https://sputnik.tj/20231124/overchuk-rusiya-talabot-moshin-barqi-iiao-qone-1060596066.html
Оверчук гуфт, Русия метавонад талабот ба мошинҳои барқӣ дар ИИАО-ро қонеъ кунад
Оверчук гуфт, Русия метавонад талабот ба мошинҳои барқӣ дар ИИАО-ро қонеъ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Воридоти бидуни боҷи гумрукии мошинҳои барқӣ ба кишварҳои ИИАО то 31 декабри соли 2025 тамдид шудааст, аммо он барои Русия дахл надорад
2023-11-24T20:10+0500
2023-11-24T20:10+0500
2023-11-24T20:10+0500
дар русия
ииао
иқтисод
барқӣ
мошин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/02/1032199738_0:0:3399:1913_1920x0_80_0_0_0519e135398d8194609a1d419a01edf8.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар ояндаи наздик Русия эҳтиёҷ ба мошинҳои барқии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро қонеъ карда метавонад ва чунин истеҳсолот дар кишварҳои дигари иттиҳод васеъ паҳн мешавад. Дар ин бора муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар посух ба суоли хабарнигорон, ки гуфтанд, оё худрави барқии русиро дар роҳҳои кишварҳои иттиҳод мебинанд, изҳор дошт.Вай афзуд, ки истеҳсоли чунин мошинҳо ҳоло танҳо дар Русия буда, баъдан дар Қазоқистон ва дигар шарикони созмон васеъ пайдо мешавад.Рӯзи ҷумъа муовини нахуствазири Федератсияи Русия ҳамроҳ бо ҳамкорони худ дар Шӯрои КИАО намоишгоҳи мошинҳои барқии Русияро дар ВДНХ аз назар гузаронд."Дар яке аз ҷаласаҳои ахири Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорони мо дар созмон масъалаи тамдиди боҷи сифрии гумрукӣ барои воридоти мошинҳои барқӣ ба қаламрави ИИАО-ро матраҳ карданд. Дар натиҷа, як моҳ пеш мо тасмим гирифтем, ки муҳлати онро тамдид кунем", - гуфт ӯ.Аммо дар баробари ин ба таъкиди вай ба ҳамтоёни худ имкониятҳоеро нишон доданд, ки имрӯз дар бахши истеҳсоли мошинҳои барқӣ дар Русия рушд мекунанд.Чунин сабукӣ ба Русия дахл надорад.Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки пас аз ду сол вақте созмон дубора ба ин масъала бармегардад, "комилан имконпазир аст, ки мо боҷи сифриро тамдид накунем".Имсол тибқи квота метавонад ба Беларус 15 ҳазор, ба Арманистон 8 ҳазор, Қазоқистон 15 ҳазор ва ба Қирғизистон 5 ҳазор мошини барқӣ бидуни боҷи гумрукӣ ворид карда шавад. То охири соли 2021 дар ҳама кишварҳои ИИАО меъёри сифр барои воридоти чунин мошинҳоро дошт, аммо соли 2022 боҷ ба 15% баргардонида шуд.
https://sputnik.tj/20231123/kishvarho-iiao-khud-ozuqa-tamin-1060581415.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/02/1032199738_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_40e4c419ab062e2fade24649bb8ee530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оверчук русия талабот мошинҳо барқӣ ииао қонеъ
оверчук русия талабот мошинҳо барқӣ ииао қонеъ
Оверчук гуфт, Русия метавонад талабот ба мошинҳои барқӣ дар ИИАО-ро қонеъ кунад
Воридоти бидуни боҷи гумрукии мошинҳои барқӣ ба кишварҳои ИИАО то 31 декабри соли 2025 тамдид шудааст, аммо он барои Русия дахл надорад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар ояндаи наздик Русия эҳтиёҷ ба мошинҳои барқии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро қонеъ карда метавонад ва чунин истеҳсолот дар кишварҳои дигари иттиҳод васеъ паҳн мешавад.
Дар ин бора муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар посух ба суоли хабарнигорон, ки гуфтанд, оё худрави барқии русиро дар роҳҳои кишварҳои иттиҳод мебинанд, изҳор дошт.
"Мо боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик метавонем талаботро ба мошинҳои барқӣ аз ҳисоби истеҳсоли худамон қонеъ кунем", - афзуд мавсуф.
Вай афзуд, ки истеҳсоли чунин мошинҳо ҳоло танҳо дар Русия буда, баъдан дар Қазоқистон ва дигар шарикони созмон васеъ пайдо мешавад.
Рӯзи ҷумъа муовини нахуствазири Федератсияи Русия ҳамроҳ бо ҳамкорони худ дар Шӯрои КИАО намоишгоҳи мошинҳои барқии Русияро дар ВДНХ аз назар гузаронд.
"Дар яке аз ҷаласаҳои ахири Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорони мо дар созмон масъалаи тамдиди боҷи сифрии гумрукӣ барои воридоти мошинҳои барқӣ ба қаламрави ИИАО-ро матраҳ карданд. Дар натиҷа, як моҳ пеш мо тасмим гирифтем, ки муҳлати онро тамдид кунем", - гуфт ӯ.
Аммо дар баробари ин ба таъкиди вай ба ҳамтоёни худ имкониятҳоеро нишон доданд, ки имрӯз дар бахши истеҳсоли мошинҳои барқӣ дар Русия рушд мекунанд.
Чунин сабукӣ ба Русия дахл надорад.
Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки пас аз ду сол вақте созмон дубора ба ин масъала бармегардад, "комилан имконпазир аст, ки мо боҷи сифриро тамдид накунем".
Имсол тибқи квота метавонад ба Беларус 15 ҳазор, ба Арманистон 8 ҳазор, Қазоқистон 15 ҳазор ва ба Қирғизистон 5 ҳазор мошини барқӣ бидуни боҷи гумрукӣ ворид карда шавад.
То охири соли 2021 дар ҳама кишварҳои ИИАО меъёри сифр барои воридоти чунин мошинҳоро дошт, аммо соли 2022 боҷ ба 15% баргардонида шуд.