https://sputnik.tj/20230630/eron-suzondan-quron-shvetsiya-mahkum-1057997308.html
Вазорати хориҷаи Эрон сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
Вазорати хориҷаи Эрон сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Эрон мутмаин аст, ки хомӯшии мақомоти Шветсия дар мавриди эътирози сӯзондани Қуръон ташвиқ барои вайронкорон аст
2023-06-30T10:25+0500
2023-06-30T10:25+0500
2023-06-30T10:38+0500
эрон
дин ва оин
қуръон
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1057995550_86:0:1180:615_1920x0_80_0_0_8343d87faf5118adf5f82a1ada0b75b5.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Намояндаи Шветсия дар Теҳрон даъват шуда буд, то эътироз ба амалкарди Стокҳолм барои таҳқир ва сӯзондани Қуръон дар ин кишвар расонида шавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ хабар додааст. Гуфта мешавад, ки сардори раёсати вазорати умури хориҷаи Эрон оид ба Аврупои Ғарбӣ Маҷид Нилӣ Аҳмадободӣ бо кордори намояндагии Швесия гуфтушунид кардааст. Қаблан сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ гуфта буд, ки мақомоти ин кишвар сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кардаанд. Вай ҳамчунин тасмими кишвар дар мавриди иҷозаи дубораи сӯзондани китоби муқаддасро, ба хусус дар рӯзҳое, ки барои мусалмонони ҷаҳон бо Ҳаҷ ва Иди Қурбон алоқаманд аст, "иғвоангез, беандеша ва ғайри қобили қабул" хонд. Носир Канъанӣ аз Стокголм даъват кард, ки кӯшишҳои минбаъдаи таҳқир кардани муқаддасотро бас кунад ва масъулияти ин гуна кирдорҳоро ба таври ҷиддӣ ба назар гирад. Қаблан пулиси Шветсия 28 июн - дар рӯзи иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дода буд.Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ "қонунӣ, вале номуносиб" аст.Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар қабати китоб бекон монду онро оташ зад.Ба гузориши расонаҳо, тақрибан 200 нафар ин саҳнаро тамошо мекарданд, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз баромад мекарданд ва якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.Ёдовар мешавем, ки ин аввалин намоишнома нест, ки дар пойтахти Шветсия баргузор мешавад.Моҳи январи соли 2022 сиёсатмадори ифротгаро ва раҳбари ҳизби зидди исломии "Масири сахт" Расмус Палудан дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро ба таври намоишкорона сӯзонд. Ин ҳам бо иҷозати мақомоти шаҳр сурат гирифта буд.
https://sputnik.tj/20230629/jalb-ukraina-nato-avj-nizo-vkkh-rusiya-1057982587.html
https://sputnik.tj/20230629/mufti-checheniston-gharb-jang-islom-1057986979.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1057995550_162:0:1135:730_1920x0_80_0_0_c0133785734c8019eabb9416fde1767a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон сӯзондан қуръон шветсия маҳкум
эрон сӯзондан қуръон шветсия маҳкум
Вазорати хориҷаи Эрон сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
10:25 30.06.2023 (Навсозишуда: 10:38 30.06.2023) Вазорати умури хориҷаи Эрон мутмаин аст, ки хомӯшии мақомоти Шветсия дар мавриди эътирози сӯзондани Қуръон ташвиқ барои вайронкорон аст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Намояндаи Шветсия дар Теҳрон даъват шуда буд, то эътироз ба амалкарди Стокҳолм барои таҳқир ва сӯзондани Қуръон дар ин кишвар расонида шавад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки сардори раёсати вазорати умури хориҷаи Эрон оид ба Аврупои Ғарбӣ Маҷид Нилӣ Аҳмадободӣ бо кордори намояндагии Швесия гуфтушунид кардааст.
"Маҷид Нилӣ Аҳмадободӣ сукут ва рафтори ғайрифаъолонаи давлати Шветсияро омиле номид, ки поймолкунандагони яке аз умдаҳои бунёдӣ ва ошкори ҳуқуқи башар, яъне асли эҳтиром ба арзишҳои динӣ ташвиқ мекунад", - афзудааст манбаъ.
Қаблан сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ гуфта буд, ки мақомоти ин кишвар сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кардаанд.
Вай ҳамчунин тасмими кишвар дар мавриди иҷозаи дубораи сӯзондани китоби муқаддасро, ба хусус дар рӯзҳое, ки барои мусалмонони ҷаҳон бо Ҳаҷ ва Иди Қурбон алоқаманд аст, "иғвоангез, беандеша ва ғайри қобили қабул" хонд.
Носир Канъанӣ аз Стокголм даъват кард, ки кӯшишҳои минбаъдаи таҳқир кардани муқаддасотро бас кунад ва масъулияти ин гуна кирдорҳоро ба таври ҷиддӣ ба назар гирад.
Қаблан пулиси Шветсия 28 июн - дар рӯзи иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дода буд.
Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ "қонунӣ, вале номуносиб" аст.
Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар қабати китоб бекон монду онро оташ зад.
Ба гузориши расонаҳо, тақрибан 200 нафар ин саҳнаро тамошо мекарданд, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз баромад мекарданд ва якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин намоишнома нест, ки дар пойтахти Шветсия баргузор мешавад.
Моҳи январи соли 2022 сиёсатмадори ифротгаро ва раҳбари ҳизби зидди исломии "Масири сахт" Расмус Палудан дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро ба таври намоишкорона сӯзонд. Ин ҳам бо иҷозати мақомоти шаҳр сурат гирифта буд.