https://sputnik.tj/20240125/shirkatho-mobili-khizmatrasoni-garon-posukh-khadamot-1061397636.html
Чаро ширкатҳои мобилӣ мехостанд хизматрасониро гарон кунанд: посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Чаро ширкатҳои мобилӣ мехостанд хизматрасониро гарон кунанд: посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин ниҳод бар ин назаранд, ки тарифҳои ширкатҳои мобилӣ ва бастаҳои хизматрасонии мобилӣ бояд 35-40% боло бурда шаванд
2024-01-25T14:12+0500
2024-01-25T14:12+0500
2024-01-25T19:17+0500
хадамоти алоқа
хадамоти зиддиинҳисорӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101621/30/1016213094_0:244:1365:1012_1920x0_80_0_0_52431c800fc681cbed8f6d5882ea6dc9.jpg
Душанбе, 25 янв - Sputnik. Сарфи назар аз афзоиши хароҷоти ширкатҳои алоқаи мобилӣ (беш аз 40%), барои аз даст надодани бозор ва ба инобат гирифтани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар ташкилотҳо мехостанд тарофаҳои хизматрасониро аз 7 то 12% боло баранд.Афзоиши нархи тарофаҳо ба афзоиши дигар хадамоти иҷтимоӣ ва коммуналӣ дар Тоҷикистон вобаста аст, изҳор доштанд аз Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Қайд карда мешавад, ки аз 1 январи соли 2024 арзиши иҷораи биноҳо ва майдонҳо барои истгоҳҳо боло рафтааст. Аз ин рӯ, хадамот бар ин назар аст, ки тарифҳои ширкатҳои мобилӣ ва бастаҳои алоқаи мобилӣ бояд 35-40% боло бурда шаванд. "Ин бояд ба рушди соҳа мусоидат намуда, хароҷотро пӯшонад", - қайд карданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ. Дар акси ҳол, ширкатҳо, албатта, муфлис намешаванд, балки ба буҷаи давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ҳушдор додааст дар ин ниҳод. Дар ҳамин ҳол, бино ба таҳлили ин ниҳод, болоравии таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ ба афзойиши таруфаҳои хадамоти дигари иҷтимоӣ-маишӣ бастагӣ дорад.Дар маҷмӯъ, аз соли 2020 то соли 2024 тарифҳои нерӯи барқ 335, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 20%, хизматрасонии манзилӣ дар шаҳри Душанбе 10% ва нишондиҳанда барои ҳисобҳо 24,13% боло хоҳанд рафт. Ин вазъ аз дидгоҳи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба фаъолияти мунтазами ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва сармоягузорӣ ба бозсозии пойгоҳҳои техникӣ таъсири манфӣ мерасонад.
https://sputnik.tj/20231213/istgoh-baza-chin-khadamot-aloqa-tojikiston-1060868659.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101621/30/1016213094_0:175:1365:1199_1920x0_80_0_0_6d55562104fc6818883f0300df68431f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкатҳо мобилӣ хизматрасонӣ гарон посух хадамоти зиддиинҳисорӣ
ширкатҳо мобилӣ хизматрасонӣ гарон посух хадамоти зиддиинҳисорӣ
Чаро ширкатҳои мобилӣ мехостанд хизматрасониро гарон кунанд: посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
14:12 25.01.2024 (Навсозишуда: 19:17 25.01.2024) Эксклюзив
Дар ин ниҳод бар ин назаранд, ки тарифҳои ширкатҳои мобилӣ ва бастаҳои хизматрасонии мобилӣ бояд 35-40% боло бурда шаванд
Душанбе, 25 янв - Sputnik. Сарфи назар аз афзоиши хароҷоти ширкатҳои алоқаи мобилӣ (беш аз 40%), барои аз даст надодани бозор ва ба инобат гирифтани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар ташкилотҳо мехостанд тарофаҳои хизматрасониро аз 7 то 12% боло баранд.
Афзоиши нархи тарофаҳо ба афзоиши дигар хадамоти иҷтимоӣ ва коммуналӣ дар Тоҷикистон вобаста аст, изҳор доштанд аз Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Қайд карда мешавад, ки аз 1 январи соли 2024 арзиши иҷораи биноҳо ва майдонҳо барои истгоҳҳо боло рафтааст.
"Болоравии арзиши дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири онҳо низ мутаносибан боло рафт", - таъкид кард манбаъ.
Аз ин рӯ, хадамот бар ин назар аст, ки тарифҳои ширкатҳои мобилӣ ва бастаҳои алоқаи мобилӣ бояд 35-40% боло бурда шаванд.
"Ин бояд ба рушди соҳа мусоидат намуда, хароҷотро пӯшонад", - қайд карданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Дар акси ҳол, ширкатҳо, албатта, муфлис намешаванд, балки ба буҷаи давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ҳушдор додааст дар ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, бино ба таҳлили ин ниҳод, болоравии таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ ба афзойиши таруфаҳои хадамоти дигари иҷтимоӣ-маишӣ бастагӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2020 то соли 2024 тарифҳои нерӯи барқ 335, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 20%, хизматрасонии манзилӣ дар шаҳри Душанбе 10% ва нишондиҳанда барои ҳисобҳо 24,13% боло хоҳанд рафт.
Ин вазъ аз дидгоҳи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба фаъолияти мунтазами ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва сармоягузорӣ ба бозсозии пойгоҳҳои техникӣ таъсири манфӣ мерасонад.