https://sputnik.tj/20230822/ukraini-khudiho-zarba-1058982682.html
Барои чӣ С-300-ҳои украинӣ ба худиҳо зарба мезананд
Барои чӣ С-300-ҳои украинӣ ба худиҳо зарба мезананд
Sputnik Тоҷикистон
Таназзули низоми мудофиаи ҳавоии боқимонда аз шӯравӣ дар Украина ба ҳадди ниҳоӣ расида, маҷмааҳои пешниҳоднамудаи ғарбӣ низ кумак накарда истодаанд
2023-08-22T19:30+0500
2023-08-22T19:30+0500
2023-08-22T20:39+0500
сутуннигор
нато
украина
амалиёт
вижа
низом
ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047535931_0:5:1920:1085_1920x0_80_0_0_5c3000964182256b85f5577017cd485e.jpg
Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии русиягӣ, системаи мудофиаи ҳавоии “шӯравии” украинӣ то ҳадди ниҳоӣ паст фаромадани худро нишон дод ва таназзулро идома медиҳад, қайд мекунад шореҳи низомии Sputnik Александр Хроленко.Маҷмааҳои мушакии зиддиҳавоии ғарбӣ ва маълумотҳои ҷосусии натогӣ, ки ба Киев пешниҳод шудаанд, дар амалиёти вижаи низомӣ ягон нақшеро намебозанд.Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар давоми 540 шабонарӯз (аз феврали соли 2022) зиёда аз 430 маҷмааҳои мушакҳои зиддиҳавоии артиши украинӣ - аз ҷумла,"беҳтарин дар ҷаҳон" маҷмааҳо зенитиву мушакии истесоли амрикоии patriot - ро нобуд карданд.Зарбаҳои омехтаи русиягӣ бо силоҳҳои нишонзаниашон дақиқ ба иншоотҳои дар умқи ақибгоҳи артиши украинӣ буда ягон рӯз қатъ нагардидидаанд.Воситаҳои мудофиаи ҳавоии натогӣ амалан заифанд, аммо воситаҳои аз замони Шӯравӣ ба украинҳо боқимонда бештар ба худи онҳо зарба мезананд.Ҳамин тавр, дар Чернигов 19 август ба биноҳои театри драмавӣ, раёсати давлатии хадамоти ҷосусӣ ва раёсати амнияти Украина, ки он ҷо бо иштироки даҳҳо мутахассисони низомии украинӣ ва 23 мутахассиси натогӣ, ки бобати амалиети гибридӣ ҳини истифодаи бесарнишинҳои зарбазан ҷаласа баргузор намуда истода буданд, мушаки украинӣ “парида омад”.Хатари банги ҳавоӣ ва таркиш дар як замон садо доданд. Ва "ситораи думдор"- и пастпарвози дигар дар яке аз наворҳои черниговӣ – ин як мушаки зиддиҳавоии украинии маҷмааи С – 300 мебошад, ки дар дохили шаҳр нобарор партоб шудаасту дар пай марги ду шаҳрванди осоиштаро дошт.Мошинҳои пачақу маҷақи назди театри драмавӣ истода низ натиҷаи “кор”-и маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии Украина мебошанд.Маҷмааҳои зиддиҳавоии артиши Украина (мушакҳои кӯҳна ва мутахассисони омода набуда), ки дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиранд, ба худиҳо чунон зарба мезананд, ки ин шаҳрвандони украиниро кам ба тааҷҷуб меорад.Тахмин меравад, пас аз зарбаи русиягӣ - шояд бо "Искандар"-ҳо буданд - зери харобаҳо ҷасадҳои нӯҳ афсари натогӣ ёфт шуданд, ҷасадҳои дигари ёфтшуда бошанд беному нишонгумшуда маҳсуб хоҳанд ёфт (аз ҷумла, ҷасади рамзгузори хадамоти ҷосусии олмонии BND, ки мутасаддии алоқаи кайҳонии ситоди НАТО дар Вилнюс буд).