https://sputnik.tj/20231109/risolati-imkonpazir-gharb-jahoni-islom-dushmani-1060404951.html
Рисолати имконпазир: Ғарб ҷаҳони исломро ба душмани худ табдил додааст
Рисолати имконпазир: Ғарб ҷаҳони исломро ба душмани худ табдил додааст
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб бо пуштибонии бечунучаро, якҷониба ва ғаразнок аз Исроил, сарфи назар аз хусусияти ошкорои ҷиноятҳояш дар навори Ғазза, вориди марҳилаи муқовимат бо тамоми ҷаҳони ислом шудааст.
2023-11-09T16:40+0500
2023-11-09T16:40+0500
2023-11-09T18:59+0500
ғарб
исломӣ
исроил
фаластин
низоъ
мусулмонон
русия
има
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060268977_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_0d22ad0d6de11fe7f6ef3c352065892f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Исроил ва навори Ғазза ду фалокати паиҳам рух дод: ҳамлаи Ҳамос ба давлати яҳудӣ ва ҳамлаҳои ҷавобии Исроил ба навори Ғазза. Якум - бо талафоти зиёди мардуми осоишта, гаравгон гирифтан ва дуюм – бо бераҳмии чанд маротиба афзунтар, шумораи бештари қурбониён байни мардуми осоишта, пеш аз ҳама занон ва кӯдакон, менависад рӯзноманигори РИА Новости.Амалиёти заминии Нерӯҳои дифои Исроил (САХАЛ) вазъро боз ҳам фалокатбортар кард ва шумораи кушташудагон, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон ба андозаи тасаввурнашаванда афзоиш ёфт.Ҳарду маврид нақзи дағалонаи ҳуқуқҳои табиии одамон, ҷиноят алайҳи башарият мебошанд ва ҳеҷ гуна сафедкунӣ ноҷост. Аммо дар баробари ин, принсипҳои lex talionis ("чашм бароичашм"), ки Исроил ба кор бурдааст, боиси генотсиди воқеии васеъмиқёси аҳолии навори Ғазза гардид, ки бе ин ҳам маҷбур буданд дар шароити даҳшатборилагери консентратсионӣ зиндагӣ кунанд.ҲАМОС як амали террористӣ содир кард, Исроил бо як амали наслкушии фарогир посух дод. Ҳардуи онҳо худро аз чаҳорчӯби қонун ва усулҳои қобили қабули инсондӯстонаи ҳалли зиддиятҳои сиёсӣ берун гузоштанд.Аммо баъдан геополитика сар мешавад. Ҳарчанд миқёси ҷинояти Исроил ба маротиб бузургтар аст, аммо арзёбии ҳодисаҳои рухдода дар навори Ғазза на ба ин, балки ба шеваҳои амиқтари геополитикӣ вобаста аст. Биёед, онҳоро ҷудо аз ҷиҳати маънавии масъала дида бароем.Тартиби мавҷудаи ҷаҳонӣ давраи гузариш аст. Имрӯз гузариш аз ҷаҳони якқутбӣ (ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва барҳам додани лагери шӯравӣ ба вуҷуд омадааст), ба ҷаҳони бисёрқутбӣ ҷараён дорад. Қутбҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ аллакай комилан равшан мегарданд.Инҳо Русия, Чин, ҷаҳони исломӣ, Ҳиндустон ҳастанд, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар роҳанд. Дар асл, инҳо тамаддунҳои мустақил мебошанд.Асосиҳояш дар БРИКС намояндагӣ мекунанд, ки ин созмон бахусус баъд аз саммити соли 2023 дар Йоханнесбург - ҳамаи ин тамаддунҳоро муттаҳид мекунад (ворид шудани Арабистони Саудӣ, Эрон ва Миср аз ҳузури кишварҳои калидии ҷаҳони ислом шаҳодат медиҳад, Эфиопия омили африқоиро тақвият медиҳад, ва Аргентина ядрои мамлакатҳои Америкаи Ҷанубиро пурра мекунад).Ҷаҳони бисёрқутбӣ мавқеъи худро ҳамарӯза мустаҳкам мекунад. Гегемонияи Ғарб суст шуда истодааст.