Шикоят бисёр: Бег Сабур аз нарху суръати интернет дар Тоҷикистон гуфт

© Foto / Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонРаиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Обуна шудан
Хадамоти алоқа каме поин овардани нархи интернет ва зангҳои телефониро дар кишвар қонеъкунанда намеҳисоба ва дастур додааст, ки вазъ боз беҳтар шавад
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сардори Хадамоти алоқа Тоҷикистон Бек Сабур гуфтааст, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон бо интернети баландсуръат дар авлавияти фаъолияти ниҳоди зертобеяш ва ширкатҳои мобилӣ аст.
Ӯ ин нуктаро зимни як ҷаласае бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ изҳор доштааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
"Бо мақсади муайян намудани тамоми минтақаҳое, ки дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар он заиф мебошад, аз ҳисоби масъудини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ин гурурӯҳи корӣ вазифадор гардид, ки дар давоми як ҳафта ҳисоботи мукаммал ба Хадамот пешниҳод кунад.
Сардори Хадамоти алоқа аз масъулин хост, ки пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо, мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад.
Вай дар мавриди нархи интернет ва зангҳои телефонӣ гуфтааст, ки ҳарчанд арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода шуд, ки ҷиддан талош намоянд.
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Тоҷикистон аз рӯи суръати интернет миёни кишварҳои пасошӯравӣ охирин аст
Ҳамзамон раиси Хадамот гуфтааст, ки бинобар маҳдудияти интиқоли барқ дар фаъолияти истигоҳҳо мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат камбур ҷой дорад.
Ба гуфтаи вай дар ин замина аз муштариён арзу шикоятҳои зиёд мерасад.
Дар робита ба ин ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд, ки тамоми талошҳоро ба харҷ диҳанд, то аҳолӣ дар фасли сармо низ шабонарӯз бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд.
Лентаи хабарҳо
0