https://sputnik.tj/20230925/volodin-vashington-brussel-jangi-rusiya-maghlub-1059571243.html
Володин: Вашингтон ва Брюссел дар ҷанги зидди Русия мағлуб шуданд
Володин: Вашингтон ва Брюссел дар ҷанги зидди Русия мағлуб шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатӣ изҳоротҳои ҷониби Иёлоти Муттаҳи, Иттиҳоди Аврупо ва инчунин вазъи Украина аз он шаҳодат, ки онҳо ҷангро бохтаанд
2023-09-25T11:58+0500
2023-09-25T11:58+0500
2023-09-25T11:58+0500
вячеслав володин
дар русия
има
брюссел
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар “ҷанги харобкорона” алайҳи Русия мағлуб шуданд. Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар телеграм-каналаш навишта, вобаста ба ин далелҳои худро овардааст.Вай қайд кард, ки президенти ИМА Ҷо Байден, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ва дигар мақомоти ғарбӣ дар бораи низоъ дар Украина ҳарф зада, онро "ҷанги харобкор" унвон карданд ва барои низомисозии режими Киев маблағи ҳангуфт рехтанд. Ба андешаи Володин, ин боиси нарасидани яроқу лавозимоти ҳарбӣ дар Ғарб гардид. "Дар моҳи июни соли ҷорӣ вазири дифоъи Бритониё (Бен) Уоллес гуфта буд, ки кишварҳои ғарбӣ аз захираи миллии аслиҳае, ки метавонистанд ба Киев таъмин кунанд, тамом шуд. Дар моҳи июл, Байден дар навбати худ иқрор шуд, ки тасмим дар бораи интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ ба Украина аз он сабаб анҷом дода шуд, ки гулӯлаҳои муқаррарӣ тамом шуда буданд", - гуфт раиси Думаи давлатӣ. Тавре Володин қайд кард, тасдиқи шикасти Ғарб дар ҷанг инчунин аз даст додани эътимоди аҳолии Аврупо ва ИМА ба сиёсатмадорон, нокомии ҳамлаи муқобили режими Киев ва мушкилоти иқтисодии Ғарб мебошад. "Режими Киев мардони аз 50-сола боло, инчунин беморони сил, гепатити вирусӣ, ВНМО ва ғайраро сафарбар мекунад. Аз 1 октябри соли 2023 занон низ ба қайди ҳарбӣ гирифта мешаванд. Ба щамшираҳои шафқат, табибон ва дорусозон сафар берун аз Украина мамнӯъ аст.Украина муфлис шудааст.ММД Украина дар соли 2022 30,4% коҳиш ёфт, ки ин бадтарин натиҷа дар таърихи ин кишвар аст... Аз соли 2014 Украина 53,7% аҳолии худро аз даст додааст”, - таъкид кард Володин. Тавре раиси Думаи Давлатӣ хулоса кард, далелҳои номбаршуда шаҳодат медиҳанд: ё режими Киев ба шартҳои Федератсияи Русия таслим мешавад ё Украина мавҷудияти як давлатро қатъ мекунад.
https://sputnik.tj/20230924/lavrov-maskav-ehtirom-tamomiyat-arzi-ukraina-1059559205.html
има
брюссел
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин вашингтон брюссел ҷанг русия мағлуб
володин вашингтон брюссел ҷанг русия мағлуб
Володин: Вашингтон ва Брюссел дар ҷанги зидди Русия мағлуб шуданд
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатӣ изҳоротҳои ҷониби Иёлоти Муттаҳи, Иттиҳоди Аврупо ва инчунин вазъи Украина аз он шаҳодат, ки онҳо ҷангро бохтаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар “ҷанги харобкорона” алайҳи Русия мағлуб шуданд.
Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар телеграм-каналаш навишта, вобаста ба ин далелҳои худро овардааст.
"Ҳафт далел, ки Вашингтон ва Брюссел дар "ҷанги иғвогарона"-и зидди Русия мағлуб шуданд",- навиштааст Володин.
Вай қайд кард, ки президенти ИМА Ҷо Байден, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ва дигар мақомоти ғарбӣ дар бораи низоъ дар Украина ҳарф зада, онро "ҷанги харобкор" унвон карданд ва барои низомисозии режими Киев маблағи ҳангуфт рехтанд.
Ба андешаи Володин, ин боиси нарасидани яроқу лавозимоти ҳарбӣ дар Ғарб гардид.
"Дар моҳи июни соли ҷорӣ вазири дифоъи Бритониё (Бен) Уоллес гуфта буд, ки кишварҳои ғарбӣ аз захираи миллии аслиҳае, ки метавонистанд ба Киев таъмин кунанд, тамом шуд. Дар моҳи июл, Байден дар навбати худ иқрор шуд, ки тасмим дар бораи интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ ба Украина аз он сабаб анҷом дода шуд, ки гулӯлаҳои муқаррарӣ тамом шуда буданд", - гуфт раиси Думаи давлатӣ.
Тавре Володин қайд кард, тасдиқи шикасти Ғарб дар ҷанг инчунин аз даст додани эътимоди аҳолии Аврупо ва ИМА ба сиёсатмадорон, нокомии ҳамлаи муқобили режими Киев ва мушкилоти иқтисодии Ғарб мебошад.
"Режими Киев мардони аз 50-сола боло, инчунин беморони сил, гепатити вирусӣ, ВНМО ва ғайраро сафарбар мекунад. Аз 1 октябри соли 2023 занон низ ба қайди ҳарбӣ гирифта мешаванд. Ба щамшираҳои шафқат, табибон ва дорусозон сафар берун аз Украина мамнӯъ аст.Украина муфлис шудааст.ММД Украина дар соли 2022 30,4% коҳиш ёфт, ки ин бадтарин натиҷа дар таърихи ин кишвар аст... Аз соли 2014 Украина 53,7% аҳолии худро аз даст додааст”, - таъкид кард Володин.
Тавре раиси Думаи Давлатӣ хулоса кард, далелҳои номбаршуда шаҳодат медиҳанд: ё режими Киев ба шартҳои Федератсияи Русия таслим мешавад ё Украина мавҷудияти як давлатро қатъ мекунад.