Вокуниши вазири Доғистон ба сӯзондани Қуръон

© Sputnik / Магомед АлиевЦентральная джума-мечеть, Махачкала
Центральная джума-мечеть, Махачкала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Дар пайи вокуниши муфтии Чеченистон ва маҳкум кардани сӯзондани Қуръон, вазири сиёсати миллӣ ва умури дини Афғонистонро қазияро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Қарори мақомоти Шветсия дар бораи иҷозаи сӯзондани Қуръон дар ҷашни муқаддаси мусалмонон як девонагии ошкор ё иғвои барқасдона аст, гуфт Энрик Муслимов, вазири сиёсати миллӣ ва умури дини Доғистон ба РИА "Новости".
"Амали мақомоти Стокҳолм, Шветсия, ки дар рӯзи муқаддаси тамоми мусалмонон ба сӯзондани Қуръон дар канори масҷид иҷоза дод, танҳо боиси тааҷҷуб аст. Бо Аврупои пешрафта чӣ шуда истодааст? Ин иғвои барқасдона аст", - гуфт Мусулимов.
Маврид ба зикр аст, ки Думаи давлатии Русия низ ахиран таҳқири муқаддасоти мусалмонон дар Шветсияро маҳкум кард.
Қайд карда мешавад, ки ин кирдорҳо асоси сулҳу амонӣ, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо ва мамлакатҳоро вайрон мекунанд.
Муфтий Чеченской Республики Салах Межиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Муфтии Чеченистон: Ғарб ҷанг бо Исломро қонунӣ кард
Муфтии Чеченистон Салоҳ Межиев дар вокуниш ба ин иқдом гуфт, Ғарб ҷанги зидди исломро қонунӣ кардааст ва амали сӯзондани Қуръон, ки пулиси Стокҳолм иҷозат додааст, боз як далели ин аст.
"Бандагони Иблиси лаъин сиёсати нопоконаи худро алайҳи тамоми ҷаҳони ислом идома медиҳанд. Дар рӯзи муқаддас барои тамоми мусалмонон бори дигар Қуръонро тамасхур мекунанд", - шарҳ дод ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин намоишнома нест, ки дар пойтахти Шветсия баргузор мешавад.
Моҳи январи соли 2022 сиёсатмадори ифротгаро ва раҳбари ҳизби зидди исломии "Масири сахт" Расмус Палудан дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро ба таври намоишкорона сӯзонд. Ин ҳам бо иҷозати мақомоти шаҳр сурат гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0