Аммо роҳбарияти ҷаҳонишудаи Ғарб ва дар навбати аввал Иёлоти Муттахида кӯшиш мекунанд, ки якқутбиятро бо ҳар роҳ нигоҳ доранд ва ба бартарии куллии ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва идеологии худ исрор мекунанд.Ин аст зиддияти асосии замони мо: тезу тунд шудани муқобилият байни якқутбият ва бисёрқутбият. Маҳз дар ҳамин ҷода ихтилофот ва ҷараёни асосии сиёсати ҷаҳониро нигоҳ кардан лозим аст.Маҳз ҳадафи заиф кардани Русияи соҳибихтиёр ҳамчун як қутби мустақил, муноқиша дар Украинаро шарҳ медиҳад.Дар баробари ин мамлакати мо хуб дарк мекунад, ки ҳоло наметавонад мисли солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ яке аз ду қутбҳо бошад. Тамаддунҳои нав сари худро баланд мекунанд ва Русия дар симои онҳо иттифоқчиён ва шариконро дар шароити бисёрқутбӣ ва баробарҳуқуқӣ мебинад. Ҷаҳон ҳанӯз инро дарк накардааст, вале тадриҷан шуури бисёрқутбӣ меафзояд ва мустаҳкам мешавад.Вазъи имрӯзаи Тайван низ айнан ба ин робита дорад, он метавонад хати навбатии ташаннуҷ байни якқутбӣ ва бисёрқутбӣ гардад (ва рӯзе мешавад) - ин дафъа дар Уқёнуси Ором.Аммо ҳаводиси Исроил, ҳамлаи Ҳамос ва наслкушии ҷавобии Исроил алайҳи фаластиниҳо як хатти дигари фронтро боз карданд. Ҳоло Ғарб бо пуштибонии бечунучаро, якҷониба, ғаразнок (чун дар Украина) аз Исроил, сарфи назар аз хусусияти ошкорои ҷиноятҳои Нерӯҳои амнияти Исроил алайҳи аҳолии осоиштаи навори Ғазза, вориди марҳилаи муқовимат бо тамоми ҷаҳони ислом шудааст.Ҳамин тавр, қутби дигар – қутби исломӣ ба майдон даромад. Дар баробари он корҳое, ки Исроил дар навори Ғазза ва дар боқимондаи сарзаминҳои Фаластин анҷом медиҳад ва бо назардошти беадолатиҳои гузашта алайҳи аҳолии Фаластин, ки дар сарзаминашон ба геттоҳо ва резерватсияҳо ронда шудаанд, ҷаҳони исломӣ наметавонад, ки ягонагии худро дарк накунад.Ҳаводиси Фаластин имрӯз сунниву шиъа, турку эронӣ ва ҷонибҳои мухолифи низоъҳои дохилии Яман, Сурия, Ироқ ва Либияро муттаҳид мекунад. Он бевосита ба мусулмонони Покистон ва Индонезия, Малайзия ва Бангладеш дахл дорад.Аз он мусулмонони муқими ИМА ва Аврупо, дар Русия ё Африқо дар канор нестанд. Ва албатта, фаластиниҳои Ғаза ва соҳили Ғарби дарёи Иордан, сарфи назар аз ихтилофоти сиёсӣ, имрӯз дар мубориза барои шаъну шарафи худ муттаҳид ҳастанд.Давоми даҳсолаҳои охир Иёлоти Муттаҳида тавонист муттаҳидшавии мусалмононро дар атрофи масъалаи Фаластин мулоим кунад, онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим кунад ва бо зӯриву гоҳе бо макр онҳоро маҷбур месохт, то равобит бо Исроилро ба эътидол оваранд. Аммо ҳамаи ин сиёсат дар давоми як моҳи охир пора-пора шуд.Дастгирии пурраи Исроил, ҳатто пас аз оне, ки дар навори Ғазза дар назди тамоми башарият анҷом додааст, ҷаҳони исломро водор мекунад, ки зиддиятҳои дохилиро паси сар кунад ва ба муқовимати мустақим бо Ғарб ворид шавад.Исроил, мисли Украина, танҳо як намояндаи гегемонияи Ғарб аст, мутакаббир ва бераҳм, ки аз ҳеҷ гуна ҷиноят, суханронӣ ва амалҳои нажодпарастона ҳазар намекунад, аммо мушкилот дар онҳо нест. Онҳо танҳо асбобҳои геополитикаи бузург - геополитикаи ҷаҳони якқутбӣ мебошанд.