https://sputnik.tj/20231108/patrushev-maskav-hamgiroi-idm-tavsea-1060372654.html
Патрушев: Ғарб бо фишор Осиёи Миёнаро аз Русия дур карданист
Патрушев: Ғарб бо фишор Осиёи Миёнаро аз Русия дур карданист
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2024 ба Русия мегузарад ва маълум шуд, ки Маскав дар замони раёсаташ ба кадом бахш таваҷҷуҳ медиҳад
2023-11-08T16:50+0500
2023-11-08T16:50+0500
2023-11-08T16:50+0500
николай патрушев
шӯрои амнияти фр
амният ва мудофиа
мулоқот
маскав
идм
ғарб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056435242_0:0:3103:1745_1920x0_80_0_0_a81ec4931b074ce942641ec5d3b52601.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ бо сиёсату стандартҳои дугуна талоши ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русияро доранд. Ин нуктаро дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев дар мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ дар Маскав баён дошт.Дабири Шӯрои амнияти Русия аз сиёсати дугунаи Ғарб дар ИДМ танқид карда, мисолҳо овард. "Бо ташвиқи ҷиноятҳои режими Киев инчунин аз нақзи дағалонаи қонунҳо ва ҳуқуқи башар дар Молдова чашм пӯшида, Русия ва Беларусро маҳкум мекунанд, таҳқиқи ҳодисаҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистонро талаб мекунанд", - изҳор дошт Патрушев. Вай афзуд, эътидоли муносибати байни Озарбойҷон ва Арманистон танҳо вақте имконпазир аст, ки нерӯҳои ғайриминтақавӣ дахолат ба низоъро қатъ кунанд. Маскав дар замони раёсаташ дар ИДМ, ки соли 2024 онро ба уҳда хоҳад дошт, ҳамгироиро дар созмон таҳким мебахшад, гуфт Патрушев. Бо ин роҳ мо ба рушди бехатар ва устувори давлатҳои худ саҳм мегузорем, афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20231108/video-komil-murojiat-dabir-amniyat-putin-1060371650.html
маскав
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056435242_372:0:3103:2048_1920x0_80_0_0_f5b8ef8b59acce1607821e8a8ceff84f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, патрушев, қасд, ғарб, осиёи марказӣ
ҳушдор, патрушев, қасд, ғарб, осиёи марказӣ
Патрушев: Ғарб бо фишор Осиёи Миёнаро аз Русия дур карданист
Роҳбарият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2024 ба Русия мегузарад ва маълум шуд, ки Маскав дар замони раёсаташ ба кадом бахш таваҷҷуҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ бо сиёсату стандартҳои дугуна талоши ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русияро доранд.
Ин нуктаро дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев дар мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ дар Маскав баён дошт.
"Ғарб талош дорад, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фишанг эҷод кунад, то онҳоро аз Русия ҷудо кунад. Ин ҷо гап на танҳо дар бораи фишори сиёсӣ балки шантажи иқтисодӣ аз ҷониби Ғарб меравад, аз ҷумла таҳдиди таҳримҳо", - гуфт вай.
Дабири Шӯрои амнияти Русия аз сиёсати дугунаи Ғарб дар ИДМ танқид карда, мисолҳо овард.
"Бо ташвиқи ҷиноятҳои режими Киев инчунин аз нақзи дағалонаи қонунҳо ва ҳуқуқи башар дар Молдова чашм пӯшида, Русия ва Беларусро маҳкум мекунанд, таҳқиқи ҳодисаҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистонро талаб мекунанд", - изҳор дошт Патрушев.
Вай афзуд, эътидоли муносибати байни Озарбойҷон ва Арманистон танҳо вақте имконпазир аст, ки нерӯҳои ғайриминтақавӣ дахолат ба низоъро қатъ кунанд.
Маскав дар замони раёсаташ дар ИДМ, ки соли 2024 онро ба уҳда хоҳад дошт, ҳамгироиро дар созмон таҳким мебахшад, гуфт Патрушев. Бо ин роҳ мо ба рушди бехатар ва устувори давлатҳои худ саҳм мегузорем, афзуд ӯ.