Нерӯҳои махсуси артиши Украина барои гузаронидани амалиётҳои вижа 38 сарбози худро бебозгашт аз даст доданд ва зиёда аз 75 сарбозашон сахт захмӣ шуд.Афзоиши парвозҳои санитарӣ аз Чернигов ва Виннитса ба самти Жешуви Лаҳистон ва шаҳрҳои гунногуни Олмон ба назар мерасад.Дар баробари ин, кормандони хадамоти амниятии Украина ба дастгиркунии сокинони шаҳри қадимаи русии Чернигов оғоз намуданд ва онҳоро дар ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси русиягӣ мутаҳҳам менамоянд.Аммо фаъолнокии кромандони хадамоти амнияти Украина набудани маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоиро ҷуброн карда наметавонадКиев теъдоди мавҷудаи маҷмааҳои зиддиҳавоии артиши Украинаро 10% аз ҳаҷми зарурӣ медонад.Тибқи ҳисобу китоби Пентагон, нерӯҳои русиягӣ моҳи майи соли 2023 маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии Украинаро бояд ба пуррагӣ саркӯб мекарданд.Ва агар мудофиаи ҳавоии парокандаи артиши украинӣ ҳанӯз вуҷуд дошта бошад, пас на ба шарофати дастгирии НАТО, балки бо сабаби устувории ҷангӣ, ки аз ҷониби конструкторҳои шӯравӣ ба маҷмааҳои Бук ва С-300 гузоштаанд.Воқеияти сангинҶузъи нисбатан муҳимтарини мудофиаи ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Украина натогӣ набуда, балки маҷмааҳои зенитиву мушакии мутаҳаррики шӯравии С-300 (масофаи калон) ва Бук (масофаи миёна) боқӣ мемонанд.Дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ ин маҷмааҳо асосан аз камингоҳҳо истифода бурда мешаванд ва аз рӯи нишондодҳои ҳадафноки НАТО кор мекунанд – бе фаъолкунии маҷмааҳои радиолакатсионии худ.Тибқи маълумоти Пентагон, артиши украинӣ 28 дастгоҳи партоби С-300 ва 470 мушак ба онҳо (чор маҷмааи аслиҳа), 57 маҷмааи зенитиву мушакии Бук бошад то се адад маҷмӯи аслиҳаро дорад.Хеле кам. Дар тӯли ин муддат захираҳои шӯравӣ "холӣ шуданд" ва дар Украина ва давлатҳои НАТО бошад мушакҳои зиддиҳавоии нав истеҳсол намекунанд.Мӯҳлати нигоҳдорӣ (қобилияти корӣ)-и мушакҳои зенитӣ – то 15 сол, пас аз он хушк шуда, шакли мушакҳо вайрон мешаванд, сӯзишвории сахт бошад, ки асосаш борут аст, хосиятҳои худро дигар мекунад.Ҳангоми партоб додани мушакҳои атиқаи С-300 ва Бук (бо фоизҳои баробар) эҳтимоли рух додани таркиш дар оғози парвоз ва хатари оташкигии ғайриинтизор ҳини парвози идоранашаванда дар бисёрошёнаи наздиктарин ҷой дорад.Иваз намудани маҷмааҳои шӯравии артиши украинӣ бо patriot, NASAMS, IRIS-T қариб, ки ғайриимкон аст - аз рӯи теъдод, дурии ҳадафзанӣ ва хароҷот.Мисоли одӣ: ду батареяи маҷмааи зенитиву мушакии украинии Patriot дар як моҳ тақрибан 160 мушаки зиддиҳавоӣ партоб медиҳанд, ки ин миқдор мушак дар ИМА дар давоми як сол истеҳсол карда мешавад – ин як бунбасти молиявӣ ва технологӣ мебошад.Пас аз тамом шудани захираҳои мушакҳо барои Бук ва С-300, мудофиаи ҳавоии украинӣ батамом футур меравад ва зерсохторҳои пиёдагардро бо худ ба қаър мекашад.