https://sputnik.tj/20240131/ima-shantazhi-jahonii-gaz-omodagi-1061480000.html
ИМА ба шантажи ҷаҳонии газ омодагӣ мебинад
ИМА ба шантажи ҷаҳонии газ омодагӣ мебинад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Амрико сохтани терминалҳои нави гази моеъро боздоштанд. Аммо ин ҷо ҳеҷ гуна масоили экологӣ нест, ин нияти пурра ба даст овардани бозор ва ҳалли мушкилоти геостратегӣ аст.
2024-01-31T07:02+0500
2024-01-31T07:02+0500
2024-01-31T07:02+0500
има
дар ҷаҳон
иқтисод
гази моеъ
нарх
дар русия
иттиҳоди иқтисодии уросиё
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047152054_0:298:3077:2029_1920x0_80_0_0_454ce7355dc074092ea10a04f18bd9b3.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik, Сергей Савчук. Дар Иёлоти Муттаҳида рӯйдодҳои аҷиб ва ба назар тасодуфӣ идома доранд ва сухан дар бораи Техаси исёнкор ҳатто нест. Рӯзи ҷумъа Ҷо Байден ҳамаи лоиҳаҳои нав оид ба сохтани терминалҳои моеъсозии газро боздошт.Тавре аз шарҳи вазири дахлдор Ҷеннифер Гранҳолм бармеояд, президенти Амрико дархости созмонҳои сершумори экологиро иҷро кард, ки аз афзоиши истеҳсоли гази моеъ дар дохили Иёлоти Муттаҳида ва инчунин зараре, ки хангоми моеъсозӣ, кашондан ба воситаи укьёнус ва регазификатсия ба атмосфера мерезад ва онро нисбат ба газхои оддии гулхонаӣ 50 маротиба тезтар гарм мекунад, сахт нигаронанд. Вазорат ваъда дод, ки оид ба таъсири лоиҳаҳои нав ба амнияти энергетикӣ ва иқтисоди ИМА, вале муҳимтар аз ҳама - ва ин махсусан таъкид мешавад, ба муҳити ҷаҳонӣ таҳлили амиқ анҷом медиҳад.Мо дар пеши назар як мисоли дигаре дорем, ки чӣ гуна комилан ҳама гуна қарорҳоро метавон зери пардаи рӯзномаи “сабзи” зебо тела дод ва амалҳои худро бо мубориза барои ҳама чизи хуб асоснок кунед. Дар мавриди мушаххас, барои фаҳмидани он, ки ин қарор паёмадҳои сирф сиёсӣ дорад ва ниятҳои дурдаст дорад, хеле амиқ фикр кардан ҳам лозим нест. Гранҳолм дар шарҳи тасмими Байден ибораи калидиро ифшо кард, ки ИМА содироти гази моеъ ба ҳама кишварҳое, ки созишномаи тиҷорати озод бо Иёлоти Муттаҳида набастаанд, низ ба муддати номуайян боз медорад. Агар дар ин лаҳза дар саратон шикасти мантиқӣ рух дода бошад ва шумо ҷумлаи қаблиро дубора хонед, хавотир нашавед. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна масоили экологӣ нест, ин ҷо сухан дар бораи ҳифзи ҷангалҳои Амазонка нест, ин нияти пурра ба даст овардани бозор ва ҳалли мушкилоти геостратегӣ аст.Агар мо созишномаи зайлро кушоем, мебинем, ки тибқи қоидаҳои нав, гази моеъ аз Иёлоти Муттаҳида метавонад танҳо ба Канада, Мексика, Гватемала, Никарагуа ва ҷануби Амрикои Ҷанубӣ, аммо танҳо ба кишварҳои соҳили ғарбии ҷануб интиқол дода шавад. Ба ин рӯйхат Австралия, Ҷопон, Марокаш ва Уммон низ шомиланд. Ва агар кишварҳои доимо аз ҷиҳати энергетикӣ танқисӣ кашидаи Амрикои Лотинӣ ва сарзамини Офтобароро сарфи назар кунем, пас дигарон гази худӣ доранд ва барояшон гази иловагӣ танҳо барои фурӯши дубораи тамаъҷӯёна даркор аст.