Захарова: Амрико муноқишаи Ховари Миёнаро ба нуқтаи бебозгашт расонидааст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкОфициальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Обуна шудан
Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия ахиран гуфт, ки ИМА вазъ дар Ховари Миёнаро то нуқтаи бебозгашт расонидаанд
ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Иёлоти Муттаҳида вазъи амниятӣ дар Ховари Миёнаро ба нуқтаи бебозгашт расонидаанд, гуфт сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар Telegram канали худ.
Вазорати умури хориҷии Амрико қаблан эълон кард, ки кормандони ҳукумати Амрико ва оилаҳои онҳо дар Исроил, ки амнияти ин кишвар ҳоло хароб аст, метавонан ин кишварро тарк кунанд.
"Кафили амният дар минтақа амниятро ба нуқтаи бебозгашт расонд. Боз ҳам касе дар Вашингтон барои амалҳои ваҳшиёна, иғво ва саҳнагузории онҳо ҷавоб намедиҳад?", - навиштааст хонум Захарова дар канали Telegram-и худ дар шарҳи изҳороти вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷаласаи сарони ИДМ шиддат гирифтани авзоъ дар Ховари Миёнаро фоҷиаи густарда ва нокомии Иёлоти Муттаҳида номид.
Сироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2023
Муҳриддин Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват кард
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0