https://sputnik.tj/20230924/lavrov-maskav-ehtirom-tamomiyat-arzi-ukraina-1059559205.html
Лавров шарти Маскав барои эҳтироми тамомияти арзии Украинаро гуфт
Лавров шарти Маскав барои эҳтироми тамомияти арзии Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия шароитеро ном бурд, ки дар сурати иҷрои он Маскав тамомияти арзии Украинаро эҳтиром мекард ва бо он ҳеч мушкиле надошт
2023-09-24T12:56+0500
2023-09-24T12:56+0500
2023-09-24T12:56+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
маскав
амалиёт
низомӣ
украина
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_0:77:3365:1970_1920x0_80_0_0_274555abd500c8bdc34e884062787f5e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Русия тамомияти арзии Украинаро дар сурати иҷрои муқаррароти эъломияи истиқлолаш дар соли 1991 эҳтиром мекунад.Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ дар пайи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ гуфт. Лавров ёдовар шуд, Маскав истиқлолияти Украинаро бар асоси эъломияи истиқлолият эътироф кард, ки дар он "бисёр чизҳои хуб навишта шудаанд", аз ҷумла эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва мақомоти забони русӣ, ки он ҷо сабт шудааст. Дар зимн вазири умури хориҷии Русия зикр кард, ки мақомоти Киев бар зидди Донбасс, бар зидди Қрим ҷангро оғоз карданд ва дар чунин шароит гуфтан, ки ин ҳукумат аз мардум намояндагӣ мекунад, ғайриимкон мебошад. Вай таъкид кард, ки Маскав бо тамомияти арзии Украина ҳеҷ мушкиле надошт ва онро худи роҳбарони ин кишвар бо ҷанг алайҳи мардуми худ вайрон карданд. Ҳамчунин, вазири умури хориҷа гуфт, Маскав барои музокирот дар бораи Украина омода аст, аммо ҳеҷ пешниҳоди оташбасро баррасӣ нахоҳад кард, зеро Русия аллакай як бор фиреб хӯрд.
https://sputnik.tj/20230923/kiev-kherson-yak-hafta-tahriban-440-nafarro-talaf-dod-1059556269.html
маскав
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_318:0:3047:2047_1920x0_80_0_0_cd17d0eae4a14c83da9eccc55945e2da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, шарт, тамомият, арзӣ, украина, русия
маскав, шарт, тамомият, арзӣ, украина, русия
Лавров шарти Маскав барои эҳтироми тамомияти арзии Украинаро гуфт
Вазири корҳои хориҷии Русия шароитеро ном бурд, ки дар сурати иҷрои он Маскав тамомияти арзии Украинаро эҳтиром мекард ва бо он ҳеч мушкиле надошт
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Русия тамомияти арзии Украинаро дар сурати иҷрои муқаррароти эъломияи истиқлолаш дар соли 1991 эҳтиром мекунад.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ дар пайи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ гуфт.
"Яке аз нуктаҳои муҳим дар Эъломияи истиқлол барои мо ин буд, ки Украина як кишвари ғайриблокӣ хоҳад буд ва ба ҳеҷ иттиҳоди низомӣ намепайвандад. Дар чунин шароит мо аз тамомияти арзии Украина ҳимоят мекунем", - гуфт вазир.
Лавров ёдовар шуд, Маскав истиқлолияти Украинаро бар асоси эъломияи истиқлолият эътироф кард, ки дар он "бисёр чизҳои хуб навишта шудаанд", аз ҷумла эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва мақомоти забони русӣ, ки он ҷо сабт шудааст.
Дар зимн вазири умури хориҷии Русия зикр кард, ки мақомоти Киев бар зидди Донбасс, бар зидди Қрим ҷангро оғоз карданд ва дар чунин шароит гуфтан, ки ин ҳукумат аз мардум намояндагӣ мекунад, ғайриимкон мебошад.
Вай таъкид кард, ки Маскав бо тамомияти арзии Украина ҳеҷ мушкиле надошт ва онро худи роҳбарони ин кишвар бо ҷанг алайҳи мардуми худ вайрон карданд.
Ҳамчунин, вазири умури хориҷа гуфт, Маскав барои музокирот дар бораи Украина омода аст, аммо ҳеҷ пешниҳоди оташбасро баррасӣ нахоҳад кард, зеро Русия аллакай як бор фиреб хӯрд.