Дар ин ҷо бояд на ба рӯйхати иштирокчиён, балки ба онҳое, ки дар он нестанд,диққат диҳед.Комилан дуруст, ин мамлакатҳои Осиё, пеш аз ҳама, албатта, Хитой ва Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Барои Аврупо, корҳо бахусус "хуб" ба назар мерасанд, ки ихтиёран аз лӯлаи Русия даст кашида, кишварҳои ҳавзаи евро бо тамоми қудрат ба сӯзани гази моеъи амрикоӣ нишастанд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз гази моеъи дар он тарафи уқъёнус тавлид шуда, тақрибан 15 дарсади истеъмоли Иттиҳодияи Аврупоро ташкил медиҳад, ҳарчанд шаш сол пеш ҳиссаи он камтар аз як дарсад буд.Бозори Осиё ҳаматарафа ҷолиб аст, зеро он дорои иқтидори бузург аст ва аз ҷиҳати нарх қариб ҳамеша олӣ аст, яъне фурӯш дар ин ҷо фоидаи баланд дорад.Дар ин ҷо як ёддошти муҳимро бояд қайд кард.Ин ҷо дар бораи бас кардани таъминот аслан сухан намеронем,фаҳмост, ки ҳаҷми иловагии гази терминалҳои нав ба бозорҳои Шарқ ва Дунёи кӯҳна намерасад. Яъне, набояд фурӯпошии бозорро интизор шуд, аммо бо ин роҳи содда амрикоиҳо иқтисоди Чинро, ки дубора суръат гирифта истодааст, суст мекунанд ва ҳамзамон найзаи вобастагиро ба танаи нарми Брюссел боз ҳам амиқтар мехалонанд, ки акнун бештар мутеътар ва гапдаротармешавад.Дар худи Иёлоти Муттаҳида ин қарорро на он қадар якдилона қабул карданд. Тарафдорони ғояи либералии демократӣ, бахусус дар пасманзари лағви манъи пармакунии иктишофӣ ва истихроҷи нав, ки Ҷо Байден тирамоҳ ба он розӣ шуда буд, шодиёна рақсиданд. Аз сӯи дигар, на танҳо мухолифони сиёсӣ, балки намояндагони тиҷорати калон хашмгин шуданд. Онҳо Байденро ҳатто ба халалдор кардани амнияти миллӣ айбдор карданд. Ашхоси хашмгин таъкид мекунанд, ки ин манъкунӣ ҳадди ақалл ба чаҳор корхонаи бузург таъсир мерасонад, ки бо ба кор даромадани онҳо истеҳсоли гази моеъдар як сол ду баробар аз 35 то 70 миллиард метри мукааб бояд афзоиш ёбад.Боз як тавзеҳи муҳим: ҳамагӣ ду сол пеш, Иёлоти Муттаҳида танҳо сеюмин содиркунандаи гази моеъ пас аз Австралия ва Қатар буданд, аммо имрӯз онҳо рақами як мебошанд. Ду баробар афзоиш додани истеҳсолот на танҳо мақоми онҳоро ҳамчун таъминкунандаи асосӣ мустаҳкам мекунад, балки онҳоро ба як монополисти ҷаҳонӣ табдил медиҳад, ки дар навбати худ ба онҳо имкон медиҳад, ки бо фишанги газ ба ҳар касе, ки ба онҳо маъқул нест, фишор оваранд ва ҷайби худро пур кунанд.Молиячиёни амрикоӣ нишон медиҳанд, ки боздоштани лоиҳаҳои нав суръати рушди иқтисоди миллиро суст мекунад, зеро сохтмони терминалҳои моеъсозии газ аз рӯи нақшаи хеле мушаххас сурат мегирад.Хароҷоти иҷрои ҳатто хурдтарин чунин тарҳ миллиардҳо долларро ташкил медиҳад, ки онро танҳо дар шакли қарзи бонкӣ гирифтан мумкин аст. Дар баробари ин, бонкҳо бидуни кафолати боэътимоди баргардонидани маблағҳо аз чунин маблағҳои калон ҷудо шудан намехоҳанд ва аз ин рӯ онҳо фаъолона аз ширкатҳоиэнергетикӣ талаб мекунанд, ки барои интиқоли маҳсулот шартномаҳои дарозмуддат баста шавад. Барои терминалҳои охирине, ки аллакай дар соҳили ИМА сохта шудаанд, ин давра ҳадди аққал даҳ сол ҳисоб карда мешавад. Яъне, ягон кор оғоз накарда, ягон доллар нагирифта, аммо дар даст бояд шартномаҳои фурӯш барои даҳ соли оянда дошта бошанд.