https://sputnik.tj/20230922/tamiri-roh-adrasmon-guliston-sokinon-sohibkoron-1059535722.html
Таъмири роҳи Адрасмон-Гулистон бо ташаббуси сокинону саховатмандон ва соҳибкорони ватанӣ
Таъмири роҳи Адрасмон-Гулистон бо ташаббуси сокинону саховатмандон ва соҳибкорони ватанӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Суғд мегӯяд, ки дарозии роҳи мумфаршшаванда 39 километрро ташкил дода, дар ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорон назаррас аст
2023-09-22T16:59+0500
2023-09-22T16:59+0500
2023-09-22T16:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
раҷаббой аҳмадзода
роҳ
таъмири роҳ
мумфарш
соҳибкор
сокинон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059535524_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_befb30c0a1fec2caeeca43c32fe6e5d9.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Давоми се соли охир 62 км роҳҳои маҳалии ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон навсозӣ карда шуда ва ҳоло бо ташаббуси сокинону саховатмандон, соҳибкорони ватанӣ роҳи автомобилгарди Адрасмон-Гулистон низ оғоз ёфтааст.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дарозии роҳи Адрасмон-Гулистони мумфаршшаванда 39 километрро ташкил дода, дар ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорон назаррас аст.Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон худи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шинос шуд.Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони ҷамоат иброз дошт, ки солҳои охир ба рушди ин минтақа таваҷҷуҳи хоса равона гардида ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.Ҳукумати Суғд ёдрас шудааст, ки шаҳраки Адрасмон дорои табиати нотакрор дорад ва дар ду деҳа ва маҳаллаҳои он 16489 нафар истиқомат мекунанд. Ба истиқболи ҷашни миллӣ бунёди 35 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин раванд сохтмон дар як қатор иншоот идома дорад.
https://sputnik.tj/20230801/sugd-shash-moh-roh-tamir-1058569023.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059535524_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_ba11fd9e1f63c72e56663ad0e296852e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, асфалт, таъмири роҳ, гулистон, раҷаббой аҳмадзода
тоҷикистон, суғд, асфалт, таъмири роҳ, гулистон, раҷаббой аҳмадзода
Таъмири роҳи Адрасмон-Гулистон бо ташаббуси сокинону саховатмандон ва соҳибкорони ватанӣ
Ҳукумати Суғд мегӯяд, ки дарозии роҳи мумфаршшаванда 39 километрро ташкил дода, дар ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорон назаррас аст
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Давоми се соли охир 62 км роҳҳои маҳалии ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон навсозӣ карда шуда ва ҳоло бо ташаббуси сокинону саховатмандон, соҳибкорони ватанӣ роҳи автомобилгарди Адрасмон-Гулистон низ оғоз ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дарозии роҳи Адрасмон-Гулистони мумфаршшаванда 39 километрро ташкил дода, дар ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорон назаррас аст.
“То имрӯз 13 км роҳ мумфарш гардида, дар доираи азнавсозии роҳ таҷдид пулҳои мошингузар низ ба нақша гирифта шудааст”, - таъкид кардааст ҳкумати вилояти Суғд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон худи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шинос шуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони ҷамоат иброз дошт, ки солҳои охир ба рушди ин минтақа таваҷҷуҳи хоса равона гардида ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳукумати Суғд ёдрас шудааст, ки шаҳраки Адрасмон дорои табиати нотакрор дорад ва дар ду деҳа ва маҳаллаҳои он 16489 нафар истиқомат мекунанд. Ба истиқболи ҷашни миллӣ бунёди 35 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин раванд сохтмон дар як қатор иншоот идома дорад.