Муҳриддин Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват кард

© Foto / МИД ТаджикистанаСироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана
Сироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2023
Обуна шудан
Дипломати тоҷик ҳамроҳ дигар роҳбарони ВУХ кишварҳои ИДМ алайҳи зуҳуроти терроризм, гаравгонгирӣ ва дигар хушунат алайҳи мардуми осоишта баромад кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ дар ИДМ аз ташдиди низои Фаластин ва Исроил изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дар ин бора дар изҳороти муштараки сарони вазоратҳои хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ гуфта мешавад.
"[Вазирони корҳои хориҷӣ] ҷонибҳоро даъват мекунанд, ки амалиёти ҷангиро фавран бас кунанд ва барои хуруҷи мардуми осоишта долонҳои башардӯстона боз кунанд", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи вазирон якдилона ба ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм, инчунин гаравгонгирӣ ва истифодаи бесарусомонӣ ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар Ховари Миёна мухолифат карданд.
Илова бар ин, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ аз “фалокати башардӯстона дар навори Ғазза” нигаронанд.
Видеообращение президента РФ В. Путина к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Путин шиддати низоъ дар Ховари Миёнаро фоҷеъаи бузург номид
Онҳо зарурати якҷоя расондани ҳама гуна кумакҳои лозимиро ба ниёзмандон иброз доштанд.
Аҳамияти муколамаи дипломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои ноил шудан ба сулҳ дар Ховари Миёна низ таъкид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0