Дар дохили Иёлоти Муттаҳида ақидае ба миён омадааст, ки ин ҳама дидаву дониста анҷом дода мешавад, ки дар сурати пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи тирамоҳӣ, ба ӯ курсии асосии кишвар бо тӯдаи мушкилоти ҳадди аксар дода шавад. Дар ҳақиқат, бо як тасодуфи аҷибе Вазорати энергетика маҳз то моҳи октябрь вазъиятро меомӯзад ва таҳлил мекунад. Ва он вақт аллакай интихобот аст.Бо вуҷуди ин, ҳамин ҳикоя тамом нашудааст ва ҷолиб хоҳад буд, ки чӣ гуна воқеаҳо минбаъд инкишоф меёбанд. Бозорҳо чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд, оё тиҷорати калон метавонад Кохи Сафедро маҷбур созад, ё ба интиқом аз рақиби сиёсӣ бартарӣ диҳад? Ҳоло танҳо як чизро бо итминон гуфтан мумкин аст: лоиҳаҳои гази моеъи Шарқи Дур ва қутбии Русия, бо шарофати ин рақсҳои амрикоӣ боз ҳам серталабтар мегарданд ва нархи маҳсулоташ ҳам гаронтар хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20240128/buhron-marzi-tramp-falokat-ima-hushdor-1061436173.html
https://sputnik.tj/20240126/intikhob-shudani-tramp-rusiya-khabar-1061403584.html
https://sputnik.tj/20240121/tramp-ima-partovgoh-nomid-1061342782.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047152054_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_4954e32618b64d0f5d913bb426264a8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, русия, гази моеъ, иқтисод, иттиҳоди аврупо, сутуннигор.
има, русия, гази моеъ, иқтисод, иттиҳоди аврупо, сутуннигор.
ИМА ба шантажи ҷаҳонии газ омодагӣ мебинад
Дар Амрико сохтани терминалҳои нави гази моеъро боздоштанд. Аммо ин ҷо ҳеҷ гуна масоили экологӣ нест, ин ҷо сухан дар бораи ҳифзи ҷангалҳои Амазонка нест, ин нияти пурра ба даст овардани бозор ва ҳалли мушкилоти геостратегӣ аст.
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik, Сергей Савчук. Дар Иёлоти Муттаҳида рӯйдодҳои аҷиб ва ба назар тасодуфӣ идома доранд ва сухан дар бораи Техаси исёнкор ҳатто нест. Рӯзи ҷумъа Ҷо Байден ҳамаи лоиҳаҳои нав оид ба сохтани терминалҳои моеъсозии газро боздошт.
Тавре аз шарҳи вазири дахлдор Ҷеннифер Гранҳолм бармеояд, президенти Амрико дархости созмонҳои сершумори экологиро иҷро кард, ки аз афзоиши истеҳсоли гази моеъ дар дохили Иёлоти Муттаҳида ва инчунин зараре, ки хангоми моеъсозӣ, кашондан ба воситаи укьёнус ва регазификатсия ба атмосфера мерезад ва онро нисбат ба газхои оддии гулхонаӣ 50 маротиба тезтар гарм мекунад, сахт нигаронанд. Вазорат ваъда дод, ки оид ба таъсири лоиҳаҳои нав ба амнияти энергетикӣ ва иқтисоди ИМА, вале муҳимтар аз ҳама - ва ин махсусан таъкид мешавад, ба муҳити ҷаҳонӣ таҳлили амиқ анҷом медиҳад.
