфт, аз тасмимашон гарданд: ба ҳадафҳои президент таъсир дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ба болобарии қимати хизматрасонии мобилӣ иҷоза намедиҳанд, зеро он барои амалисозии тасмимоти муҳиме таъсир мерасонад
2024-01-25T09:43+0500
2024-01-25T09:43+0500
2024-01-25T10:07+0500
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
ширкатҳои мобилӣ
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_52810b7d85be7382b7cab2fc1c486e66.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилии кишвар хост, ки қарори боло бурдани қимати арзиш ва нархи тарофаҳоро бекор кунанд.Тавре маълум аст, давоми чанд рӯз тамоми операторони алоқаи мобилӣ арзиш ва нархи тарофаҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом ба муштариёнашон СМС-паёмак фиристоданд. Ин тасмими ширкатҳои мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои тундро дар пай дошт.Хадамот чунин меҳисобад, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ин барои амалисозии тадбирҳои муҳиме мондани гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.Ин ниҳод гуфтааст, ки ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ намедиҳад.Инчунин таъкид кардааст, ки тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани корҳо дар минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.Аз муштариён даъват шудааст, ки ба паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ эътибор надода, ба истифодабарии тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.
https://sputnik.tj/20231218/navsozi-islohot-hamkori-khadamot-aloqa-shirkati-rusi-1060966776.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_3842e038617b35317d7ab0054a971ae2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хадамоти алоқа ширкатҳо тасмимашон ҳадафҳо президент таъсир
хадамоти алоқа ширкатҳо тасмимашон ҳадафҳо президент таъсир
Хадамоти алоқа ба ширкатҳо гуфт, аз тасмимашон гарданд: ба ҳадафҳои президент таъсир дорад
09:43 25.01.2024 (Навсозишуда: 10:07 25.01.2024) Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ба болобарии қимати хизматрасонии мобилӣ иҷоза намедиҳанд, зеро он барои амалисозии тасмимоти муҳиме таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилии кишвар хост, ки қарори боло бурдани қимати арзиш ва нархи тарофаҳоро бекор кунанд.
Тавре маълум аст, давоми чанд рӯз тамоми операторони алоқаи мобилӣ арзиш ва нархи тарофаҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом ба муштариёнашон СМС-паёмак фиристоданд.
Ин тасмими ширкатҳои мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои тундро дар пай дошт.
"Хадамоти алоқа бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок ҳисобида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор кардани ин иқдом даъват кард",- афзудааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Хадамот чунин меҳисобад, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ин барои амалисозии тадбирҳои муҳиме мондани гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ намедиҳад.
Инчунин таъкид кардааст, ки тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани корҳо дар минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.
Аз муштариён даъват шудааст, ки ба паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ эътибор надода, ба истифодабарии тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.