Нафт барои Исроил дар ҷаҳони араб ҷудоӣ андохт

© AFP 2023 / GIUSEPPE CACACEНефтяной танкер в порту Рас аль-Хайр, Саудовская Аравия
Нефтяной танкер в порту Рас аль-Хайр, Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Обуна шудан
Новобаста аз суханрониҳои оташин ва эҳсосотӣ чанде аз давлатҳои араб ба маҳдуд кардани тиҷорати нафт бо Исроил ва мамолики Ғарб муқобил баромаданд.
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Муноқишаи кунунии Фаластину Исроил ба марҳилаи тӯлонӣ бо задухӯрдҳо байни харобаҳои як замоне иншоотҳои зиччи шаҳр ворид шуд. Вақтҳои охир таҳлилгарони ҷаҳони молия мағзи худро хароб карда, ҳазорҳо саҳифа навиштанд ва кӯшиш карданд, ки воқеаҳои рухдодаро бо муноқишаи соли 1973 муқоиса кунанд ва ҳамзамон дар бораи эҳтимолияти эмбаргои интиқоли нафт аз сӯи истеҳсолкунандагони араб ва натоиҷи он фарзияҳо баён мекарданд. Имрӯз мо аллакай гуфта метавонем, ки аксарияти кулли фарзияҳо хатои амиқ баромаданд.
Рӯзи 11 ноябр дар пойтахти Арабистони Саудӣ раҳбарони кишварҳои исломӣ, араб ва тавлидкунандаҳои нафт ҷамъ омаданд. Ин вохурӣ аз ҳар ҷиҳат таърихӣ гардид.
Аввалан, чорабиниҳо сараввал ба ду рӯз тақсим шуданд: 11 ноябр бояд нишасти сарони Лигаи кишварҳои араб (ЛКА) баргузор мешуд ва рӯзи дигар толорҳои сарди конфронсии Риёз бояд вакилони сершумори Ташкилоти Ҳамкории Исломӣ (ТҲИ) қабул мекарданд. Мавзӯи асосии рӯзнома, албатта, авзоъ дар навори Ғазза буд ва азбаски маҳз ин вазъ барои фаластиниҳо ниҳоят ноумед ва душвор аст, тасмим гирифта шуд, ки ҳарду чорабинӣ муттаҳид шаванд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Раҳмон ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ дар Ғаззаро маҳкум кард
Ин ҷо бояд дар назар дошт, ки Лигаи Кишварҳои Араб 22 кишвари арабзабонро якҷо месозад, ки таҳти раёсати намояндаи Миср аст ва Ташкилоти Ҳамкории Исломӣ дар зери боли худ 57 кишвари ширкаткунандаро муттаҳид мекунад (сохторро як ходими мусулмони африқоӣ аз Чад роҳбарӣ мекунад) ва Русия ҳамчун нозири расмӣ дар ин созмон қарор дорад. Яъне, вохӯрӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ниҳоят васеъ ва аз ҷиҳати сиёсӣ ҳам баланд буд.
Сониян, намояндагони Исроил, гарчанде дар Риёз ҳам набуданд, метавонанд ғалабаи дурахшонро ҷашн гиранд. Бо як сабаби оддӣ, ки ҳама суханрониҳои оташин ва эҳсосотӣ дар бобати он, ки ҳама ҷазоҳои заминӣ ва осмонӣ бар сари яҳудиён афрӯхта шаванд, бо хеҷ чиз анҷом ёфтанд, гарчанде баъзе бозигарон мекӯшиданд, ки бародарони ҳамдинро ба амалҳои қатъӣ водор созанд.
Масалан, раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ як механизми аз ҷиҳати назариявӣ амалишавандаро пешниҳод кард, ки қатъи ҳама гуна равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Исроил ва ҷорӣ кардани таҳримҳои густарда нисбати онро дар назар дошт. Ташаббусҳои Алҷазоир бештар радикалӣ ва бешубҳа, иҷронашаванда буданд. Намояндагони қитъаи Африқо ба ғайр аз даъватҳои анъанавии бас кардани ҳар гуна муносибатҳо бо Телавив пешниҳод сохтанд, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талаб карда шавад, ки дар Шарқи Наздик пойгоҳҳои нави харбӣ барпо накунанд ва ба Исроил ягон ёрии амалӣ нарасонанд.
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки Фаластинро мусаллаҳ намоянд
Талаби иҷро кардани ин талаб аз тарафи Вашингтон бешубҳа имконнопазир аст ва аз ин рӯ, намояндагони калидии ҷаҳони истихроҷкунандаи нафти араб бояд ба фурӯши маҳсулоти нафтӣ, махсусан ба Исроил ва умуман ба Ғарб бояд эмбарго ҷорӣ мекарданд.
Ва дар ин маврид ҷанҷоли асосӣ ва хиҷолат рӯх дод.