Мо дар пеши назар як мисоли дигаре дорем, ки чӣ гуна комилан ҳама гуна қарорҳоро метавон зери пардаи рӯзномаи “сабзи” зебо тела дод ва амалҳои худро бо мубориза барои ҳама чизи хуб асоснок кунед. Дар мавриди мушаххас, барои фаҳмидани он, ки ин қарор паёмадҳои сирф сиёсӣ дорад ва ниятҳои дурдаст дорад, хеле амиқ фикр кардан ҳам лозим нест. Гранҳолм дар шарҳи тасмими Байден ибораи калидиро ифшо кард, ки ИМА содироти гази моеъ ба ҳама кишварҳое, ки созишномаи тиҷорати озод бо Иёлоти Муттаҳида набастаанд, низ ба муддати номуайян боз медорад.
Агар дар ин лаҳза дар саратон шикасти мантиқӣ рух дода бошад ва шумо ҷумлаи қаблиро дубора хонед, хавотир нашавед. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна масоили экологӣ нест, ин ҷо сухан дар бораи ҳифзи ҷангалҳои Амазонка нест, ин нияти пурра ба даст овардани бозор ва ҳалли мушкилоти геостратегӣ аст.
Агар мо созишномаи зайлро кушоем, мебинем, ки тибқи қоидаҳои нав, гази моеъ аз Иёлоти Муттаҳида метавонад танҳо ба Канада, Мексика, Гватемала, Никарагуа ва ҷануби Амрикои Ҷанубӣ, аммо танҳо ба кишварҳои соҳили ғарбии ҷануб интиқол дода шавад. Ба ин рӯйхат Австралия, Ҷопон, Марокаш ва Уммон низ шомиланд. Ва агар кишварҳои доимо аз ҷиҳати энергетикӣ танқисӣ кашидаи Амрикои Лотинӣ ва сарзамини Офтобароро сарфи назар кунем, пас дигарон гази худӣ доранд ва барояшон гази иловагӣ танҳо барои фурӯши дубораи тамаъҷӯёна даркор аст.
Дар ин ҷо бояд на ба рӯйхати иштирокчиён, балки ба онҳое, ки дар он нестанд,диққат диҳед.
Комилан дуруст, ин мамлакатҳои Осиё, пеш аз ҳама, албатта, Хитой ва Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Барои Аврупо, корҳо бахусус "хуб" ба назар мерасанд, ки ихтиёран аз лӯлаи Русия даст кашида, кишварҳои ҳавзаи евро бо тамоми қудрат ба сӯзани гази моеъи амрикоӣ нишастанд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз гази моеъи дар он тарафи уқъёнус тавлид шуда, тақрибан 15 дарсади истеъмоли Иттиҳодияи Аврупоро ташкил медиҳад, ҳарчанд шаш сол пеш ҳиссаи он камтар аз як дарсад буд.
Бозори Осиё ҳаматарафа ҷолиб аст, зеро он дорои иқтидори бузург аст ва аз ҷиҳати нарх қариб ҳамеша олӣ аст, яъне фурӯш дар ин ҷо фоидаи баланд дорад.
Дар ин ҷо як ёддошти муҳимро бояд қайд кард.
Ин ҷо дар бораи бас кардани таъминот аслан сухан намеронем,фаҳмост, ки ҳаҷми иловагии гази терминалҳои нав ба бозорҳои Шарқ ва Дунёи кӯҳна намерасад. Яъне, набояд фурӯпошии бозорро интизор шуд, аммо бо ин роҳи содда амрикоиҳо иқтисоди Чинро, ки дубора суръат гирифта истодааст, суст мекунанд ва ҳамзамон найзаи вобастагиро ба танаи нарми Брюссел боз ҳам амиқтар мехалонанд, ки акнун бештар мутеътар ва гапдаротармешавад.
