https://sputnik.tj/20220728/tojik-eyr-barham-maqomot-muflis-1050319051.html
“Тоҷик эйр” барҳам мехӯрад? Мақомот аз муфлисшавию раҳбари ширкат аз умеди парвоз мегӯяд
“Тоҷик эйр” барҳам мехӯрад? Мақомот аз муфлисшавию раҳбари ширкат аз умеди парвоз мегӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Ягона ширкати ҳавонавардии миллӣ дар ҳоли варшикастагӣ қарор дораду ягон ҳавопаймо надорад, аммо раҳбари он мегӯяд барои роҳандозии парвозҳо талош доранд
2022-07-28T13:30+0500
2022-07-28T13:30+0500
2022-07-28T14:00+0500
дар тоҷикистон
тоҷик эйр
нақлиёт
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/01/1013560125_0:132:1057:727_1920x0_80_0_0_937e7ee4403461575a39779da07b79c2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Сафарзода Дилшод, роҳбари Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар шарҳи хабарҳо оид ба варшикастагии ягона ширкати ҳавонавардии миллӣ "Тоҷик Эйр" гуфт, ки хулосаи комиссияи давлатиро интизоранд. Ӯ ин нуктаро 28 июл зимни нишасти хабарияш дар Душанбе изҳор дошт.Зимнан, Роҳбари ширкати "Тоҷик Эйр", Дилшод Исматуллозода тасдиқ кард, ки вазъияти ширкати мазкур дар ҳоли хело вазнин қарор дорад. Ӯ гуфт, феълан гурӯҳҳои корӣ тамоми пешниҳодҳое, ки аз ҷониби шарикони тиҷоратӣ ироа шуд, мавриди омӯзиш қарор додаанд. “Умедворем, мо парвозҳоро аз сар мегирем”,- хулоса намуд Дилшод Исматуллозода. Ин иддаои роҳбари ширкат дар ҳолест, ки қаблан Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар садади муфлишавӣ қарор дорад.Ҳамчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки суратҳисобҳои ширкат дар ҳабс буда, ягон маблағ надорад.Ҳамзамон қаблан гуфта мешуд, ки ин ширкат аз андоз ва ҳатто кормандонаш қарздор аст.Қарзи ширкат танҳо дар назди кормандонаш дар миёнаи соли 2021 7,8 миллион сомонӣ эълон шуда буд.
https://sputnik.tj/20220728/shirkat-litvon-qarz-tojik-eyr-hisobi-doroihoi-tojikiston--1050313685.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/01/1013560125_0:0:1057:793_1920x0_80_0_0_6377a52b781b160c8eadc52f109456fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
“тоҷик эйр” барҳам мақомот муфлисшавию
“тоҷик эйр” барҳам мақомот муфлисшавию
“Тоҷик эйр” барҳам мехӯрад? Мақомот аз муфлисшавию раҳбари ширкат аз умеди парвоз мегӯяд
13:30 28.07.2022 (Навсозишуда: 14:00 28.07.2022) Ягона ширкати ҳавонавардии миллӣ дар ҳоли варшикастагӣ қарор дораду бидуни ҳавопаймо мондааст, аммо раҳбари он мегӯяд, барои роҳандозии парвозҳо талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Сафарзода Дилшод, роҳбари Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар шарҳи хабарҳо оид ба варшикастагии ягона ширкати ҳавонавардии миллӣ "Тоҷик Эйр" гуфт, ки хулосаи комиссияи давлатиро интизоранд.
Ӯ ин нуктаро 28 июл зимни нишасти хабарияш дар Душанбе изҳор дошт.
“Ҳама аз муфлисшавӣ мегӯянд, вале ҳоло ягон чиз аниқ нест. Кор рафтаистодааст ва мо хулосаи комиссияро интизорем”, - таъкид намуд Сафарзода.
Зимнан, Роҳбари ширкати "Тоҷик Эйр", Дилшод Исматуллозода тасдиқ кард, ки вазъияти ширкати мазкур дар ҳоли хело вазнин қарор дорад.
Ӯ гуфт, феълан гурӯҳҳои корӣ тамоми пешниҳодҳое, ки аз ҷониби шарикони тиҷоратӣ ироа шуд, мавриди омӯзиш қарор додаанд.
“Умедворем, мо парвозҳоро аз сар мегирем”,- хулоса намуд Дилшод Исматуллозода.
Ин иддаои роҳбари ширкат дар ҳолест, ки қаблан Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар садади муфлишавӣ қарор дорад.
Ҳамчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки суратҳисобҳои ширкат дар ҳабс буда, ягон маблағ надорад.
Ҳамзамон қаблан гуфта мешуд, ки ин ширкат аз андоз ва ҳатто кормандонаш қарздор аст.
Қарзи ширкат танҳо дар назди кормандонаш дар миёнаи соли 2021 7,8 миллион сомонӣ эълон шуда буд.