Кишварҳои ИИАО 93% худро бо озуқа таъмин мекунанд

Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Обуна шудан
Дар 8 моҳи соли 2023 гардиши мутақобила миёни кишварҳои узви ИИАО 4,4 триллион рубл афзоиш ёфт, ки 8,9%-ро ташкил медиҳад, мегӯяд Дмитрий Волвач
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пай дар пай меафзояд.
Дар ин бора Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия дар ҷаласаи пленарии 5-умин форуми тиҷоратии Авруосиё "Ҳамгироӣ" изҳор дошт.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, суръати афзоиш дар соли 2022 ба 9,4% расид.
"Имсол низ тамоюл идома дорад. Панҷ кишвар тавонистанд ба худтаъминии комил бо ғалла ва равғани растанӣ ноил шаванд", - қайд кард ӯ.
Дар 8 моҳи соли 2023 гардиши мутақобила миёни кишварҳои узви ИИАО 4,4 триллион рубл афзоиш ёфт, ки 8,9% аст, мегӯяд Дмитрий Волвач.
"Иттиҳод инчунин тавонист ба траекторияи рушди устувори ММД бирасад. Дар тӯли 9 моҳ он нисбат ба соли 2022 3% афзоиш ёфт", - таъкид кард вай.
Гуфта мешавад, ки қадами муҳим дар рушди муносибатҳои ғизоӣ миёни кишварҳои созмон тасдиқи созишнома дар бораи тартиби эътирофи маҳсулоти органикӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, имзои санади дахлдор дар аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
"(Қабули Созишнома дар бораи тартиби эътирофи маҳсулоти органикӣ) ягонагии талабот ва шартҳоро дар соҳаи амнияти озуқаворӣ таъмин мекунад, яъне дастрасии таъминкунандагони кишварҳои ИИАО ба бозорҳоро осон мекунад", - афзуд муовини вазир.
Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2023
ИИАО ва Чин сари соддасозии расмиёти гумрукӣ кор мекунанд
Қаблан муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач хабар дод, ки тиҷорати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо шарикони хориҷӣ аз замони таъсиси он 60% афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, муомилоти моли байни давлатҳои иттиҳод ду баробар афзуд, қайд кард ҷонишини вазир. Дар баробари ин Волвач афзуд, ки суръати кишварҳо аз ҳам фарқ мекунад, аммо ин муқаррарӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0