Маҳз ҳамин чизест, ки раисиҷумҳури Русия чанде қабл ҳангоми суханронӣ дар бораи тортанакҳо, ки шабакаи ҷаҳонии душманӣ ва низоъро бофтаанд, изҳор дошт. Вай махсусан глобалистҳо ва тактикаи мустамликадории онҳоро - "ҷудо созу ҳукм рон" дар назар дошт.Аммо агар мо моҳияти стратегияи онҳоеро дарк мекунем, ки бо азобу машаққат талош доранд, ҷаҳони якқутбӣ ва гегемонияи Ғарбро наҷот диҳанд, мо метавонем бошуурона як намунаи алтернативии муқовимат ба он бунёд кунем ва дилпурона ва якҷоя ба сӯи бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳаракат кунем.Муноқиша дар навори Ғазза (ва дар маҷмӯъ Фаластин) як чолишест, ки ба тамоми ҷаҳони ислом, тамаддуни исломӣ гузошта шудааст. На ба ягон халқи мушаххас ва ҳатто ба ҳамаи арабҳо.Дарвоқеъ Ғарб бад ин минвол бо ҷаҳони ислом вориди ҷанг шудааст. Қариб ҳамаи раҳбарон инро хуб дарк мекунанд: аз Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд то Эрдуғон, аз Оятуллоҳ Хоманаӣ то раҳбарияти Покистон, аз Тунис то Баҳрайн, аз салафию ваҳҳобӣ то шиъаву сӯфиён.Рақибони сиёсӣ дар худи Фаластин, Сурия, Ливия, Лубнон, шиъаҳо ва сунниҳо бояд аз шаъну шарафи худ дифоъ кунанд, исбот кунанд, ки мусалмонон як тамаддуни соҳибихтиёри мустақил ҳастанд ва иҷоза намедиҳанд, ки бо онҳо чунин муносибат кунанд.Эрдуғон Ғарбро бо ҷиҳод таҳдид кард ва аз ҷангҳои салибӣ ёдовар шуд. Ин як муқоисаи хеле ноҷо аст. Ғарби глобалистии муосир бо тамаддуни насронӣ ягон умумият надорад.Чандин аср муқаддам Ғарб алоқаро аз маданияти насронӣ канда, тарафи материализм, бехудоӣ ва фардиятро гирифт. Насроният бо илмҳои моддӣ, бо системаи иҷтимоӣ ва иқтисодии фоидагирии муфт, бо қонунигардонии фаҳшу фуҷур ва ҳамчун меъёр эълон кардани беморӣ, бо омодагӣ барои гузаштан ба мавҷудияти пас аз инсон ҳеҷ иртиботе надорад.Ғарби муосир як падидаи зиддимасеҳист ва бо худ ё дар худ ягон салиб намебарад. Исроил як давлати яҳудӣ ва дунявӣ, ғарбист ва бешубҳа он бо масеҳият ҳеҷ умумияте надорад. Аз ин рӯ, агар ҷаҳони ислом бо Ғарб бархӯрд кунад, он на ҳамчун бархурд бо тамаддуни Масеҳ, балки ҳамчун бархурд бо тамаддуни Даҷҷол хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20231005/putin-adolat-jahon-bisyorqutbi-tashakkul-1059810212.html
https://sputnik.tj/20231017/davat-lukashenko-eron-munoqisha-1059991920.html
https://sputnik.tj/20231031/putin-roh-hal-nizo-khovar-miyona-guft-1060241374.html
https://sputnik.tj/20231108/patrushev-maskav-hamgiroi-idm-tavsea-1060372654.html
https://sputnik.tj/20231107/isroil-siloh-hasta-zakharova-magate-1060357104.html
ғарб
исроил
фаластин
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060268977_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_83f28a9b7c9fb940a5cbb36f32f44324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил, ғарб, фаластин, ҷанг, бисёрқутбӣ, мусулмонон
исроил, ғарб, фаластин, ҷанг, бисёрқутбӣ, мусулмонон
Рисолати имконпазир: Ғарб ҷаҳони исломро ба душмани худ табдил додааст
16:40 09.11.2023 (Навсозишуда: 18:59 09.11.2023) Ғарб бо пуштибонии бечунучаро, якҷониба ва ғаразнок аз Исроил, сарфи назар аз хусусияти ошкорои ҷиноятҳояш дар навори Ғазза, вориди марҳилаи муқовимат бо тамоми ҷаҳони ислом шудааст.
