https://sputnik.tj/20240109/tahrim-rusiya-ustuvoru-avrupo-zaif-1061197683.html
Вакили Бундестаг: Аз таҳримҳо Русия устувору Аврупо заифтар шудааст
Вакили Бундестаг: Аз таҳримҳо Русия устувору Аврупо заифтар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони баландпояи олмонӣ эътироф карданд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз таҳримҳо ба муқобили Русия зиён дида, то ҳол чандон самара наовардаанд
2024-01-09T10:59+0500
2024-01-09T10:59+0500
2024-01-09T10:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
иқтисод
амалиёт
таҳрим
зиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048206139_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_b8e50a4a5db33857b958417bb6a946e9.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо аз таҳримҳо алайҳи Русия то ҳол амалн 500 млн евроро аз даст дод.Дар ин бора вакили Бундестаг Маттиас Мусдорф дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" изҳори назар кард. Вай бовар дорад, ки эҷоди маҳдудиятҳои иқтисодӣ Русияро мустаҳкаму осебнопазир месозанд. "Таҳримҳо танҳо ба Ғарб таъсир мерасонанд. Дар худи Русия онҳо тафаккури "қалъаи муҳосирашуда"-ро тақвият медиҳанд. Хароҷоти воқеии таҳримҳо барои Иттиҳодияи Аврупо эҳтимолан аз 500 миллион евро гузаштааст", - таъкид кардаст вакил. Қаблан вазири молияи Олмон Кристиан Линднер гуфта буд, ки Берлин 50%-и кумакҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба Киев пардохт мекунад. Илова бар ин, ӯ эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия боиси болоравии нархи нафту газ шудааст. Пас аз оғози амалиёти вижа кишварҳои ғарбӣ фишори иқтисодиро болои Маскав афзоиш доданд. Президенти Русия, Владимир Путин қайд кард, маҳдудиятҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд. Бо вуҷуди ин, Русия бо оқибатҳои онҳо мубориза мебарад ва худи Ғарб ҳам на як бор изҳор доштааст, ки ин маҳдудиятҳо бесамар аст.
https://sputnik.tj/20231223/buhroni-bahri-surkh-gharb-sari-kham-rusiya-1061030134.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048206139_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_1bd7565d772f11296af730766649d3e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талафот, аврупо, русия, маълум, самара
талафот, аврупо, русия, маълум, самара
Вакили Бундестаг: Аз таҳримҳо Русия устувору Аврупо заифтар шудааст
Мақомдорони баландпояи олмонӣ эътироф карданд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз таҳримҳо ба муқобили Русия зиён дида, то ҳол чандон самара наовардаанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо аз таҳримҳо алайҳи Русия то ҳол амалн 500 млн евроро аз даст дод.
Дар ин бора вакили Бундестаг Маттиас Мусдорф дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" изҳори назар кард.
Вай бовар дорад, ки эҷоди маҳдудиятҳои иқтисодӣ Русияро мустаҳкаму осебнопазир месозанд.
"Таҳримҳо танҳо ба Ғарб таъсир мерасонанд. Дар худи Русия онҳо тафаккури "қалъаи муҳосирашуда"-ро тақвият медиҳанд. Хароҷоти воқеии таҳримҳо барои Иттиҳодияи Аврупо эҳтимолан аз 500 миллион евро гузаштааст", - таъкид кардаст вакил.
Қаблан вазири молияи Олмон Кристиан Линднер гуфта буд, ки Берлин 50%-и кумакҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба Киев пардохт мекунад.
Илова бар ин, ӯ эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия боиси болоравии нархи нафту газ шудааст.
Пас аз оғози амалиёти вижа кишварҳои ғарбӣ фишори иқтисодиро болои Маскав афзоиш доданд.
Президенти Русия, Владимир Путин қайд кард, маҳдудиятҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд. Бо вуҷуди ин, Русия бо оқибатҳои онҳо мубориза мебарад ва худи Ғарб ҳам на як бор изҳор доштааст, ки ин маҳдудиятҳо бесамар аст.