https://sputnik.tj/20230921/prezidenti-tojikiston-dar-smm-tahqiri-quronro-mahkum-kard-1059506744.html
Президенти Тоҷикистон дар СММ таҳқири Қуръонро маҳкум кард
Президенти Тоҷикистон дар СММ таҳқири Қуръонро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар робита ба таҳқири муқаддасоти ислом ва қуръонсӯзӣ дар чанде аз кишварҳои ғарбӣ дар минбари СММ изҳори назар кард
2023-09-21T10:24+0500
2023-09-21T10:24+0500
2023-09-21T10:41+0500
дар тоҷикистон
смм
эмомалӣ раҳмон
суханронӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577517_0:121:3076:1851_1920x0_80_0_0_e9640d60e712faf279f30ebd6626e35c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад.Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии СММ изҳор дошт.Чунин амалкардҳои иғвоангезона ба гуфтаи ӯ, дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд.Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ зери унвони "Рушди муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ ва таҳаммулгароӣ дар муқобила бо нафрат" бори дигар аҳаммияти муколамаю ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳоро дар раванди таҳкими сулҳ таъкид мекунад.Раҳмон дар идома гуфт, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.Вай дар поён аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба ҷойи аъмоле, ки боиси гусастагӣ мегардад, беҳтар ин аст, ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад.Ёдовар мешавем, ки пулиси Шветсия рӯзи 28 июн - дар рӯзи аввали иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дод.Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори полис "қонунӣ, вале номуносиб" аст.Вокуниши вазири Доғистон ба сӯзондани ҚуръонХуди ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар китоб бекон андохта, онро оташ зад.Тақрибан 200 нафар ин тамошо медиданд, бино ба гузоришҳои расонаҳо, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз шиор медоданд ва ҳатто якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.Ин амал дар кишварҳои дигари ғарбӣ ҷандин бор иҷро шуд, ки дар пайи вокуниши сахтеро дошт.Қаблан Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ низ расман чунин амалҳоро маҳкум кард."Таҳқири Қуръони Карим дар ҷомеа низоъ ба вуҷуд оварда, ихтилофи байни динҳоро бармеангезад", - таъкид манбаъ.
https://sputnik.tj/20230728/vkkh-tojikiston-suzondan-quron-izhor-nazar-1058490151.html
https://sputnik.tj/20230630/eron-suzondan-quron-shvetsiya-mahkum-1057997308.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577517_345:0:3076:2048_1920x0_80_0_0_d63fb45d8ce92186e68c31b7711ec6f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент тоҷикистон смм таҳқир қуръон маҳкум
президент тоҷикистон смм таҳқир қуръон маҳкум
Президенти Тоҷикистон дар СММ таҳқири Қуръонро маҳкум кард
10:24 21.09.2023 (Навсозишуда: 10:41 21.09.2023) Президенти Тоҷикистон дар робита ба таҳқири муқаддасоти ислом ва қуръонсӯзӣ дар чанде аз кишварҳои ғарбӣ дар минбари СММ изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии СММ изҳор дошт.
Чунин амалкардҳои иғвоангезона ба гуфтаи ӯ, дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд.
"Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд", - афзуд президенти кишвар.
Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ зери унвони "Рушди муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ ва таҳаммулгароӣ дар муқобила бо нафрат" бори дигар аҳаммияти муколамаю ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳоро дар раванди таҳкими сулҳ таъкид мекунад.
Раҳмон дар идома гуфт, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.
Вай дар поён аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба ҷойи аъмоле, ки боиси гусастагӣ мегардад, беҳтар ин аст, ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад.
Ёдовар мешавем, ки пулиси Шветсия рӯзи 28 июн - дар рӯзи аввали иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дод.
Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори полис "қонунӣ, вале номуносиб" аст.
Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар китоб бекон андохта, онро оташ зад.
Тақрибан 200 нафар ин тамошо медиданд, бино ба гузоришҳои расонаҳо, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз шиор медоданд ва ҳатто якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.
Ин амал дар кишварҳои дигари ғарбӣ ҷандин бор иҷро шуд, ки дар пайи вокуниши сахтеро дошт.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ низ расман чунин амалҳоро маҳкум кард.
"Таҳқири Қуръони Карим дар ҷомеа низоъ ба вуҷуд оварда, ихтилофи байни динҳоро бармеангезад", - таъкид манбаъ.