Ёздаҳ намояндаи Лига ба тарафдории сенарияи пешниҳодшуда овоз доданд, аммо Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Марокаш ба таври қатъӣ муқобили он буданд ва қатъиян аз маҳдуд кардани тиҷорати нафт, ки мустақим ё ғайримустақим ба манфиати Исроил таъмин мешавад, худдорӣ карданд.
Дарвоқеъ, тамоми буғи эҳсосотии ҷаласа “барои ҳуштак” масраф шуд. На даъватҳои динӣ ва на даъватхо ба ягонагии халқҳои араб дигар кӯмак накарданд.
Тавре дар нашрияҳои қаблии худ навишта будем, ҷаҳон дар тӯли ним асри гузашта дар ҳама самтҳо ба таври куллӣ тағйир ёфт: аз мавқеи давлатҳо дар бозори ҷаҳонии нафт то самтҳои сиёсати хориҷии кишварҳои Шарқи Наздик. Иёлоти Муттаҳида дигар аз воридоти “тиллои сиёҳ” вобаста нест, гузашта аз ин, Иёлоти Муттаҳида имрӯз бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар сайёра мебошад.
Афганские семьи ждут посадки в автобусы, чтобы отправиться на родину, в Карачи, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Рисолати имконпазир: Ғарб ҷаҳони исломро ба душмани худ табдил додааст
Тибқи маълумоти соли 2022, ки Идораи иттилооти энергетикӣ (EIA) нашр кардааст, Иёлоти Муттаҳида ҳар рӯз 12 миллион баррел нафти хом, шаш миллион баррел газҳои моеъ, 1,2 миллион баррел сӯзишвории биологӣ ва оксигенатҳо ва тақрибан як миллион баррел маҳсулоти иловагӣ, ки дар натиҷаи коркарди нафт ба даст оварда мешаванд, истеҳсол мекунад.
Ҳарчанде ки эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи ИМА ба сӯзишворӣ тақрибан 20 миллион баррелро ташкил медиҳад, Вашингтон ва тоҷирони маҳаллӣ аллакай омӯхтаанд, ки чӣ гуна номутавозуниро зуд бартараф кунанд.
Америкаро бо нафт таҳдид кардан ва дар лаҳзаи ҳозираи таърихӣ аз дастгирии Исроил даст кашиданро талаб кардан амали ғайривоқеӣ аст. Фишангҳо ва воситаҳои таъсиррасонӣ вуҷуд надоранд.
Эҳтимолан мамлакатҳои араб метавонистанд эмбаргои куллӣ ҷорӣ кунанд, вале он мисли панҷох сол пеш чунин таъсири харобиовар намебахшад. Гузашта аз ин, бозорҳои байналмилалӣ, ки аз чунин иқдом ба бесарусомонӣ ва табларза меафтанд, маҳдудкунандаҳоро низ поин меоранд, дар ҳоле, ки онҳо ба субот, шукуфоӣ ва хушбахтӣ дар пояи пули содироти нафту газ одат кардаанд.
Чанд рақами дигар барои равшан кардани андозаи даромадҳое, ки мо дар бораи он гап мезанем.
Столб дыма, поднимающийся во время израильской бомбардировки палестинского анклава на фоне продолжающихся боев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Ҳамлаҳои Исроил ба ҷануб ва шимоли навори Ғазза - аксҳои даҳшатбор
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта Арабистони Саудӣ фақат аз фурӯши нафт 311 миллиард доллар даромад гирифт, ки нисбат ба соли 2021 52 % афзоишро нишон медиҳад. Арабистони Саудӣ дар байни ҳамаи кишварҳои ОПЕК сатҳи баландтарини фоидаовариро нишон дод ва ҳар се бушка нафт дар дохили ин созмон аз Арабистони Саудӣ буд.
Аҳволи Аморати Муттаҳидаи Араб ҳам бадтар набуд. Дар соли 2022 онҳо ба маблағи 116 миллиард нафт фурӯхтанд ва афзоиши соф 46 миллиард доллар ё 32 %-ро ташкил дод. Ва ғайра барои ҳамаи мамлакатҳое, ки ба эмбарго ва манъи интиқоли нафт ба Исроил муқобил баромаданд.
Мо шоҳиди фурӯпошии умед ҳастем, ки ҷаҳони араб ва мусулмон ба маънои васеътар муттаҳид шуда, бародарони фаластиниро дастгирӣ карда, гегемонияи ИМА ва зертобеъи вафодори он Исроилро торумор мекунанд. Дар ин лаҳзаи таърих ҳисоб як бар сифр ба фоидаи тими муштараки Амрикову Исроил аст, ки ҳатто бидуни ҳозир нашудан дар Риёз ба натиҷаи дилхоҳаш ноил шуд.
Лентаи хабарҳо
0