https://sputnik.tj/20230822/patrushev-ghalaba-amaliyoti-vizha-jahon-chandqutbi-musoidat-1058969994.html
Патрушев ошкор кард, ки ғалабаи Русия ба ҷаҳон чӣ хоҳад дод
Патрушев ошкор кард, ки ғалабаи Русия ба ҷаҳон чӣ хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бар ин назар аст, ки пирӯзӣ дар амалиёти вижа тағйироти куллиро дар низоми сиёсии ҷаҳон дар пайи хоҳад дошт
2023-08-22T11:45+0500
2023-08-22T11:45+0500
2023-08-22T19:54+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
николай патрушев
амалиёти вижа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_eb6cac9bcb0f87997ffab16a7a8f02df.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Ғалабаи Русия бар зидди миллатгароӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бешубҳа ба пайдоиши як низоми одилонаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар Магадан зимни нишасти амнияти Шарқи Дури Русия изҳор дошт.Вай афзуд, ки Русия бояд нақши муҳим ва зарурӣ бозад - ҷаҳонро аз девонагие, ки Ғарб ташвиқ мекунад, наҷот диҳад.Дар ин кор ӯро кишварҳои дӯсту бетараф пуштибонӣ мекунанд ва ҳамзамон халқҳои кишварҳои ғарбӣ, аммо на сиёсатмадорони онҳо, гуфт Патрушев. Пештар Патрушев гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо раҳбарии дастнишондодҳои ғарбӣ ба шаҳрҳои Русия ҳамлаҳои бесарнишин анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дарк карданд, ки Русияро дар хатти ҷабҳа шикастан ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Федератсияи Русия шурӯъ карданд.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.
https://sputnik.tj/20230812/amaliyoti-vizha-artishi-rusiya-kupyansk-kharkov-1058786207.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_207:0:2938:2048_1920x0_80_0_0_1e616b872006467fb2fa6a194c906c0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
патрушев ошкор ғалаба русия ҷаҳон
патрушев ошкор ғалаба русия ҷаҳон
Патрушев ошкор кард, ки ғалабаи Русия ба ҷаҳон чӣ хоҳад дод
11:45 22.08.2023 (Навсозишуда: 19:54 22.08.2023) Дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бар ин назар аст, ки пирӯзӣ дар амалиёти вижа тағйироти куллиро дар низоми сиёсии ҷаҳон дар пайи хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Ғалабаи Русия бар зидди миллатгароӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бешубҳа ба пайдоиши як низоми одилонаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар Магадан зимни нишасти амнияти Шарқи Дури Русия изҳор дошт.
"Ғалаба бар миллатгароӣ дар Украина бешубҳа ба ташаккули низоми бисёрмарказӣ ва одилонаи ҷаҳонӣ бар асоси гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунии ҷаҳон мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки Русия бояд нақши муҳим ва зарурӣ бозад - ҷаҳонро аз девонагие, ки Ғарб ташвиқ мекунад, наҷот диҳад.
Дар ин кор ӯро кишварҳои дӯсту бетараф пуштибонӣ мекунанд ва ҳамзамон халқҳои кишварҳои ғарбӣ, аммо на сиёсатмадорони онҳо, гуфт Патрушев.
Пештар Патрушев гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо раҳбарии дастнишондодҳои ғарбӣ ба шаҳрҳои Русия ҳамлаҳои бесарнишин анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дарк карданд, ки Русияро дар хатти ҷабҳа шикастан ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Федератсияи Русия шурӯъ карданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.