Русия ба ИМА иҷоза намедиҳад, ки дар бораи ҳамлаи террористӣ ба"Маҷрои Шимол" хомӯш бошад

© KustbevakningenМесто утечки на газопроводе "Северный поток"
Место утечки на газопроводе Северный поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Обуна шудан
Маскав ҳодисаи дар лӯлаҳои баҳри Балтика рухдодаро амали террористии байналмилалӣ арзёбӣ мекунад, ки таҳқиқи ҳамаҷониба ва мустақилро тақозо мекунад.
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Русия ба ИМА иҷоза намедиҳад, ки дар бораи вазъ дар мавриди тахрибкорӣ лӯлаи "Маҷрои Шимол" хомӯш бошад.
Дар ин бораTelegram-канали сафорати Русия дар Вашингтон бо такя ба шарҳи сухангӯи Игор Гиренко хабар додааст.
"Ҷониби Русия иҷоза намедиҳад, ки вазъ дар мавриди тахриби инфрасохтори муҳими энержӣ "дарҳам барҳам карда шавад". Бахусус бо назардошти он, ки дар бораи чанд заряди нотаркида, ки зоҳиран дар қаъри баҳр боқӣ мондаанд, чизе маълум нест", - гуфт ӯ.
Дипломат афзуд, ки сафорат ин ҳодисаро амали террористии байналмилалӣ арзёбӣ мекунад ва таҳқиқи ҳамаҷониба ва мустақилро тақозо мекунад.
Илова бар ин, Гиренко пешниҳод кард, ки мақомоти ИМА аз иттиҳомоти Маскав даст кашида ва ба кор шурӯъ кунанд, то "ҳадди ақал кӯшиш кунанд, ки бегуноҳии худро дар ҳодисаи рухдода исбот созанд".
Место утечки газа на газопроводе Северный поток 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2023
Олмон бегуноҳии Русияро дар ҳамалоти террористӣ дар Маҷрои Шимолӣ эътироф кард
Қаблан рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Пулитсер Сеймур Ҳерш дар бораи таҳқиқи таркишҳо дар лӯлаҳои Русия мақолае нашр карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, Амрико дар паси ҳамла қарор дорад ва кишварҳои НАТО дар ин кор ба онҳо кумак кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0