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Исроил ва навори Ғазза ду фалокати паиҳам рух дод: ҳамлаи Ҳамос ба давлати яҳудӣ ва ҳамлаҳои ҷавобии Исроил ба навори Ғазза. Якум - бо талафоти зиёди мардуми осоишта, гаравгон гирифтан ва дуюм – бо бераҳмии чанд маротиба афзунтар, шумораи бештари қурбониён байни мардуми осоишта, пеш аз ҳама занон ва кӯдакон, менависад рӯзноманигори РИА Новости.
Амалиёти заминии Нерӯҳои дифои Исроил (САХАЛ) вазъро боз ҳам фалокатбортар кард ва шумораи кушташудагон, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон ба андозаи тасаввурнашаванда афзоиш ёфт.
Ҳарду маврид нақзи дағалонаи ҳуқуқҳои табиии одамон, ҷиноят алайҳи башарият мебошанд ва ҳеҷ гуна сафедкунӣ ноҷост. Аммо дар баробари ин, принсипҳои lex talionis ("чашм бароичашм"), ки Исроил ба кор бурдааст, боиси генотсиди воқеии васеъмиқёси аҳолии навори Ғазза гардид, ки бе ин ҳам маҷбур буданд дар шароити даҳшатборилагери консентратсионӣ зиндагӣ кунанд.
ҲАМОС як амали террористӣ содир кард, Исроил бо як амали наслкушии фарогир посух дод. Ҳардуи онҳо худро аз чаҳорчӯби қонун ва усулҳои қобили қабули инсондӯстонаи ҳалли зиддиятҳои сиёсӣ берун гузоштанд.
Аммо баъдан геополитика сар мешавад. Ҳарчанд миқёси ҷинояти Исроил ба маротиб бузургтар аст, аммо арзёбии ҳодисаҳои рухдода дар навори Ғазза на ба ин, балки ба шеваҳои амиқтари геополитикӣ вобаста аст. Биёед, онҳоро ҷудо аз ҷиҳати маънавии масъала дида бароем.
Тартиби мавҷудаи ҷаҳонӣ давраи гузариш аст. Имрӯз гузариш аз ҷаҳони якқутбӣ (ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва барҳам додани лагери шӯравӣ ба вуҷуд омадааст), ба ҷаҳони бисёрқутбӣ ҷараён дорад. Қутбҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ аллакай комилан равшан мегарданд.
Инҳо Русия, Чин, ҷаҳони исломӣ, Ҳиндустон ҳастанд, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар роҳанд. Дар асл, инҳо тамаддунҳои мустақил мебошанд.
Асосиҳояш дар БРИКС намояндагӣ мекунанд, ки ин созмон бахусус баъд аз саммити соли 2023 дар Йоханнесбург - ҳамаи ин тамаддунҳоро муттаҳид мекунад (ворид шудани Арабистони Саудӣ, Эрон ва Миср аз ҳузури кишварҳои калидии ҷаҳони ислом шаҳодат медиҳад, Эфиопия омили африқоиро тақвият медиҳад, ва Аргентина ядрои мамлакатҳои Америкаи Ҷанубиро пурра мекунад).
