https://sputnik.tj/20230327/vazorat-khorija-rusiya-sharoit-bozsozi-majroi-shimol-elon-1055775354.html
Вазорати умури хориҷаи Русия шароити бозсозии "Маҷрои шимолиро" эълон кард
Вазорати умури хориҷаи Русия шароити бозсозии "Маҷрои шимолиро" эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, таъмири хатҳои харобшудаи "Маҷрои Шимолӣ" дар сурати мавҷуд будани иродаи Ғарб имконпазир аст
2023-03-27T12:58+0500
2023-03-27T12:58+0500
2023-03-27T12:58+0500
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/02/1051815098_0:49:1146:694_1920x0_80_0_0_cb2dab845cdebc00a1cd2125588f82ee.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сарнавишти лӯлаҳои гази “Маҷрои шимолӣ” ҳанӯз рӯшан нест, хисоротро метавон ислоҳ кард, аммо барои ин бояд дар Ғарб иродаи мустақили сиёсӣ вуҷуд дошта бошад.Дар ин бора, Дмитрий Биричевский, мудири бахши ҳамкориҳои иқтисодии вазорати хориҷаи Русия ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст.Ба таъкиди ӯ, мавзеъҳои шикаста дар умқи тақрибан 100 метр ҷойгир шудаанд ва ин аз ҷиҳати техникӣ имкон медиҳад, ки корҳои таъмирӣ анҷом дода шаванд. Аммо барои ин кор бояд заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ вуҷуд дошта бошанд. "Амалҳои феълӣ кишварҳои ғарбӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳқиқи ҳамлаи террористӣ ба иншооти энержии худ далели таваҷҷӯҳ надоштани онҳо ба равобити муқаррарӣ бо Русия дар бахши энержӣ аст", - афзуд Биричевский.Ёдовар мешавем, ки 26 сентябри соли 2022 ҳамзамон дар ду лӯлаи гази содиротии Русия ба Аврупо - Ҷараёни Шимоли 1 ва Маҷрои Шимоли 2 таркиш рух дод. Олмон, Дания ва Шветсия тахрибкории ҳадафмандонаро рад накарданд. Мутахасиссо гуфтаанд, ки вазъияти изтирорӣ дар лӯлаҳои газ бесобиқа буда, вақти таъмирро ҳисоб кардан ғайриимкон аст. Рӯзи 31 октябр раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки ба "Газпром" иҷозаи бозрасии макони таркиш дода шудааст ва раҳбари ин ширкат Алексей Миллер дар бораи бозрасӣ ба ӯ гузориш додааст.Рӯзноманигори амрикоии барандаи ҷоизаи Пулитсер Сеймур Ҳерш таҳқиқоти худро дар бораи таркишҳои Маҷрои Шимолӣ рӯзи 8 феврал нашр кард ва дар он ба нақл аз як манбаъ гуфт, ки маводи тарканда дар зери лӯлаҳои гази Русия моҳи июни соли 2022 зери пардаи машқҳои Baltops аз ҷониби ғаввосҳои баҳрии ИМА бо пуштибонии мутахассисони норвежӣ гузошта шуда буд. Ба гуфтаи Ҳерш, тасмим дар бораи оғози амалиётро Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, пас аз нӯҳ моҳи гуфтугӯҳо бо мақомоти давлатии марбут ба масоили амнияти миллӣ қабул кардааст. Баъдан Пентагон ба Sputnik гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ба таркиши лӯлаҳои гази Русия дар соли гузашта ҳеҷ иртиботе надорад.
https://sputnik.tj/20221223/putin-tarkish-majroi-shimoli-amali-terrorizmi-baynalmilali-1053726628.html
https://sputnik.tj/20230216/rusiya-ima-hamla-terroristi-majroi-shimoli-khomush-1054960989.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/02/1051815098_111:0:1036:694_1920x0_80_0_0_aa856d2df4a3b0cd85d9a8f8214a686f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх русия шароит бозсозӣ "маҷрои шимолиро" эълон
вкх русия шароит бозсозӣ "маҷрои шимолиро" эълон
Вазорати умури хориҷаи Русия шароити бозсозии "Маҷрои шимолиро" эълон кард
Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, таъмири хатҳои харобшудаи "Маҷрои Шимолӣ" дар сурати мавҷуд будани иродаи Ғарб имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сарнавишти лӯлаҳои гази “Маҷрои шимолӣ” ҳанӯз рӯшан нест, хисоротро метавон ислоҳ кард, аммо барои ин бояд дар Ғарб иродаи мустақили сиёсӣ вуҷуд дошта бошад.
Дар ин бора, Дмитрий Биричевский, мудири бахши ҳамкориҳои иқтисодии вазорати хориҷаи Русия ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст.
"Дар ин марҳила дар бораи сарнавишти ояндаи низоми лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ" ҳарф задан хеле душвор аст. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи коршиносон, хатҳои осебдидаро метавон барқарор кард",- гуфтааст ӯ.
Ба таъкиди ӯ, мавзеъҳои шикаста дар умқи тақрибан 100 метр ҷойгир шудаанд ва ин аз ҷиҳати техникӣ имкон медиҳад, ки корҳои таъмирӣ анҷом дода шаванд. Аммо барои ин кор бояд заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ вуҷуд дошта бошанд.
"Амалҳои феълӣ кишварҳои ғарбӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳқиқи ҳамлаи террористӣ ба иншооти энержии худ далели таваҷҷӯҳ надоштани онҳо ба равобити муқаррарӣ бо Русия дар бахши энержӣ аст", - афзуд Биричевский.
Ёдовар мешавем, ки 26 сентябри соли 2022 ҳамзамон дар ду лӯлаи гази содиротии Русия ба Аврупо - Ҷараёни Шимоли 1 ва Маҷрои Шимоли 2 таркиш рух дод. Олмон, Дания ва Шветсия тахрибкории ҳадафмандонаро рад накарданд.
Мутахасиссо гуфтаанд, ки вазъияти изтирорӣ дар лӯлаҳои газ бесобиқа буда, вақти таъмирро ҳисоб кардан ғайриимкон аст.
Рӯзи 31 октябр раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки ба "Газпром" иҷозаи бозрасии макони таркиш дода шудааст ва раҳбари ин ширкат Алексей Миллер дар бораи бозрасӣ ба ӯ гузориш додааст.
Рӯзноманигори амрикоии барандаи ҷоизаи Пулитсер Сеймур Ҳерш таҳқиқоти худро дар бораи таркишҳои Маҷрои Шимолӣ рӯзи 8 феврал нашр кард ва дар он ба нақл аз як манбаъ гуфт, ки маводи тарканда дар зери лӯлаҳои гази Русия моҳи июни соли 2022 зери пардаи машқҳои Baltops аз ҷониби ғаввосҳои баҳрии ИМА бо пуштибонии мутахассисони норвежӣ гузошта шуда буд.
Ба гуфтаи Ҳерш, тасмим дар бораи оғози амалиётро Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, пас аз нӯҳ моҳи гуфтугӯҳо бо мақомоти давлатии марбут ба масоили амнияти миллӣ қабул кардааст.
Баъдан Пентагон ба Sputnik гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ба таркиши лӯлаҳои гази Русия дар соли гузашта ҳеҷ иртиботе надорад.