Раҳмон ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ дар Ғаззаро маҳкум кард

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Обуна шудан
Дар Нишасти муштараки изтирории арабию исломӣ Тоҷикистон ҳамла бар иншооти ғайринизомӣ дар Ғаззаро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар гардид маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Нишасти муштараки изтирории арабию исломӣ таъкид кард, ки вазъи буҳронӣ дар Ғаззаи Фаластин Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.
“Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад”,- гуфт Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ҷумҳури ҳанӯз аз оғози даргириҳои охир аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба амалҳои зӯроварӣ ва хушунатомез хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ сари мизи музокира нишинанд.
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки Фаластинро мусаллаҳ намоянд
“Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.
“Ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0