Дар худи Иёлоти Муттаҳида ин қарорро на он қадар якдилона қабул карданд. Тарафдорони ғояи либералии демократӣ, бахусус дар пасманзари лағви манъи пармакунии иктишофӣ ва истихроҷи нав, ки Ҷо Байден тирамоҳ ба он розӣ шуда буд, шодиёна рақсиданд. Аз сӯи дигар, на танҳо мухолифони сиёсӣ, балки намояндагони тиҷорати калон хашмгин шуданд. Онҳо Байденро ҳатто ба халалдор кардани амнияти миллӣ айбдор карданд. Ашхоси хашмгин таъкид мекунанд, ки ин манъкунӣ ҳадди ақалл ба чаҳор корхонаи бузург таъсир мерасонад, ки бо ба кор даромадани онҳо истеҳсоли гази моеъдар як сол ду баробар аз 35 то 70 миллиард метри мукааб бояд афзоиш ёбад.
Боз як тавзеҳи муҳим: ҳамагӣ ду сол пеш, Иёлоти Муттаҳида танҳо сеюмин содиркунандаи гази моеъ пас аз Австралия ва Қатар буданд, аммо имрӯз онҳо рақами як мебошанд. Ду баробар афзоиш додани истеҳсолот на танҳо мақоми онҳоро ҳамчун таъминкунандаи асосӣ мустаҳкам мекунад, балки онҳоро ба як монополисти ҷаҳонӣ табдил медиҳад, ки дар навбати худ ба онҳо имкон медиҳад, ки бо фишанги газ ба ҳар касе, ки ба онҳо маъқул нест, фишор оваранд ва ҷайби худро пур кунанд.
Молиячиёни амрикоӣ нишон медиҳанд, ки боздоштани лоиҳаҳои нав суръати рушди иқтисоди миллиро суст мекунад, зеро сохтмони терминалҳои моеъсозии газ аз рӯи нақшаи хеле мушаххас сурат мегирад.
Хароҷоти иҷрои ҳатто хурдтарин чунин тарҳ миллиардҳо долларро ташкил медиҳад, ки онро танҳо дар шакли қарзи бонкӣ гирифтан мумкин аст. Дар баробари ин, бонкҳо бидуни кафолати боэътимоди баргардонидани маблағҳо аз чунин маблағҳои калон ҷудо шудан намехоҳанд ва аз ин рӯ онҳо фаъолона аз ширкатҳоиэнергетикӣ талаб мекунанд, ки барои интиқоли маҳсулот шартномаҳои дарозмуддат баста шавад. Барои терминалҳои охирине, ки аллакай дар соҳили ИМА сохта шудаанд, ин давра ҳадди аққал даҳ сол ҳисоб карда мешавад. Яъне, ягон кор оғоз накарда, ягон доллар нагирифта, аммо дар даст бояд шартномаҳои фурӯш барои даҳ соли оянда дошта бошанд.
Дар дохили Иёлоти Муттаҳида ақидае ба миён омадааст, ки ин ҳама дидаву дониста анҷом дода мешавад, ки дар сурати пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи тирамоҳӣ, ба ӯ курсии асосии кишвар бо тӯдаи мушкилоти ҳадди аксар дода шавад. Дар ҳақиқат, бо як тасодуфи аҷибе Вазорати энергетика маҳз то моҳи октябрь вазъиятро меомӯзад ва таҳлил мекунад. Ва он вақт аллакай интихобот аст.
Бо вуҷуди ин, ҳамин ҳикоя тамом нашудааст ва ҷолиб хоҳад буд, ки чӣ гуна воқеаҳо минбаъд инкишоф меёбанд. Бозорҳо чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд, оё тиҷорати калон метавонад Кохи Сафедро маҷбур созад, ё ба интиқом аз рақиби сиёсӣ бартарӣ диҳад? Ҳоло танҳо як чизро бо итминон гуфтан мумкин аст: лоиҳаҳои гази моеъи Шарқи Дур ва қутбии Русия, бо шарофати ин рақсҳои амрикоӣ боз ҳам серталабтар мегарданд ва нархи маҳсулоташ ҳам гаронтар хоҳад шуд.