https://sputnik.tj/20230821/mln-dollar-oghozi-sokhtmoni-roh-sughd-video-1058961761.html
Барои ҳар км беш аз 1 млн доллар: Оғози сохтмони роҳи 50-километрӣ дар Суғд - видео
Барои ҳар км беш аз 1 млн доллар: Оғози сохтмони роҳи 50-километрӣ дар Суғд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд ба тармиму навсозии шоҳроҳ миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом ба масофаи зиёда аз 50 километр оғоз намуданд
2023-08-21T18:55+0500
2023-08-21T18:55+0500
2023-09-26T16:56+0500
видео
нақлиёт
роҳ
сохтмон
пул
суғд
спитамен
конибодом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058960744_86:0:1364:719_1920x0_80_0_0_5c26e4061c8bd43a4e56b7c596adbcaf.png
Дар масири Спитамен – Конибодом дар доираи навсозии роҳ сохтмони 11 пул бо дарозии умумии беш аз 444 метр ва 66 истгоҳи нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст.Дар ин бора муҳандис ва мушовири гуруҳи корӣ, Алишер Абдуллоев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иттилооъ дода, афзуд, ки дар маҷмуъ дар доираи ин барнома беш аз 50 километр роҳи миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом навсозӣ мегардад."Таҷдиди роҳ тибқи меъёрҳои замони муосир сурат гирифта, дар шафати роҳ 1894 адад аломати ҷилодиҳанда, равшаннамоии беруна ба дарозии 22, 2 км ва дигар корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст", - гуфт, Абдуллоев.Замони анҷоми навсозии нақби "Истиқлол" маълум шудБа иттилоъи манбаъ, корҳои навсозии роҳ дар чор минтақа, ки ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодомро убур мекунад амалӣ хоҳад шуд.Аз ҷумла, таҷдиди қитъаи Куруш – Бекобод бо дарозии – 12,3 км, таҷдиди қитъаи Деҳмой – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарозии - 22 км, азнавсозии қитъаи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км ва азнавсозии қитъаи Конибодом - Кучкак бо дарозии беш аз 10 км дар назар аст.Таъкид шуд, ки сохтмони роҳи қитъаҳои мазкур бо харҷи қариб 57 млн доллар сармояи хориҷӣ ба иҷро расонида хоҳад шуд. Фаромишгари ин барнома худи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буда, пудратчии он ширкати чинӣ мебошад. Марҳилаи анҷоми ин лоиҳа моҳи марти соли 2026 гуфта мешавад.
суғд
спитамен
конибодом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058960744_246:0:1205:719_1920x0_80_0_0_1cc27a4cb6158a988f10f3cccbb81bea.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, суғд, сохтмон, роҳ, миллион, доллар, масофа, конибодом
чин, суғд, сохтмон, роҳ, миллион, доллар, масофа, конибодом
Барои ҳар км беш аз 1 млн доллар: Оғози сохтмони роҳи 50-километрӣ дар Суғд - видео
18:55 21.08.2023 (Навсозишуда: 16:56 26.09.2023) Дар вилояти Суғд ба тармиму навсозии шоҳроҳ миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом ба масофаи зиёда аз 50 километр оғоз намуданд
Дар масири Спитамен – Конибодом дар доираи навсозии роҳ сохтмони 11 пул бо дарозии умумии беш аз 444 метр ва 66 истгоҳи нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора муҳандис ва мушовири гуруҳи корӣ, Алишер Абдуллоев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иттилооъ дода, афзуд, ки дар маҷмуъ дар доираи ин барнома беш аз 50 километр роҳи миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом навсозӣ мегардад.
"Таҷдиди роҳ тибқи меъёрҳои замони муосир сурат гирифта, дар шафати роҳ 1894 адад аломати ҷилодиҳанда, равшаннамоии беруна ба дарозии 22, 2 км ва дигар корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст", - гуфт, Абдуллоев.
Ба иттилоъи манбаъ, корҳои навсозии роҳ дар чор минтақа, ки ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодомро убур мекунад амалӣ хоҳад шуд.
Аз ҷумла, таҷдиди қитъаи Куруш – Бекобод бо дарозии – 12,3 км, таҷдиди қитъаи Деҳмой – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарозии - 22 км, азнавсозии қитъаи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км ва азнавсозии қитъаи Конибодом - Кучкак бо дарозии беш аз 10 км дар назар аст.
Таъкид шуд, ки сохтмони роҳи қитъаҳои мазкур бо харҷи қариб 57 млн доллар сармояи хориҷӣ ба иҷро расонида хоҳад шуд.
Фаромишгари ин барнома худи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буда, пудратчии он ширкати чинӣ мебошад. Марҳилаи анҷоми ин лоиҳа моҳи марти соли 2026 гуфта мешавад.