ВКХ Тоҷикистон дар бораи сӯзондани Қуръон изҳори назар кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тазоҳуроти эътирозӣ дар Ғарб барои оташ задани китоби муқаддаси кулли мусалмононро ғайри қобили қабул хонд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Амалҳо бо таҳқири Қуръон барои мусулмонони ҷаҳон таҳқиромез буда, ихтилофи байни динҳоро ба вуҷуд меоранд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
"Таҳқири Қуръони Карим дар ҷомеа низоъ ба вуҷуд оварда, ихтилофи байни динҳоро бармеангезад", - таъкид карданд аз вазорати корҳои хориҷӣ.
Онҳо ҳамчунин қайд карданд, ки намояндагии дипломатии кишвар "ҳар зуҳури таҳаммулнопазирӣ, ифротгароӣ ва терроризм, хусумат, ҷангу низоъҳоро" маҳкум мекунад.
"Мо ҳамеша ҷонибдори муколамаи созандаи тамаддунҳо ҳастем", - хулоса кард вазорат.
Қаблан миллатгароён дар Дания дар як рӯз ду Қуръонро оташ зада буданд. А
Иқдоми созмони радикалии "Патриотҳои Дания" дар назди сафоратхонаҳои Миср ва Туркия дар Копенгаген сурат гирифт.
Пеш аз ин аъзоёни як гуруҳ ду маротиба дар назди бинои намояндагии дипломатии Ироқ китоби муқаддасро оташ зада, парчами давлатии ҷумҳуриро таҳқир карданд.
Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Дар Шветсия марде мехост Қуръонро сӯзад, аммо оинномаи НАТО-ро оташ зад
Ҳамин тариқ, ин амал аз ҷониби Алҷазоир, Афғонистон, Миср, Индонезия, Лубнон, Сурия, Туркия, Ӯзбекистон, инчунин дабири кулли Лигаи кишварҳои араб (ЛАС), Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои араб ва Давлатҳои Халиҷи Форсмаҳкум карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки пулиси Шветсия рӯзи 28 июн - дар рӯзи аввали иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дод.
Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори полис "қонунӣ, вале номуносиб" аст.
Вокуниши вазири Доғистон ба сӯзондани Қуръон
Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар китоб бекон андохта, онро оташ зад.
Тақрибан 200 нафар ин тамошо медиданд, бино ба гузоришҳои расонаҳо, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз шиор медоданд ва ҳатто якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.
Лентаи хабарҳо
0