https://sputnik.tj/20230201/murgh-samandar-tojikeyr-mekhezad-1054623624.html
“Мурғи Самандар”: “Тоҷик эйр” ба по мехезад?
“Мурғи Самандар”: “Тоҷик эйр” ба по мехезад?
Sputnik Тоҷикистон
Барномарезиҳои нишон медиҳанд, ки “Тоҷик Эйр”, ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон, бо вуҷуди мушкилоти фаровон дигарбора ба по мехезад
2023-02-01T17:30+0500
2023-02-01T17:30+0500
2023-02-01T17:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ҳавоӣ
тоҷик эйр
нақша
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102749/13/1027491376_14:0:3653:2047_1920x0_80_0_0_508d7ee7b98a8a6119f26defcb4937bd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Раиси нави "Тоҷик Эйр", Парвиз Шодмонзода вазъияти молиявӣ ва барномаи бозгашти ширкатро ба парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ тавзеҳ дод. Тибқи оморе, ки раиси ширкати “Тоҷик Эйр”, Парвиз Шодмонзода дар ихтиёри расонаҳо гузошт, ин ширкат дар соли гузашта наздики 27 млн сомонӣ даромад ба даст оварда, хароҷоти истеҳсоливу хоҷагидориаш беш аз 40 млн сомониро ташкил додааст. Тибқи иттилои “Тоҷик Эйр”, ширкат дар ҳоли ҳозир наздики 450 млн сомонӣ қарзи кредиторӣ ва беш аз 60 млн сомонӣ қарзи дебиторӣ дорад. Аз ҷон гирифтани фаъолиятҳои “Тоҷик Эйр” ин омор низ гувоҳӣ медиҳад, ки қарзи музди меҳнати кормандонашро барои сентябр то декабри соли 2022 ба пуррагӣ дар ҳаҷмӣ 618 ҳазор сомонӣ пардохт карда, 502 ҳазор сомонӣ низ андоз супурдааст. Ин ҳам ҷолиб аст, ки фаъолиятҳои хайриявии худро низ шуруъ намуда, ба яке аз мактаб – интернати ноҳияи Ховалинг 150 туҳфаи солинавӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ додааст. Ширкат ҳайати кормандони худро низ барқарор мекунад. Тибқи иттилои “Тоҷик Эйр”, ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз рӯи ҷадвали басту вазифаҳои корӣ шумораи кормандон 205 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 70 корманд ба кор ҷалб карда шуда, 135 корманд дар рухсатии бе музди меҳнат қарор доранд.Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта қариб тамоми кормандони он ба рухсатии бемузд қарор доштанд. Шумораи ҳайати ҳавонавардон ҳам 49 нафар ва шумораи ҳайати техникӣ 85 нафарро ташкил медиҳад. Аммо, ба истилоҳ, “Мурғи Самандар аввал бояд бисӯзад, то дигарбора аз хокистар ба по хезад”.Тайи даҳ соли ахир ин ширкати давлатии Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 1924 таъсис ёфта, аз ифтихороти кишвар ба ҳисоб мерафт, як марҳалаи вазнинтаринро аз сар гузаронд. Ширкат беш аз 60 млн доллар аз чандин ширкату корхонаи дохиливу хориҷӣ қарздор шуд ва маҷбур гашт, 85% - и кормандонашро ба рухсатӣ фиристад. Фақат аз пардохти маоши онҳо “Тоҷик Эйр” 12 млн сомонӣ қарздор буд. Илова бар ин ҳама, бо ду ширкати хориҷӣ – “Росавиатсия” (Русия) ва "Skyroad Leasing" (Литва) вориди баҳсҳои судӣ сари қарзҳо шуд ва дар ниҳоят як бор ҳам ҳисобҳои бонкияшро Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон баст.Соли гузашта Суди олии иқтисодӣ низ эълон кард, ки “Тоҷик Эйр” дар остонаи муфлисӣ қарор дорад. Дар ин миён "Тоҷик Эйр" чанд бор талош кард, то фаъолияташро аз сар гирад. Ҳукумати Тоҷикистон низ соли 2019 ҳудуди 19 млн сомонӣ қарзи андозашро бахшид. Аммо аз 1 сентябри соли 2020 тамоми парвозҳояшро мутаваққиф кард. Ҳоло ҳам чандон вазъи хуб надорад. Тибқи иттилои ширкат, дар соли 2022 фақат тавонист парвозҳои махсуси литер “А”- ро бо чархболҳои МИ-8 АМТ ва МИ-172 анҷом дод. Аммо раиси ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, бо як ширкати туркие ба номи “Southwind” вориди музокирот дар мавриди ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои “Эйрбас” шудааст.