https://sputnik.tj/20230728/tojik-eyr-parvozhoro-oghoz-1058501325.html
"Тоҷик Эйр" дигарбора ба парвоз медарояд
"Тоҷик Эйр" дигарбора ба парвоз медарояд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати миллии "Тоҷик Эйр", ки саҳмияҳояш дар дасти давлат мебошад, ба зудӣ парвозҳоро аз сар хоҳад гирифт, иттилоъ дод раёсати Агентии ҳавонавардии мулкӣ
2023-07-28T16:05+0500
2023-07-28T16:05+0500
2023-07-28T16:05+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
мусофир
тоҷик эйр
парвоз
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102104/89/1021048970_0:24:1280:744_1920x0_80_0_0_752dfbcc90d7373e82a295a1ff114231.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тайёраҳои "Airbus"-и ширкати "Тоҷик Эйр" дар давоми 2 - 3 моҳи оянда ба Тоҷикистон мерасанд ва ин ширкат парвозҳояшро аз сар мегирад. Ин нуктаро раиси Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон, Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, феълан роҳбарияти "Тоҷик Эйр" барои амалӣ кардани мақсади гузоштааш барои овардани ҳавопаймоҳои "Airbus" корбарӣ намуда истодааст. Вай тавзеҳ дод, ки дар миён баъзе масъалаҳои техникӣ ҷой доранд, ки вақтро талаб мекунанд. "Боварӣ дорам, ки дар давоми ду-се моҳи оянда тайёраҳои "Тоҷик Эйр" ҳам мерасанд ва насиб ин ширкат парвозҳоро оғоз мекунад", - гуфт Сафарзода. Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ аз анҷоми парвозҳои мунтазам канор мондааст.Қаблан раёсати "Тоҷик Эйр" пешниҳодҳояшро барои эҳёи фаъолияташон ба сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода, ки раиси Шӯрои нозирони ҷамъияти мазкур мебошад, пешниҳод карда буд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар доираи нақшаҳои роҳбарият, "Тоҷик Эйр" бо ширкати ҳавопаймоии "Southwind"-и Туркия барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Airbus" ҳамкорӣ ба роҳ мондаст. Дар пайи бозмондани "Тоҷик Эйр" аз парвоз феълан "Сомон Эйр" ягона ширкати тоҷикистонист, ки дар бозори мусофиркашонии ҳавоии дохилию байналмилалӣ фаъолият дорад.
https://sputnik.tj/20230516/nakhustin-safar-rahmon-havopaymo-nav-prezidenti-1057129982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102104/89/1021048970_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_651af4fd54b6f08782e612ba920d4138.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкат, тоҷик эйр, парвоз, оғоз, агентии ҳавонавардӣ
ширкат, тоҷик эйр, парвоз, оғоз, агентии ҳавонавардӣ
"Тоҷик Эйр" дигарбора ба парвоз медарояд
Ширкати миллии "Тоҷик Эйр", ки саҳмияҳояш дар дасти давлат мебошад, ба зудӣ парвозҳоро аз сар хоҳад гирифт, иттилоъ дод раёсати Агентии ҳавонавардии мулкӣ
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тайёраҳои "Airbus"-и ширкати "Тоҷик Эйр" дар давоми 2 - 3 моҳи оянда ба Тоҷикистон мерасанд ва ин ширкат парвозҳояшро аз сар мегирад.
Ин нуктаро раиси Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон, Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, феълан роҳбарияти "Тоҷик Эйр" барои амалӣ кардани мақсади гузоштааш барои овардани ҳавопаймоҳои "Airbus" корбарӣ намуда истодааст.
Вай тавзеҳ дод, ки дар миён баъзе масъалаҳои техникӣ ҷой доранд, ки вақтро талаб мекунанд.
"Боварӣ дорам, ки дар давоми ду-се моҳи оянда тайёраҳои "Тоҷик Эйр" ҳам мерасанд ва насиб ин ширкат парвозҳоро оғоз мекунад", - гуфт Сафарзода.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ аз анҷоми парвозҳои мунтазам канор мондааст.
Қаблан раёсати "Тоҷик Эйр" пешниҳодҳояшро барои эҳёи фаъолияташон ба сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода, ки раиси Шӯрои нозирони ҷамъияти мазкур мебошад, пешниҳод карда буд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар доираи нақшаҳои роҳбарият, "Тоҷик Эйр" бо ширкати ҳавопаймоии "Southwind"-и Туркия барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Airbus" ҳамкорӣ ба роҳ мондаст.
Дар пайи бозмондани "Тоҷик Эйр" аз парвоз феълан "Сомон Эйр" ягона ширкати тоҷикистонист, ки дар бозори мусофиркашонии ҳавоии дохилию байналмилалӣ фаъолият дорад.