Едовар мешавам, ки аз маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии Шӯравӣ артиши украинӣ 43 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-300ПТ/ПС ва шаш дивизиони С-300в, 35 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-200, 23 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии Бук, 29 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-125, 37 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-75, 27 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии Круг, чор дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии Куб-ро мерос гирифта буд.Дар аввали солҳои 1990 Украина аз рӯи иқтидори нерӯҳои заминии маҷмааҳои мудофиаи заддиҳавоӣ танҳо аз Русия ақиб буду халос.Ҳама он яроқу маҷмааҳо куҷо шуданд - худ як қиссаи ҷоноятии алоҳида аст. Ва инъикоси давлатдории зиёновари украинист.Хадамоти амнияти Украина кайҳост, ки блогенависони украиниро барои аксҳо ва наворҳои зарбаҳои русиягӣ ба иншооти низомӣ сахт таъқиб доранд.Бо вуҷуди ин, тамоми ҷаҳон нобудшавии батареяи маҷмааҳои машакиву зенитии Patriot – ро тавассути "Кинҷал" - и фаросафтӣ дар маркази Киев дид.Баҳрнавардони "суднопазир"-и руминӣ ҳафтаи гузашта беш аз 40 "парвоз" ва кори бенатиҷаи мудофиаи ҳавоии украиниро дар бандарҳои Измаил ва Рении вилояти Одесса эътироф намуданд.Намояндаи фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Украина Юрий Игнат 15 август эътироф кард, ки мудофиаи зиддиҳавоии Украина қодир нест, ки мушакҳои болдори Х-22-и русиягиро боздорад.Табиист, ки маълумоти дақиқ дар бораи боздошти аққалан як Искандар ва Кинҷал-и фаросавтӣ ҷой надорад.Пештар таҳлилгари собиқи хадамоти ҷосусии Амрико Ларри Ҷонсон хабар дод, ки маҷмааи мудофиаи ҳавоии Украина амалан вайрон шудааст.Аз ҷониби дигар, дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ гулӯлаҳои реактивии украинии HIMARS, мушакҳои дурпарвози SCALP-EG ва Storm Shadow воқеан ҳадафрас нестанд. Ҳамин гуна, парвозҳои ҳамарӯзаи “неши сӯзанак” доштаи дастгоҳҳои паррони бесарнишини украинӣ бесамаранд.Воситаҳои ҳамлаи ҳавоии артиши Украина (НАТО) ба таври мураттаб аз ҷониби маҷмааҳои мудофиаи ҳавоии русиягӣ нобуд карда мешаванд ва ё худ бо воситаҳои мудофиаи радиэлектронӣ (РЭБ) безарар гардонида мешаванд.Ва шикасти ҳамлаи ҷавобии артиши Украина, ки аз ҷониби ИМА ва НАТО омода карда шудааст, асосан натиҷаи ҳукмронии қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар ҳарими ҳавоӣ ва афзалияти маҷмааи мудофиавии қаторамонанди русиягӣ дар театри амалиёти низомии Украина мебошад.Нокомии Украина НАТО-ро маҷбур мекунад, ки сари гузаштҳо ба Русия фикр кунад.Тасодуфӣ нест, ки нашрияи хорватии Advance қайд менамояд, ки "иттифоқчиёни ғарбӣ" ба режими киевӣ огоҳии ҷиддӣ доданд: вақти таслим шудан расидааст, зеро Русия мағлубнашаванда аст ва низои низомӣ дар ҳама ҳолат бо шикасти Украина анҷом меёбад.
