https://sputnik.tj/20231205/tojikiston-qirghiziston-taqsim-marz-muvofiqa-1060729479.html
Тоҷикистон ва Қирғизистон сари тақсими 24 километр марз мувофиқа карданд
Тоҷикистон ва Қирғизистон сари тақсими 24 километр марз мувофиқа карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ыонибщо таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Кирғизистон баргузор мегардад, идома хощанд дод
2023-12-05T11:39+0500
2023-12-05T11:39+0500
2023-12-05T17:20+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дар бораи тақсими каме бештар аз 24 километри дигари марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҷаласаи навбатии дуҷонибаи гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз 29 ноябр то 5 декабр баргузор гардид.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.Қаблан дар ин минтақа дидору мулоқоти раисони Кумитаи амнияти миллии ҷонибҳо доир шуд ва ба гуфти Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории аз рӯи ду масъалаи асосӣ ба ҳалли он ноил гардиданд."Пеш аз ҳама, ин ба роҳи Ворух - Хоҷаи Ало дахл дорад. Мо ин масъаларо амалан ҳалшуда мешуморем. Масъалаи дуюм дар бораи иншоотҳое мебошад, ки Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад. Дар ин бора қарори муҳим расидем",- гуфт Ятимов.Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ба иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад, аммо заминҳо дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонанд.Дар баробари ин Тоҷикистон ба иншооте, ки дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад ва заминҳо дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд.Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон дар бораи бахши Торт-кочо сухан гуфт. Ӯ гуфтааст, ки чораҳои ба ин монанд ва баробар дида шуданд. Яъне, ин бахш "ҳамон гуна истифода мешавад, ки мо онро дар самти Ворӯх – Хоҷаи Аъло истифода мебарем".Раҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ ин дидорро пурмаҳсул хонда гуфтааст, ки ҳалли масъала наздик аст.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
https://sputnik.tj/20231108/tavofuq-tojikiston-qirghiziston-qismat-marz-1060370253.html
https://sputnik.tj/20231018/tojikiston-qirghiziston-kilometr-marz-muayyan-1060027753.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе бишкек тақсим марз тавофуқ
душанбе бишкек тақсим марз тавофуқ
Тоҷикистон ва Қирғизистон сари тақсими 24 километр марз мувофиқа карданд
11:39 05.12.2023 (Навсозишуда: 17:20 05.12.2023) Ҷонибҳо таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дар бораи тақсими каме бештар аз 24 километри дигари марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҷаласаи навбатии дуҷонибаи гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз 29 ноябр то 5 декабр баргузор гардид.
"Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид", - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
Қаблан дар ин минтақа дидору мулоқоти раисони Кумитаи амнияти миллии ҷонибҳо доир шуд ва ба гуфти Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории аз рӯи ду масъалаи асосӣ ба ҳалли он ноил гардиданд.
"Пеш аз ҳама, ин ба роҳи Ворух - Хоҷаи Ало дахл дорад. Мо ин масъаларо амалан ҳалшуда мешуморем. Масъалаи дуюм дар бораи иншоотҳое мебошад, ки Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад. Дар ин бора қарори муҳим расидем",- гуфт Ятимов.
Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ба иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад, аммо заминҳо дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Дар баробари ин Тоҷикистон ба иншооте, ки дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад ва заминҳо дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд.
Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон дар бораи бахши Торт-кочо сухан гуфт. Ӯ гуфтааст, ки чораҳои ба ин монанд ва баробар дида шуданд. Яъне, ин бахш "ҳамон гуна истифода мешавад, ки мо онро дар самти Ворӯх – Хоҷаи Аъло истифода мебарем".
Раҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ ин дидорро пурмаҳсул хонда гуфтааст, ки ҳалли масъала наздик аст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.