https://sputnik.tj/20231209/abbos-masuliyat-hodisaho-ghazza-dushi-ima-1060800543.html
Аббос гуфт, масъулияти ҳодисаҳои Ғазза бар души ИМА аст
Аббос гуфт, масъулияти ҳодисаҳои Ғазза бар души ИМА аст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Фаластин ҳамчунин гуфт, ки фаластиниҳо "барои бозпас гирифтани Ғазза ба пуштибонӣ ниёз доранд" ва навори Ғазза имрӯз дар ҳолест, ки қаблан набуд
2023-12-09T12:45+0500
2023-12-09T12:45+0500
2023-12-09T12:45+0500
фаластин
има
исроил
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/18/1060592499_0:0:3588:2018_1920x0_80_0_0_64ca426ec5d5ba62cc670cc307235f3e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида, ки аз Исроил пуштибонӣ мекунад, масъули ҳодисаҳои навори Ғазза аст ва танҳо Вашингтон метавонад ба Тел-Авив амр кунад, ки ҳамлаҳоро қатъ кунад. Дар ин бора раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар мусоҳиба бо Reuters изҳор дошт.Раҳбари Фаластин ҳамчунин гуфт, ки фаластиниҳо "барои бозпас гирифтани Ғазза ба пуштибонӣ ниёз доранд" ва навори Ғазза имрӯз дар ҳолест, ки қаблан набуд.Дар ҳамин ҳол ИМА аз даъватҳо барои оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза пуштибонӣ намекунад. Ин кишвар ҷонибдори идомаи даргирӣ ва зиддият ба оташбас аст, ки дар ин маврид расман намояндаи Вашингтон дар СММ Роберт Вуд изҳорот дод.Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 17 ҳазор нафар кушта ва 46 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.Дар Исроил, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, беш аз 1,3 ҳазор нафар кушта шудаанд.Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.Раҳмон ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ дар Ғаззаро маҳкум кард Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20231202/sbj-ariza-advokat-alayh-isroil-barrasi-1060699450.html
https://sputnik.tj/20231202/smm-ghazza-khatarnok-makon-kudakon-1060695228.html
фаластин
има
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/18/1060592499_565:0:3296:2048_1920x0_80_0_0_0f6fd1c1927e54b97809614ac98d4734.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аббос масъулият ҳодисаҳо ғазза душ има
аббос масъулият ҳодисаҳо ғазза душ има
Аббос гуфт, масъулияти ҳодисаҳои Ғазза бар души ИМА аст
Раҳбари Фаластин ҳамчунин гуфт, ки фаластиниҳо "барои бозпас гирифтани Ғазза ба пуштибонӣ ниёз доранд" ва навори Ғазза имрӯз дар ҳолест, ки қаблан набуд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида, ки аз Исроил пуштибонӣ мекунад, масъули ҳодисаҳои навори Ғазза аст ва танҳо Вашингтон метавонад ба Тел-Авив амр кунад, ки ҳамлаҳоро қатъ кунад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар мусоҳиба бо Reuters изҳор дошт.
"Иёлоти Муттаҳида, ки Исроилро комилан пуштибонӣ мекунад, барои ҳодисаҳои дар ин анклав рухдода комилан масъул аст... Ин ягона қудратест, ки метавонад ба Исроил фармон диҳад, ки ҷангро бас кунад ва ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад, аммо, мутаассифона, ин корро намекунад. Амрико як шарики Исроил аст",- гуфт Аббос.
Раҳбари Фаластин ҳамчунин гуфт, ки фаластиниҳо "барои бозпас гирифтани Ғазза ба пуштибонӣ ниёз доранд" ва навори Ғазза имрӯз дар ҳолест, ки қаблан набуд.
Дар ҳамин ҳол ИМА аз даъватҳо барои оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза пуштибонӣ намекунад.
Ин кишвар ҷонибдори идомаи даргирӣ ва зиддият ба оташбас аст, ки дар ин маврид расман намояндаи Вашингтон дар СММ Роберт Вуд изҳорот дод.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 17 ҳазор нафар кушта ва 46 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар Исроил, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, беш аз 1,3 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.