https://sputnik.tj/20240128/buhron-marzi-tramp-falokat-ima-hushdor-1061436173.html
Буҳрони марзӣ: Трамп аз фалокат дар ИМА ҳушдор дод
Буҳрони марзӣ: Трамп аз фалокат дар ИМА ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико марзҳои боз дар кишварро ба ҷароҳати кушода дар бадан ташбеҳ дод, ки оқибати фоҷиаовар дорад
2024-01-28T12:10+0500
2024-01-28T12:10+0500
2024-01-28T12:10+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
марз
мексика
муҳоҷир
ғайриқонунӣ
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8520b7a25170256a6074e6476569acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сабаби вазъ дар марз рӯй ба нобудӣ овардааст ва мемирад, гуфт президенти собиқ Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Невада. "Кишвари мо мемирад. Сарҳади мо боз аст. Ин захми кушода аст. Чунин ҳеҷ гоҳ қаблан рух надода буд", - таъкид кард Трамп.Дар баробари ин вазъ метавонад танҳо бадтар шавад, ҳушдор дод сиёсатмадор."Мо мунтазири он ҳастем, ки фалокат рӯй диҳад", - таъкид намуд собиқ раисҷумҳур дар хитоб ба тарафдоронаш. Ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки Гвардияи Миллии Техас барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар наздикии марз бо Мексика симхор насб кардааст. Маъмурияти Ҷо Байден ба Додгоҳи Олӣ шикоят кард, ки он амр дод, ки симхор барканда шавад. Бо вуҷуди ин, нерӯҳои амниятии иёлот дастрасӣ барои нерӯҳои федеролиро манъ карданд.Губернатор Эббот, дар навбати худ, дар бораи "ҳуҷум"-и муҳоҷирон ва чораҳои муҳофизати худ эълон кард. Ба гуфтаи вай, Техас сиёсати худро пеш мебарад, зеро мақомоти кишвар аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳад намебароянд. Иттифоқи касабаи посбонщои сарҳадӣ дар ин муноқиша аз Техас ҷонибдорӣ кард. Иёлат аллакай қонуне дорад, ки ба он имкон медиҳад, ки афроди гумонбар дар убури ғайриқонунии марзро боздошт, ба ҷавобгарӣ кашад ва зиндонӣ кунад ва инчунин бо ҳукми додгоҳ онҳоро аз кишвар ихроҷ кунад. Амалҳои Эбботро ҳокимони ҷумҳурихоҳи 25 иёлати Амрико пуштибонӣ карда, изҳороте нашр карданд, ки дар он Байденро ба надоштани майл барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам карданд.Сарони иёлатщои Оклахома ва Флорида эълон карданд, ки тайёранд гвардияи миллиро ба Техас фиристанд. Илова бар ин, Трамп аз тасмимҳои Эббот пуштибонӣ кард.
https://sputnik.tj/20240126/intikhob-shudani-tramp-rusiya-khabar-1061403584.html
мексика
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_e0749088065a3065d0a12eb91f5bcaba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, трамп, фалокат, има, муҳоҷират, ғайриқонунӣ
ҳушдор, трамп, фалокат, има, муҳоҷират, ғайриқонунӣ
Буҳрони марзӣ: Трамп аз фалокат дар ИМА ҳушдор дод
Собиқ раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико марзҳои боз дар кишварро ба ҷароҳати кушода дар бадан ташбеҳ дод, ки оқибати фоҷиаовар дорад
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сабаби вазъ дар марз рӯй ба нобудӣ овардааст ва мемирад, гуфт президенти собиқ Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Невада.
"Кишвари мо мемирад. Сарҳади мо боз аст. Ин захми кушода аст. Чунин ҳеҷ гоҳ қаблан рух надода буд", - таъкид кард Трамп.
Дар баробари ин вазъ метавонад танҳо бадтар шавад, ҳушдор дод сиёсатмадор.
"Мо мунтазири он ҳастем, ки фалокат рӯй диҳад", - таъкид намуд собиқ раисҷумҳур дар хитоб ба тарафдоронаш.
Ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки Гвардияи Миллии Техас барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар наздикии марз бо Мексика симхор насб кардааст.
Маъмурияти Ҷо Байден ба Додгоҳи Олӣ шикоят кард, ки он амр дод, ки симхор барканда шавад. Бо вуҷуди ин, нерӯҳои амниятии иёлот дастрасӣ барои нерӯҳои федеролиро манъ карданд.
Губернатор Эббот, дар навбати худ, дар бораи "ҳуҷум"-и муҳоҷирон ва чораҳои муҳофизати худ эълон кард.
Ба гуфтаи вай, Техас сиёсати худро пеш мебарад, зеро мақомоти кишвар аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳад намебароянд. Иттифоқи касабаи посбонщои сарҳадӣ дар ин муноқиша аз Техас ҷонибдорӣ кард.
Иёлат аллакай қонуне дорад, ки ба он имкон медиҳад, ки афроди гумонбар дар убури ғайриқонунии марзро боздошт, ба ҷавобгарӣ кашад ва зиндонӣ кунад ва инчунин бо ҳукми додгоҳ онҳоро аз кишвар ихроҷ кунад.
Амалҳои Эбботро ҳокимони ҷумҳурихоҳи 25 иёлати Амрико пуштибонӣ карда, изҳороте нашр карданд, ки дар он Байденро ба надоштани майл барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам карданд.
Сарони иёлатщои Оклахома ва Флорида эълон карданд, ки тайёранд гвардияи миллиро ба Техас фиристанд. Илова бар ин, Трамп аз тасмимҳои Эббот пуштибонӣ кард.