https://sputnik.tj/20230819/artishi-ukraina-talosh-furudgoh-nizomi-novgorod-zarba-1058928185.html
https://sputnik.tj/20230818/piruzii-putin-ukraina-nato-khiyonat-aybdor-1058916534.html
https://sputnik.tj/20230821/ima-mutavajjeh-rusiya-jang-nato-chi-dast-meorad-1058941982.html
https://sputnik.tj/20230822/patrushev-ghalaba-amaliyoti-vizha-jahon-chandqutbi-musoidat-1058969994.html
https://sputnik.tj/20230817/gharb-khasta-ukraina-shikast-omoda-1058892548.html
https://sputnik.tj/20230814/sarnagun-meshavad-amriko-zelenskiy-ukraina-1058828362.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047535931_234:0:1687:1090_1920x0_80_0_0_828638858a00545baa9b9867d09b9047.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
вазъ, дифоъ, ҳаво, украина, маҷмаа, пешниҳоднамуда
вазъ, дифоъ, ҳаво, украина, маҷмаа, пешниҳоднамуда
Барои чӣ С-300-ҳои украинӣ ба худиҳо зарба мезананд
19:30 22.08.2023 (Навсозишуда: 20:39 22.08.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Таназзули низоми мудофиаи ҳавоии боқимонда аз шӯравӣ дар Украина ба ҳадди ниҳоӣ расида, маҷмааҳои пешниҳоднамудаи ғарбӣ низ кӯмак накарда истодаанд
Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии русиягӣ, системаи мудофиаи ҳавоии “шӯравии” украинӣ то ҳадди ниҳоӣ паст фаромадани худро нишон дод ва таназзулро идома медиҳад, қайд мекунад шореҳи низомии Sputnik Александр Хроленко.
Маҷмааҳои мушакии зиддиҳавоии ғарбӣ ва маълумотҳои ҷосусии натогӣ, ки ба Киев пешниҳод шудаанд, дар амалиёти вижаи низомӣ ягон нақшеро намебозанд.
Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар давоми 540 шабонарӯз (аз феврали соли 2022) зиёда аз 430 маҷмааҳои мушакҳои зиддиҳавоии артиши украинӣ - аз ҷумла,"беҳтарин дар ҷаҳон" маҷмааҳо зенитиву мушакии истесоли амрикоии patriot - ро нобуд карданд.
Зарбаҳои омехтаи русиягӣ бо силоҳҳои нишонзаниашон дақиқ ба иншоотҳои дар умқи ақибгоҳи артиши украинӣ буда ягон рӯз қатъ нагардидидаанд.
Воситаҳои мудофиаи ҳавоии натогӣ амалан заифанд, аммо воситаҳои аз замони Шӯравӣ ба украинҳо боқимонда бештар ба худи онҳо зарба мезананд.
Ҳамин тавр, дар Чернигов 19 август ба биноҳои театри драмавӣ, раёсати давлатии хадамоти ҷосусӣ ва раёсати амнияти Украина, ки он ҷо бо иштироки даҳҳо мутахассисони низомии украинӣ ва 23 мутахассиси натогӣ, ки бобати амалиети гибридӣ ҳини истифодаи бесарнишинҳои зарбазан ҷаласа баргузор намуда истода буданд, мушаки украинӣ “парида омад”.
Хатари банги ҳавоӣ ва таркиш дар як замон садо доданд. Ва "ситораи думдор"- и пастпарвози дигар дар яке аз наворҳои черниговӣ – ин як мушаки зиддиҳавоии украинии маҷмааи С – 300 мебошад, ки дар дохили шаҳр нобарор партоб шудаасту дар пай марги ду шаҳрванди осоиштаро дошт.
Мошинҳои пачақу маҷақи назди театри драмавӣ истода низ натиҷаи “кор”-и маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии Украина мебошанд.
Маҷмааҳои зиддиҳавоии артиши Украина (мушакҳои кӯҳна ва мутахассисони омода набуда), ки дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиранд, ба худиҳо чунон зарба мезананд, ки ин шаҳрвандони украиниро кам ба тааҷҷуб меорад.
