https://sputnik.tj/20231202/sbj-ariza-advokat-alayh-isroil-barrasi-1060699450.html
СБҶ аризаи 3 ҳазор адвокат алайҳи Исроилро баррасӣ мекунад: Эрдуғон гуфт, назорат дорад
СБҶ аризаи 3 ҳазор адвокат алайҳи Исроилро баррасӣ мекунад: Эрдуғон гуфт, назорат дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Туркия эълом дошт, ки рушди ин вазъро дар сатҳи олӣ назорат хоҳад кард ва ҷаҳон низ барои иҷрои он талош кунад
2023-12-02T20:25+0500
2023-12-02T20:25+0500
2023-12-02T20:25+0500
ба додгоҳ
шикоят
фаластин
навори ғазза
исроил
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/02/1060697968_0:427:2882:2048_1920x0_80_0_0_de9b153aa6f13caffbaa066296b0d041.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тақрибан 3 ҳазор адвокат ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (ДБҶ) ариза пешниҳод карданд. Дар ин бора президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба рӯзноманигорон изҳор дошт.Қайд мешавад, ки ин ба амалкарди Исроил дар навори Ғазза марбут аст. "Мо интизорем, ки ин қассобони Ғазза, муаллифони наслкушӣ, ба хусус [нахуствазири Исроил Бенямин] Нетаняҳу муҷозоти лозимро хоҳанд дид", - таъкид кард сарвари давлат. Раҳбари Туркия афзуд, ки "ба рушди ин вазъ дар сатҳи олӣ назорат хоҳад кард". Илова бар ин, вай таъкид кард, ки Туркия тасмим гирифтааст, ки ҳама афроди даст доштан дар наслкуширо ба додгоҳ кашад. "Ҷаҳон бояд ин корро кунад", - боварӣ дорад президент.Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт. Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид. Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 9 ҳазор нафар кушта ва 32 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар Исроил, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, беш аз 1,3 ҳазор нафар кушта шудаанд.Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр то ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.Раҳмон ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ дар Ғаззаро маҳкум кард Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20231202/smm-ghazza-khatarnok-makon-kudakon-1060695228.html
https://sputnik.tj/20231127/ushakov-sarnaguni-hamos-isroil-gumon-amniyat-tamin-1060627928.html
фаластин
навори ғазза
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/02/1060697968_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_ed75cc77e87ecbe08f59f82444c3e2a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сбҷ ариза адвокат алайҳ исроил баррасӣ эрдуғон назорат
сбҷ ариза адвокат алайҳ исроил баррасӣ эрдуғон назорат
СБҶ аризаи 3 ҳазор адвокат алайҳи Исроилро баррасӣ мекунад: Эрдуғон гуфт, назорат дорад
Раисиҷумҳури Туркия эълом дошт, ки рушди ин вазъро дар сатҳи олӣ назорат хоҳад кард ва ҷаҳон низ барои иҷрои он талош кунад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тақрибан 3 ҳазор адвокат ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (ДБҶ) ариза пешниҳод карданд.
Дар ин бора президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
Қайд мешавад, ки ин ба амалкарди Исроил дар навори Ғазза марбут аст.
"Мо интизорем, ки ин қассобони Ғазза, муаллифони наслкушӣ, ба хусус [нахуствазири Исроил Бенямин] Нетаняҳу муҷозоти лозимро хоҳанд дид", - таъкид кард сарвари давлат.
Раҳбари Туркия афзуд, ки "ба рушди ин вазъ дар сатҳи олӣ назорат хоҳад кард".
"Мо умедворем, ки ба шарофати ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳодкардаи мо дар ДБҶ натиҷаҳои мусбӣ ба даст меорем. Мо аз ин қазия даст намекашем",- гуфт Эрдуғон.
Илова бар ин, вай таъкид кард, ки Туркия тасмим гирифтааст, ки ҳама афроди даст доштан дар наслкуширо ба додгоҳ кашад.
"Ҷаҳон бояд ин корро кунад", - боварӣ дорад президент.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 9 ҳазор нафар кушта ва 32 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар Исроил, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, беш аз 1,3 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр то ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.