https://sputnik.tj/20240121/tramp-ima-partovgoh-nomid-1061342782.html
Трамп ИМА-ро партовгоҳ номиду ваъдаи ҳалли низои Русияу Украинаро дод
Трамп ИМА-ро партовгоҳ номиду ваъдаи ҳалли низои Русияу Украинаро дод
Sputnik Тоҷикистон
Ӯ дигарбора ба ҳаводоронаш ваъда дод, ки дар сурати пирӯз шуданаш низоъ миёни Русия ва Укринаро дар кутоҳтарин фурсат ҳал хоҳад кард
2024-01-21T14:17+0500
2024-01-21T14:17+0500
2024-01-21T14:17+0500
доналд трамп
има
партовгоҳ
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0c/1052783825_0:0:3073:1730_1920x0_80_0_0_dba8bdedfa8bf8b4d8429ee370c1c079.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. ИМА ба сабаби бесалоҳиятии президент Ҷо Байден ба як партовгоҳ барои тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст. Дар ин бора Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Ню-Ҳемпшир изҳор дошт.Ба таъкиди вай, демократия дар Иёлоти Муттаҳида "ба сабаби нотавон будани Байден" дар хатар аст. Рӯзи сешанбе дар иёлот як ҷаласаи ибтидоии кокус баргузор мешавад, ки дар он ҷумҳурихоҳон тасмим хоҳанд гирифт, ки кӣ бояд дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шавад.Трамп дар конфронси ҳизбии рӯзи душанбе аз пуштибонии рекордӣ дар иёлати Айова таъкид кард ва аз тарафдоронаш дар Ню Ҳемпшир даъват кард, ки бо он мувофиқат кунанд, то дар интихоботи дарпешистодаи моҳи ноябр паёме бифиристанд, ки маъмурияти ӯ бармегардад. "Биёед ва овоз диҳед, ба мо бар зидди ин мардум пирӯзии бузург лозим аст. Шумо бояд аз бистари худ бархезед. Мо бояд паёми возеҳи ваҳдат бифиристем", - гуфт Трамп.Ӯ ҳамзамон ваъда дод, ки пеш аз савгандёдкунӣ, низои Украинаро ҳал хоҳад кард. "Мо ин ҷанги мудҳиш байни Русия ва Украинаро пеш аз ба сари қудрат омаданам ҳал хоҳем кард",- гуфт ӯ.Трамп бори дигар қайд кард, ки вай президенти Русия Владимир Путинро "нағз медонад" ва Владимир Зеленскийро низ мешиносад. "Мо инро ҳал хоҳем кард",- ваъда дод ӯ. Қаблан Трамп борҳо изҳор дошта буд, ки дар сурати дубора интихоб шудан, ният дорад, дар давоми ҳамагӣ 24 соат ба ҳалли низоъ миёни Русияву Украина ноил шавад.
https://sputnik.tj/20240114/tramp-nazdikshav-jangi-seumi-jahon-hushdor-1061274793.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0c/1052783825_342:0:3073:2048_1920x0_80_0_0_a294f406150c96e9797df49a1e8d6302.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп имапартовгоҳ номид
Трамп ИМА-ро партовгоҳ номиду ваъдаи ҳалли низои Русияу Украинаро дод
Ӯ дигарбора ба ҳаводоронаш ваъда дод, ки дар сурати пирӯз шуданаш низоъ миёни Русия ва Укринаро дар кутоҳтарин фурсат ҳал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. ИМА ба сабаби бесалоҳиятии президент Ҷо Байден ба як партовгоҳ барои тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст.
Дар ин бора Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Ню-Ҳемпшир изҳор дошт.
"Таҳти раҳбарии Байден, Иёлоти Муттаҳида ба як партовгоҳ барои тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст",- гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, демократия дар Иёлоти Муттаҳида "ба сабаби нотавон будани Байден" дар хатар аст.
Рӯзи сешанбе дар иёлот як ҷаласаи ибтидоии кокус баргузор мешавад, ки дар он ҷумҳурихоҳон тасмим хоҳанд гирифт, ки кӣ бояд дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шавад.
Трамп дар конфронси ҳизбии рӯзи душанбе аз пуштибонии рекордӣ дар иёлати Айова таъкид кард ва аз тарафдоронаш дар Ню Ҳемпшир даъват кард, ки бо он мувофиқат кунанд, то дар интихоботи дарпешистодаи моҳи ноябр паёме бифиристанд, ки маъмурияти ӯ бармегардад.
"Биёед ва овоз диҳед, ба мо бар зидди ин мардум пирӯзии бузург лозим аст. Шумо бояд аз бистари худ бархезед. Мо бояд паёми возеҳи ваҳдат бифиристем", - гуфт Трамп.
Ӯ ҳамзамон ваъда дод, ки пеш аз савгандёдкунӣ, низои Украинаро ҳал хоҳад кард.
"Мо ин ҷанги мудҳиш байни Русия ва Украинаро пеш аз ба сари қудрат омаданам ҳал хоҳем кард",- гуфт ӯ.
Трамп бори дигар қайд кард, ки вай президенти Русия Владимир Путинро "нағз медонад" ва Владимир Зеленскийро низ мешиносад.
"Мо инро ҳал хоҳем кард",- ваъда дод ӯ.
Қаблан Трамп борҳо изҳор дошта буд, ки дар сурати дубора интихоб шудан, ният дорад, дар давоми ҳамагӣ 24 соат ба ҳалли низоъ миёни Русияву Украина ноил шавад.