https://sputnik.tj/20221002/sobiq-maqomdor-pentagon-gaz-1051816473.html
Собиқ мақомдори Пентагон гуфт, кӣ метавонист лӯлаҳои газро тарконад
Собиқ мақомдори Пентагон гуфт, кӣ метавонист лӯлаҳои газро тарконад
Sputnik Тоҷикистон
Силсилаи таркишҳо дар лӯлаи зериобии гази Русия барои шумораи маҳдуди кишварҳое фоидаовар мебошад, метавонанд ба ин тахрибкорӣ даст зада бошанд
2022-10-02T11:30+0500
2022-10-02T11:30+0500
2022-10-02T11:30+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
таркиш
дмитрий песков
лӯлаи газ
има
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/02/1051815098_0:49:1146:694_1920x0_80_0_0_cb2dab845cdebc00a1cd2125588f82ee.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳамла ба лӯлаҳои гази "Маҷрои Шимол" ва "Маҷрои Шимол - 2"-ро танҳо ду давлат анҷом дода метавонист. Ин нуктаро полковники мустаъфии амрикоӣ, собиқ мушовири аршади раҳбари Пентагон Дуглас Макгрегор зимни суҳбат дар саҳифаи "Judging Freedom"-и "Youtube" баён доштаст.Ба гуфтаи ин низомӣ, аз ҷиҳати сохтор лӯлаҳо хеле мустаҳкам сохта шудаанд, аз ин рӯ барои осеб дидани онҳо миқдори зиёди маводи тарканда лозим аст. Илова бар ин, Макгрегор ба номувофиқатии иттиҳомоти зидди Маскав ишора кард, зеро он аз ҳисоби лӯлаи газ даромади зиёд дошт. Инчунин, чунин икдом барои Олмон, чун гирандаи асосии манобеи нерӯ, зараровар арзёбӣ гардидаст. Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи изтирорӣ дар лӯлаҳо дар ҷанубу шарқ ва шимолу шарқи ҷазираи Борнҳолм рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти Шветсия ва Дания, ду шикоф дар лӯлаи гази "Маҷрои шимол" ва як адад дар "Маҷрои шимол-2" сабт шудааст. Қаблан котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков истисно накард, ки рахнаи лӯлаи газ метавонад паёмади тахрибкории ҳадафмандона бошад. Ҳодисаҳои ихроҷи газ аз лӯлаҳо дар натиҷаи таркишҳо рух доданд, гуфтдар навбати худ вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде.
https://sputnik.tj/20220928/rusiya-amriko-posukh-sadamai-lula-majroi-shimoli-1051743303.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/02/1051815098_111:0:1036:694_1920x0_80_0_0_aa856d2df4a3b0cd85d9a8f8214a686f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, тахрибкор, лӯла, газ
има, тахрибкор, лӯла, газ
Собиқ мақомдори Пентагон гуфт, кӣ метавонист лӯлаҳои газро тарконад
Силсилаи таркишҳо дар лӯлаи зериобии гази Русия барои шумораи маҳдуди кишварҳое фоидаовар мебошад, метавонанд ба ин тахрибкорӣ даст зада бошанд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳамла ба лӯлаҳои гази "Маҷрои Шимол" ва "Маҷрои Шимол - 2"-ро танҳо ду давлат анҷом дода метавонист.
Ин нуктаро полковники мустаъфии амрикоӣ, собиқ мушовири аршади раҳбари Пентагон Дуглас Макгрегор зимни суҳбат дар саҳифаи "Judging Freedom"-и "Youtube" баён доштаст.
"Бубинед, ки кадом ниҳодҳои давлатӣ тавоноии ин корро доранд. Ин нерӯи баҳрии шоҳигарии Бритониё ва қувваҳои дарёии Иёлоти Муттаҳида мебошанд. Ман фикр мекунам, ки ин хеле равшан аст", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ин низомӣ, аз ҷиҳати сохтор лӯлаҳо хеле мустаҳкам сохта шудаанд, аз ин рӯ барои осеб дидани онҳо миқдори зиёди маводи тарканда лозим аст.
Илова бар ин, Макгрегор ба номувофиқатии иттиҳомоти зидди Маскав ишора кард, зеро он аз ҳисоби лӯлаи газ даромади зиёд дошт.
Инчунин, чунин икдом барои Олмон, чун гирандаи асосии манобеи нерӯ, зараровар арзёбӣ гардидаст.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи изтирорӣ дар лӯлаҳо дар ҷанубу шарқ ва шимолу шарқи ҷазираи Борнҳолм рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти Шветсия ва Дания, ду шикоф дар лӯлаи гази "Маҷрои шимол" ва як адад дар "Маҷрои шимол-2" сабт шудааст.
Қаблан котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков истисно накард, ки рахнаи лӯлаи газ метавонад паёмади тахрибкории ҳадафмандона бошад.
Ҳодисаҳои ихроҷи газ аз лӯлаҳо дар натиҷаи таркишҳо рух доданд, гуфтдар навбати худ вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде.