https://sputnik.tj/20240116/muzokirot-yakhaftaina-marz-tojikiston-qirghiziston-1061286931.html
Анҷоми музокироти якҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Натиҷаҳо эълон шуданд
Анҷоми музокироти якҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Натиҷаҳо эълон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон музокироти ҳафтаинаро дар масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар ҳудуди Бодканд анҷом доданд
2024-01-16T10:40+0500
2024-01-16T10:40+0500
2024-01-16T12:01+0500
дар тоҷикистон
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
мулоқот
музокирот
бодканд
марз
гуфтушунид
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 38 км марзро мувофиқа кардаанд, иттилоъ дод ҷониби Душанбе. Ба иттилои манбаъ, созиши мазкур дар мулоқоти навбатии гуруҳи кории ду кишвар дар Бодканд ҳосил шудаст. Дар ин музокирот, ки то 15 январ идома дошт, гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ иштирок доштаанд. Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.Дар оғози ин музокирот, ки раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои тоҷикаш, Қамчибек Тошиев иштирок доштанд, ба вусъати ҳамкорӣ таъкид гардид. Ятимов гуфт, бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш шуд. Дар масоили марзӣ дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз тавофуқ ҳосил гардид, изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Бодканд. Тавофуқ ҳосил шуд, протокол таҳия гардид, афзуд ӯ. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
https://sputnik.tj/20240112/muloqoti-yatimov-toshiev-bodkand-general-barrasi-1061263485.html
бодканд
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, душанбе, бишкек, марз, тоҷикистон, қирғизистон
созиш, душанбе, бишкек, марз, тоҷикистон, қирғизистон
Анҷоми музокироти якҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Натиҷаҳо эълон шуданд
10:40 16.01.2024 (Навсозишуда: 12:01 16.01.2024) Гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон музокироти ҳафтаинаро дар масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар ҳудуди Бодканд анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 38 км марзро мувофиқа кардаанд, иттилоъ дод ҷониби Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, созиши мазкур дар мулоқоти навбатии гуруҳи кории ду кишвар дар Бодканд ҳосил шудаст.
Дар ин музокирот, ки то 15 январ идома дошт, гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ иштирок доштаанд.
Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Дар оғози ин музокирот, ки раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои тоҷикаш, Қамчибек Тошиев иштирок доштанд, ба вусъати ҳамкорӣ таъкид гардид.
Ятимов гуфт, бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш шуд. Дар масоили марзӣ дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз тавофуқ ҳосил гардид, изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Бодканд. Тавофуқ ҳосил шуд, протокол таҳия гардид, афзуд ӯ.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.