Афроди огоҳ аз вазъи соҳаи ҳавонавардӣ мегӯянд, зоҳиран, ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расидааст, ки ниҳоят сари тақвияти фаъолиятҳои ин ширкати ҳавонавардии давлатӣ тасмимеро иттихоз намояд. Як корманди собиқи ҳавонавардии Тоҷикистон, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, дар бозори ҳавонавардии кишвар ширкатҳои хориҷӣ нақши ҳалкунанда доранд ва ба ҷуз “Сомон Эйр”, Тоҷикистон ба як ширкати дигар низ ба хотири эҷоди тавозун эҳтиёҷ дорад. “Агар “Тоҷик Эйр” ду ҳавопаймои “Эйрбас”-ро, ки ғунҷоиши 312 нафарро дорад, дастрас кунад, метавонад заминаи кушоишҳои худро фароҳам созад ва дар як-ду соли дигар ҳам қарзҳояшро бипардозад ва ҳам ба роҳи рушд барояд", - гуфт ӯ. Азбаски ин як ширкати давлатӣ аст, барои иҷрои барномаҳои ҳукумат низ мувофиқ хоҳад буд, изҳор дошт коршинос далели ин гуфтаҳоро ширкати давлатии “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” гуфт. “Тоҷик Эйр” аввалин ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз соли 1924, як сол кам 100 соли пеш, таъсис ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230201/standart-baynulmilal-naqsha-tajdid-furudgoh-1054615324.html
https://sputnik.tj/20230201/musofiru-guselu-peshvozgir-tartibot-tozagi-dushanbe-1054613290.html
https://sputnik.tj/20230201/furudgoh-tojikiston-musofir-khizmat-1054611840.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102749/13/1027491376_924:0:3653:2047_1920x0_80_0_0_2755399a232f1888862c2be18738f20b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, вазъ, молиявӣ, нақша, тоҷик эйр
шарҳ, вазъ, молиявӣ, нақша, тоҷик эйр
“Мурғи Самандар”: “Тоҷик эйр” ба по мехезад?
Барномарезиҳои нишон медиҳанд, ки “Тоҷик Эйр”, ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон, бо вуҷуди мушкилоти фаровон дигарбора ба по мехезад
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Раиси нави "Тоҷик Эйр", Парвиз Шодмонзода вазъияти молиявӣ ва барномаи бозгашти ширкатро ба парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ тавзеҳ дод.
Тибқи оморе, ки раиси ширкати “Тоҷик Эйр”, Парвиз Шодмонзода дар ихтиёри расонаҳо гузошт, ин ширкат дар соли гузашта наздики 27 млн сомонӣ даромад ба даст оварда, хароҷоти истеҳсоливу хоҷагидориаш беш аз 40 млн сомониро ташкил додааст.
“Мо сари баргардонидани қарзҳои дебиториву кредитории худ низ кор кардем. Соли гузашта 24,8 миллион сомонӣ қарзи худро пӯшидем”, - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои “Тоҷик Эйр”, ширкат дар ҳоли ҳозир наздики 450 млн сомонӣ қарзи кредиторӣ ва беш аз 60 млн сомонӣ қарзи дебиторӣ дорад.
Аз ҷон гирифтани фаъолиятҳои “Тоҷик Эйр” ин омор низ гувоҳӣ медиҳад, ки қарзи музди меҳнати кормандонашро барои сентябр то декабри соли 2022 ба пуррагӣ дар ҳаҷмӣ 618 ҳазор сомонӣ пардохт карда, 502 ҳазор сомонӣ низ андоз супурдааст.
Ин ҳам ҷолиб аст, ки фаъолиятҳои хайриявии худро низ шуруъ намуда, ба яке аз мактаб – интернати ноҳияи Ховалинг 150 туҳфаи солинавӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ додааст.
