https://sputnik.tj/20231111/raisjumhuri-eron-islom-davat-falastin-musallah-1060436604.html
Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки Фаластинро мусаллаҳ намоянд
Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки Фаластинро мусаллаҳ намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон дар нишасти изтирории кишварҳои исломӣ гуфт, ки кишварҳои мусалмонӣ бояд мардуми Фаластинро мусаллаҳ намоняд
2023-11-11T20:01+0500
2023-11-11T20:01+0500
2023-11-13T11:35+0500
эрон
раисӣ
мусаллаҳ
фаластин
ғазза
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055376547_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_f7f3a0e3e2e415173c6cf04353b5b539.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Саидиброҳим Раисӣ дар нишасти ғайринавбатии арабу мусалмонон дар Риёз аз кишварҳои исломӣ хост, ки фаластиниёнро мусаллаҳ кунанд."Кишварҳои мусалмонӣ бояд мардуми Фаластинро мусаллаҳ кунанд. Муқовимат ягона роҳи муқобила бо хушунати Исроил аст. Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мусалмонӣ, бояд ҳимояти мардуми Фаластинро дар сарзаминҳои ишғолшуда таъмин кунанд", - гуфт Раисӣ.Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин аз Исроил тақозо кард, ки нирӯҳояшро аз навори Ғаззаи Фаластин фавран берун кашад."Исроил бояд амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро билофосила хотима диҳад ва нирӯҳояшро аз онҷо хориҷ кунад", - гуфт Раисӣ.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 октябр Исроил мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа аз навори Ғазза қарор гирифт. Дар посух Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд.Маскав низ ҷонибҳоро ба оташбас даъват карда, роҳи коҳиши шиддати ташаннуҷ дар минтақаро иҷрои қарори СММ аз соли 1947 дар мавриди ташкили ду давлати мустақил - Фаластин ва Исроил медонад, ки то ҳол танҳо дуюмияш ташкил шудасту халос.
https://sputnik.tj/20231017/khomanai-amal-isroil-mardum-falastin-naslkushi-1059994181.html
эрон
фаластин
ғазза
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055376547_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_5bafb6ddf7027be9a9dd379db7c44e88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ислом, мусалмонон, даъват, мусаллаҳ, фаластин, раисҷумҳур, раисӣ
эрон, ислом, мусалмонон, даъват, мусаллаҳ, фаластин, раисҷумҳур, раисӣ
Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки Фаластинро мусаллаҳ намоянд
20:01 11.11.2023 (Навсозишуда: 11:35 13.11.2023) Раисҷумҳури Эрон дар нишасти изтирории кишварҳои исломӣ гуфт, ки кишварҳои мусалмонӣ бояд мардуми Фаластинро мусаллаҳ намоянд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Саидиброҳим Раисӣ дар нишасти ғайринавбатии арабу мусалмонон дар Риёз аз кишварҳои исломӣ хост, ки фаластиниёнро мусаллаҳ кунанд.
"Кишварҳои мусалмонӣ бояд мардуми Фаластинро мусаллаҳ кунанд. Муқовимат ягона роҳи муқобила бо хушунати Исроил аст. Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мусалмонӣ, бояд ҳимояти мардуми Фаластинро дар сарзаминҳои ишғолшуда таъмин кунанд", - гуфт Раисӣ.
Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин аз Исроил тақозо кард, ки нирӯҳояшро аз навори Ғаззаи Фаластин фавран берун кашад.
"Исроил бояд амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро билофосила хотима диҳад ва нирӯҳояшро аз онҷо хориҷ кунад", - гуфт Раисӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 октябр Исроил мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа аз навори Ғазза қарор гирифт. Дар посух Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд.
Маскав низ ҷонибҳоро ба оташбас даъват карда, роҳи коҳиши шиддати ташаннуҷ дар минтақаро иҷрои қарори СММ аз соли 1947 дар мавриди ташкили ду давлати мустақил - Фаластин ва Исроил медонад, ки то ҳол танҳо дуюмияш ташкил шудасту халос.