Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мулоқоти ду генерал дар шаҳри Бӯстон: Ятимов бо Тошиев боз дидор кард

© iStock.com \ Pro2soundСторожевая вышка
Сторожевая вышка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2024
Обуна шудан
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ду генерал масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Онҳо ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои дахлдор доданд.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2023
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон сари тақсими 24 километр марз мувофиқа карданд
Қайд карда шудааст, ки мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон музокироти ҳафтаинаро дар масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар ҳудуди Бодканд анҷом дода буданд.
Дар ин музокирот Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 38 км марзро мувофиқа карданд.
Ҷонибҳо қайд карда буданд, ки корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мешавад, идома хоҳанд дод.
Дар оғози ин музокирот, ки раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои тоҷикаш, Қамчибек Тошиев иштирок доштанд, ба вусъати ҳамкорӣ таъкид гардид.
Ятимов гуфт, бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш шуд. Дар масоили марзӣ дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз тавофуқ ҳосил гардид, изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Бодканд. Тавофуқ ҳосил шуд, протокол таҳия гардид, афзуд ӯ.
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Анҷоми музокироти якҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Натиҷаҳо эълон шуданд
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0