Тахмин меравад, пас аз зарбаи русиягӣ - шояд бо "Искандар"-ҳо буданд - зери харобаҳо ҷасадҳои нӯҳ афсари натогӣ ёфт шуданд, ҷасадҳои дигари ёфтшуда бошанд беному нишонгумшуда маҳсуб хоҳанд ёфт (аз ҷумла, ҷасади рамзгузори хадамоти ҷосусии олмонии BND, ки мутасаддии алоқаи кайҳонии ситоди НАТО дар Вилнюс буд).
Нерӯҳои махсуси артиши Украина барои гузаронидани амалиётҳои вижа 38 сарбози худро бебозгашт аз даст доданд ва зиёда аз 75 сарбозашон сахт захмӣ шуд.
Афзоиши парвозҳои санитарӣ аз Чернигов ва Виннитса ба самти Жешуви Лаҳистон ва шаҳрҳои гунногуни Олмон ба назар мерасад.
Дар баробари ин, кормандони хадамоти амниятии Украина ба дастгиркунии сокинони шаҳри қадимаи русии Чернигов оғоз намуданд ва онҳоро дар ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси русиягӣ мутаҳҳам менамоянд.
Аммо фаъолнокии кромандони хадамоти амнияти Украина набудани маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоиро ҷуброн карда наметавонад
Киев теъдоди мавҷудаи маҷмааҳои зиддиҳавоии артиши Украинаро 10% аз ҳаҷми зарурӣ медонад.
Тибқи ҳисобу китоби Пентагон, нерӯҳои русиягӣ моҳи майи соли 2023 маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии Украинаро бояд ба пуррагӣ саркӯб мекарданд.
Ва агар мудофиаи ҳавоии парокандаи артиши украинӣ ҳанӯз вуҷуд дошта бошад, пас на ба шарофати дастгирии НАТО, балки бо сабаби устувории ҷангӣ, ки аз ҷониби конструкторҳои шӯравӣ ба маҷмааҳои Бук ва С-300 гузоштаанд.
Ҷузъи нисбатан муҳимтарини мудофиаи ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Украина натогӣ набуда, балки маҷмааҳои зенитиву мушакии мутаҳаррики шӯравии С-300 (масофаи калон) ва Бук (масофаи миёна) боқӣ мемонанд.
Дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ ин маҷмааҳо асосан аз камингоҳҳо истифода бурда мешаванд ва аз рӯи нишондодҳои ҳадафноки НАТО кор мекунанд – бе фаъолкунии маҷмааҳои радиолакатсионии худ.
Тибқи маълумоти Пентагон, артиши украинӣ 28 дастгоҳи партоби С-300 ва 470 мушак ба онҳо (чор маҷмааи аслиҳа), 57 маҷмааи зенитиву мушакии Бук бошад то се адад маҷмӯи аслиҳаро дорад.
Хеле кам. Дар тӯли ин муддат захираҳои шӯравӣ "холӣ шуданд" ва дар Украина ва давлатҳои НАТО бошад мушакҳои зиддиҳавоии нав истеҳсол намекунанд.
Мӯҳлати нигоҳдорӣ (қобилияти корӣ)-и мушакҳои зенитӣ – то 15 сол, пас аз он хушк шуда, шакли мушакҳо вайрон мешаванд, сӯзишвории сахт бошад, ки асосаш борут аст, хосиятҳои худро дигар мекунад.
Ҳангоми партоб додани мушакҳои атиқаи С-300 ва Бук (бо фоизҳои баробар) эҳтимоли рух додани таркиш дар оғози парвоз ва хатари оташкигии ғайриинтизор ҳини парвози идоранашаванда дар бисёрошёнаи наздиктарин ҷой дорад.
Иваз намудани маҷмааҳои шӯравии артиши украинӣ бо patriot, NASAMS, IRIS-T қариб, ки ғайриимкон аст - аз рӯи теъдод, дурии ҳадафзанӣ ва хароҷот.
Мисоли одӣ: ду батареяи маҷмааи зенитиву мушакии украинии Patriot дар як моҳ тақрибан 160 мушаки зиддиҳавоӣ партоб медиҳанд, ки ин миқдор мушак дар ИМА дар давоми як сол истеҳсол карда мешавад – ин як бунбасти молиявӣ ва технологӣ мебошад.