Ҷаҳони бисёрқутбӣ мавқеъи худро ҳамарӯза мустаҳкам мекунад. Гегемонияи Ғарб суст шуда истодааст.
Аммо роҳбарияти ҷаҳонишудаи Ғарб ва дар навбати аввал Иёлоти Муттахида кӯшиш мекунанд, ки якқутбиятро бо ҳар роҳ нигоҳ доранд ва ба бартарии куллии ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва идеологии худ исрор мекунанд.
Ин аст зиддияти асосии замони мо: тезу тунд шудани муқобилият байни якқутбият ва бисёрқутбият. Маҳз дар ҳамин ҷода ихтилофот ва ҷараёни асосии сиёсати ҷаҳониро нигоҳ кардан лозим аст.
Маҳз ҳадафи заиф кардани Русияи соҳибихтиёр ҳамчун як қутби мустақил, муноқиша дар Украинаро шарҳ медиҳад.
Дар баробари ин мамлакати мо хуб дарк мекунад, ки ҳоло наметавонад мисли солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ яке аз ду қутбҳо бошад. Тамаддунҳои нав сари худро баланд мекунанд ва Русия дар симои онҳо иттифоқчиён ва шариконро дар шароити бисёрқутбӣ ва баробарҳуқуқӣ мебинад. Ҷаҳон ҳанӯз инро дарк накардааст, вале тадриҷан шуури бисёрқутбӣ меафзояд ва мустаҳкам мешавад.
Вазъи имрӯзаи Тайван низ айнан ба ин робита дорад, он метавонад хати навбатии ташаннуҷ байни якқутбӣ ва бисёрқутбӣ гардад (ва рӯзе мешавад) - ин дафъа дар Уқёнуси Ором.
Аммо ҳаводиси Исроил, ҳамлаи Ҳамос ва наслкушии ҷавобии Исроил алайҳи фаластиниҳо як хатти дигари фронтро боз карданд. Ҳоло Ғарб бо пуштибонии бечунучаро, якҷониба, ғаразнок (чун дар Украина) аз Исроил, сарфи назар аз хусусияти ошкорои ҷиноятҳои Нерӯҳои амнияти Исроил алайҳи аҳолии осоиштаи навори Ғазза, вориди марҳилаи муқовимат бо тамоми ҷаҳони ислом шудааст.
Ҳамин тавр, қутби дигар – қутби исломӣ ба майдон даромад. Дар баробари он корҳое, ки Исроил дар навори Ғазза ва дар боқимондаи сарзаминҳои Фаластин анҷом медиҳад ва бо назардошти беадолатиҳои гузашта алайҳи аҳолии Фаластин, ки дар сарзаминашон ба геттоҳо ва резерватсияҳо ронда шудаанд, ҷаҳони исломӣ наметавонад, ки ягонагии худро дарк накунад.
Ҳаводиси Фаластин имрӯз сунниву шиъа, турку эронӣ ва ҷонибҳои мухолифи низоъҳои дохилии Яман, Сурия, Ироқ ва Либияро муттаҳид мекунад. Он бевосита ба мусулмонони Покистон ва Индонезия, Малайзия ва Бангладеш дахл дорад.
Аз он мусулмонони муқими ИМА ва Аврупо, дар Русия ё Африқо дар канор нестанд. Ва албатта, фаластиниҳои Ғаза ва соҳили Ғарби дарёи Иордан, сарфи назар аз ихтилофоти сиёсӣ, имрӯз дар мубориза барои шаъну шарафи худ муттаҳид ҳастанд.
Давоми даҳсолаҳои охир Иёлоти Муттаҳида тавонист муттаҳидшавии мусалмононро дар атрофи масъалаи Фаластин мулоим кунад, онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим кунад ва бо зӯриву гоҳе бо макр онҳоро маҷбур месохт, то равобит бо Исроилро ба эътидол оваранд. Аммо ҳамаи ин сиёсат дар давоми як моҳи охир пора-пора шуд.