Ширкат ҳайати кормандони худро низ барқарор мекунад. Тибқи иттилои “Тоҷик Эйр”, ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз рӯи ҷадвали басту вазифаҳои корӣ шумораи кормандон 205 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 70 корманд ба кор ҷалб карда шуда, 135 корманд дар рухсатии бе музди меҳнат қарор доранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта қариб тамоми кормандони он ба рухсатии бемузд қарор доштанд. Шумораи ҳайати ҳавонавардон ҳам 49 нафар ва шумораи ҳайати техникӣ 85 нафарро ташкил медиҳад. Аммо, ба истилоҳ, “Мурғи Самандар аввал бояд бисӯзад, то дигарбора аз хокистар ба по хезад”.
Тайи даҳ соли ахир ин ширкати давлатии Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 1924 таъсис ёфта, аз ифтихороти кишвар ба ҳисоб мерафт, як марҳалаи вазнинтаринро аз сар гузаронд.
Ширкат беш аз 60 млн доллар аз чандин ширкату корхонаи дохиливу хориҷӣ қарздор шуд ва маҷбур гашт, 85% - и кормандонашро ба рухсатӣ фиристад. Фақат аз пардохти маоши онҳо “Тоҷик Эйр” 12 млн сомонӣ қарздор буд.
Илова бар ин ҳама, бо ду ширкати хориҷӣ – “Росавиатсия” (Русия) ва "Skyroad Leasing" (Литва) вориди баҳсҳои судӣ сари қарзҳо шуд ва дар ниҳоят як бор ҳам ҳисобҳои бонкияшро Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон баст.
Соли гузашта Суди олии иқтисодӣ низ эълон кард, ки “Тоҷик Эйр” дар остонаи муфлисӣ қарор дорад. Дар ин миён "Тоҷик Эйр" чанд бор талош кард, то фаъолияташро аз сар гирад.
Ҳукумати Тоҷикистон низ соли 2019 ҳудуди 19 млн сомонӣ қарзи андозашро бахшид. Аммо аз 1 сентябри соли 2020 тамоми парвозҳояшро мутаваққиф кард. Ҳоло ҳам чандон вазъи хуб надорад.
Тибқи иттилои ширкат, дар соли 2022 фақат тавонист парвозҳои махсуси литер “А”- ро бо чархболҳои МИ-8 АМТ ва МИ-172 анҷом дод.
Аммо раиси ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, бо як ширкати туркие ба номи “Southwind” вориди музокирот дар мавриди ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои “Эйрбас” шудааст.
“Тавофуқҳо ҳосил шудаанд ва пешниҳодҳо ба Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, раиси Шӯрои нозирони “Тоҷик Эйр” фиристода шудааст”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.
Афроди огоҳ аз вазъи соҳаи ҳавонавардӣ мегӯянд, зоҳиран, ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расидааст, ки ниҳоят сари тақвияти фаъолиятҳои ин ширкати ҳавонавардии давлатӣ тасмимеро иттихоз намояд.
Як корманди собиқи ҳавонавардии Тоҷикистон, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, дар бозори ҳавонавардии кишвар ширкатҳои хориҷӣ нақши ҳалкунанда доранд ва ба ҷуз “Сомон Эйр”, Тоҷикистон ба як ширкати дигар низ ба хотири эҷоди тавозун эҳтиёҷ дорад.
“Агар “Тоҷик Эйр” ду ҳавопаймои “Эйрбас”-ро, ки ғунҷоиши 312 нафарро дорад, дастрас кунад, метавонад заминаи кушоишҳои худро фароҳам созад ва дар як-ду соли дигар ҳам қарзҳояшро бипардозад ва ҳам ба роҳи рушд барояд", - гуфт ӯ.
Азбаски ин як ширкати давлатӣ аст, барои иҷрои барномаҳои ҳукумат низ мувофиқ хоҳад буд, изҳор дошт коршинос далели ин гуфтаҳоро ширкати давлатии “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” гуфт.
“Тоҷик Эйр” аввалин ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз соли 1924, як сол кам 100 соли пеш, таъсис ёфтааст.