Пас аз тамом шудани захираҳои мушакҳо барои Бук ва С-300, мудофиаи ҳавоии украинӣ батамом футур меравад ва зерсохторҳои пиёдагардро бо худ ба қаър мекашад.
Едовар мешавам, ки аз маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии Шӯравӣ артиши украинӣ 43 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-300ПТ/ПС ва шаш дивизиони С-300в, 35 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-200, 23 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии Бук, 29 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-125, 37 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии С-75, 27 дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии Круг, чор дивизиони маҷмааи мушакиву зенитии Куб-ро мерос гирифта буд.
Дар аввали солҳои 1990 Украина аз рӯи иқтидори нерӯҳои заминии маҷмааҳои мудофиаи заддиҳавоӣ танҳо аз Русия ақиб буду халос.
Ҳама он яроқу маҷмааҳо куҷо шуданд - худ як қиссаи ҷоноятии алоҳида аст. Ва инъикоси давлатдории зиёновари украинист.
Хадамоти амнияти Украина кайҳост, ки блогенависони украиниро барои аксҳо ва наворҳои зарбаҳои русиягӣ ба иншооти низомӣ сахт таъқиб доранд.
Бо вуҷуди ин, тамоми ҷаҳон нобудшавии батареяи маҷмааҳои машакиву зенитии Patriot – ро тавассути "Кинҷал" - и фаросафтӣ дар маркази Киев дид.
Баҳрнавардони "суднопазир"-и руминӣ ҳафтаи гузашта беш аз 40 "парвоз" ва кори бенатиҷаи мудофиаи ҳавоии украиниро дар бандарҳои Измаил ва Рении вилояти Одесса эътироф намуданд.
Намояндаи фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Украина Юрий Игнат 15 август эътироф кард, ки мудофиаи зиддиҳавоии Украина қодир нест, ки мушакҳои болдори Х-22-и русиягиро боздорад.
Табиист, ки маълумоти дақиқ дар бораи боздошти аққалан як Искандар ва Кинҷал-и фаросавтӣ ҷой надорад.
Пештар таҳлилгари собиқи хадамоти ҷосусии Амрико Ларри Ҷонсон хабар дод, ки маҷмааи мудофиаи ҳавоии Украина амалан вайрон шудааст.
Аз ҷониби дигар, дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ гулӯлаҳои реактивии украинии HIMARS, мушакҳои дурпарвози SCALP-EG ва Storm Shadow воқеан ҳадафрас нестанд. Ҳамин гуна, парвозҳои ҳамарӯзаи “неши сӯзанак” доштаи дастгоҳҳои паррони бесарнишини украинӣ бесамаранд.
Воситаҳои ҳамлаи ҳавоии артиши Украина (НАТО) ба таври мураттаб аз ҷониби маҷмааҳои мудофиаи ҳавоии русиягӣ нобуд карда мешаванд ва ё худ бо воситаҳои мудофиаи радиэлектронӣ (РЭБ) безарар гардонида мешаванд.
Ва шикасти ҳамлаи ҷавобии артиши Украина, ки аз ҷониби ИМА ва НАТО омода карда шудааст, асосан натиҷаи ҳукмронии қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар ҳарими ҳавоӣ ва афзалияти маҷмааи мудофиавии қаторамонанди русиягӣ дар театри амалиёти низомии Украина мебошад.
Нокомии Украина НАТО-ро маҷбур мекунад, ки сари гузаштҳо ба Русия фикр кунад.
Тасодуфӣ нест, ки нашрияи хорватии Advance қайд менамояд, ки "иттифоқчиёни ғарбӣ" ба режими киевӣ огоҳии ҷиддӣ доданд: вақти таслим шудан расидааст, зеро Русия мағлубнашаванда аст ва низои низомӣ дар ҳама ҳолат бо шикасти Украина анҷом меёбад.