Баҳорон пур аз чангу хок, зимистонҳо пур аз лой: вазъи роҳи Чашмаи шаҳри Хуҷанд – видео

Обуна шудан
Ҳолати ногувор ва харобу валангор будани роҳ, ронандагони мусофиркашонҳо ва сокинони маҳаллаҳои Чашмаи Арзана дар Хуҷандро нигарон кардааст
Маҳаллаи Чашма аз маҳаллаҳои куҳанбунёди Хуҷанд буда, дар соли 80 уми асри гузашта ташкил шудааст.
Ҳоло дар маҳаллаҳои Чашма 1, 2 ва 3 ҳудуди 6 – 7 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунад. Аммо сокинон мегуянд, баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ягона роҳе, ки ин се маҳалларо ба маркази шаҳри Хуҷанд мепайвандад таъмир нашуда ба ин ҳол харобу душворгузар шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба маҳаллаи Чашмаи Арзана рафт ва вазъи роҳро наворбардорӣ карду бо сокинон суҳбат намуд.
Хуршед Ғаниев, ронандаи мусофиркаш изҳор намуд, ки аз сабаби хароб будани роҳ, шикасту рехти мошин зиёд мешавад, аз сӯи дигар мусофирон ба мо шикоят мекунанд.
Таъмири роҳи Адрасмон-Гулистон бо ташаббуси сокинону саховатмандон ва соҳибкорони ватанӣ
“Дохили салони мошин чанги зиёд медарояд. Ин ҳолатро дида одамоне, ки ба мошин менишинанд айбро ба мо ронандаҳо гузошта мегуянд, ки “мошинат ин қадар шалақ?” Онҳо намегуяд, ки роҳ вайрон аст. Шароити роҳ хеле хароб аст. Мо боз барои ин роҳ андоз месупорем” – гуфт, ронанда.
Роҳи маҳаллаи Чашма пур аз чуқурчаҳост, сокинон мегуянд, вақте дохили микроавтобусҳои ин масир мешавӣ ба ҳар су такон мехурӣ. Ин ҳолат ҳам мусофирон ва ҳам ронандаҳо хаста кунандааст.
Муъминхӯҷа Асроров, сокини маҳаллаи Чашма мегуяд, ҳолати хароби роҳ дар фасли зимистон ҳаракати нақлиёти мусофиркашонро дучанд мушкил мегардонад.
Барои ҳар км беш аз 1 млн доллар: Оғози сохтмони роҳи 50-километрӣ дар Суғд
“Баҳорон дар ин роҳ пур аз чангу хок мешавӣ, зимистонҳо пур аз лой. Хуб мебуд, роҳи ин маҳалла ҳам ба мисли дигар маҳаллаҳои шаҳр таъмир мекарданд” – изҳор намуд, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Сокинони Чашма мегуянд, борҳо барои ин мушкили худ ба масъулини ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаанд, аммо то имрӯз касе ба арзи онҳо нарасидаву роҳи маҳаллаи онҳо ҳамоно хароб боқӣ аст.
Ахиран Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҳам зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи таъмир шудани ин маҳалла гуфта буд.
Лентаи хабарҳо
0