Дастгирии пурраи Исроил, ҳатто пас аз оне, ки дар навори Ғазза дар назди тамоми башарият анҷом додааст, ҷаҳони исломро водор мекунад, ки зиддиятҳои дохилиро паси сар кунад ва ба муқовимати мустақим бо Ғарб ворид шавад.
Исроил, мисли Украина, танҳо як намояндаи гегемонияи Ғарб аст, мутакаббир ва бераҳм, ки аз ҳеҷ гуна ҷиноят, суханронӣ ва амалҳои нажодпарастона ҳазар намекунад, аммо мушкилот дар онҳо нест. Онҳо танҳо асбобҳои геополитикаи бузург - геополитикаи ҷаҳони якқутбӣ мебошанд.
Маҳз ҳамин чизест, ки раисиҷумҳури Русия чанде қабл ҳангоми суханронӣ дар бораи тортанакҳо, ки шабакаи ҷаҳонии душманӣ ва низоъро бофтаанд, изҳор дошт. Вай махсусан глобалистҳо ва тактикаи мустамликадории онҳоро - "ҷудо созу ҳукм рон" дар назар дошт.
Аммо агар мо моҳияти стратегияи онҳоеро дарк мекунем, ки бо азобу машаққат талош доранд, ҷаҳони якқутбӣ ва гегемонияи Ғарбро наҷот диҳанд, мо метавонем бошуурона як намунаи алтернативии муқовимат ба он бунёд кунем ва дилпурона ва якҷоя ба сӯи бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳаракат кунем.
Муноқиша дар навори Ғазза (ва дар маҷмӯъ Фаластин) як чолишест, ки ба тамоми ҷаҳони ислом, тамаддуни исломӣ гузошта шудааст. На ба ягон халқи мушаххас ва ҳатто ба ҳамаи арабҳо.
Дарвоқеъ Ғарб бад ин минвол бо ҷаҳони ислом вориди ҷанг шудааст. Қариб ҳамаи раҳбарон инро хуб дарк мекунанд: аз Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд то Эрдуғон, аз Оятуллоҳ Хоманаӣ то раҳбарияти Покистон, аз Тунис то Баҳрайн, аз салафию ваҳҳобӣ то шиъаву сӯфиён.
Рақибони сиёсӣ дар худи Фаластин, Сурия, Ливия, Лубнон, шиъаҳо ва сунниҳо бояд аз шаъну шарафи худ дифоъ кунанд, исбот кунанд, ки мусалмонон як тамаддуни соҳибихтиёри мустақил ҳастанд ва иҷоза намедиҳанд, ки бо онҳо чунин муносибат кунанд.
Эрдуғон Ғарбро бо ҷиҳод таҳдид кард ва аз ҷангҳои салибӣ ёдовар шуд. Ин як муқоисаи хеле ноҷо аст. Ғарби глобалистии муосир бо тамаддуни насронӣ ягон умумият надорад.
Чандин аср муқаддам Ғарб алоқаро аз маданияти насронӣ канда, тарафи материализм, бехудоӣ ва фардиятро гирифт. Насроният бо илмҳои моддӣ, бо системаи иҷтимоӣ ва иқтисодии фоидагирии муфт, бо қонунигардонии фаҳшу фуҷур ва ҳамчун меъёр эълон кардани беморӣ, бо омодагӣ барои гузаштан ба мавҷудияти пас аз инсон ҳеҷ иртиботе надорад.
Ғарби муосир як падидаи зиддимасеҳист ва бо худ ё дар худ ягон салиб намебарад. Исроил як давлати яҳудӣ ва дунявӣ, ғарбист ва бешубҳа он бо масеҳият ҳеҷ умумияте надорад. Аз ин рӯ, агар ҷаҳони ислом бо Ғарб бархӯрд кунад, он на ҳамчун бархурд бо тамаддуни Масеҳ, балки ҳамчун бархурд бо тамаддуни Даҷҷол хоҳад буд.