https://sputnik.tj/20230817/gharb-khasta-ukraina-shikast-omoda-1058892548.html
Ғарб хаста шуд. Украинаро барои шикаст омода доранд
Ғарб хаста шуд. Украинаро барои шикаст омода доранд
Sputnik Тоҷикистон
Охири соли оянда ҳукумати Киев метавонад аз дастгирии низомии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо маҳрум шавад, менавишанд расонаҳои ғарбӣ
2023-08-17T18:59+0500
2023-08-17T18:59+0500
2023-08-17T18:59+0500
украина
русия
амалиёти вижа
киев
ғарб
сиёсат
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049205990_0:160:2665:1659_1920x0_80_0_0_35613f3cfbfba245f26a7d8486cc1655.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik, Михаил Катков. Дар натиҷа ба мо лозим меояд шиддати амалиёти ҷангиро коҳиш диҳем ва сари гуфтушунид бо Русия ҷиддӣ андеша ронем.Замони гуфтушунидВазири умури хориҷии Украина Дмитрий Кулеба эътироф намуд, ки тирамоҳи оянда хеле вазнин хоҳад буд, зеро дар байни иттифоқчиён ҳар чӣ бештар даъватҳо дар бораи муколама бо Маскав садо медиҳанд, намояндагони Ҷануби Бузургро бошад ҳеҷ бовар кунонида намешавад, ки Киевро ба таври возеҳ дастгирӣ кунанд.Айни замон, вазир розӣ шуд, ки дер ё зуд музокирот оғоз меёбад. Ва эҳтимол - тавассути миёнаравҳо.Тавре аён аст, тирамоҳи соли гузашта мақомоти украинӣ ҳама гуна робитаҳои сиёсиро бо Маскав қонунӣ манъ кард. Аммо вазъият тағйир ёфта истодааст.Албатта, Киев аз имкони табодули қаламравҳоро бар ивази сулҳ хашмгинона рад мекунад. Онҳое, ки инро пешниҳод доранд, танҳо дар бораи зудтар барқарор намудани тиҷорати аввалиндараҷа фикр мекунанд, изҳор дошт Кулеба. Украина бошад ба барқарорсозии тамомияти арзӣ ва кафолати амният ниёз дорад.Маскав барои гуфтушунид бидуни шартҳои пешакӣ омода аст, аммо "бо назардошти воқеият". Ба гуфти роҳбари хадамоти матбуотии департаменти давлатӣ Мэтю Миллер, Вашингтон ҳеҷ гоҳ исрор накардааст, ки Киев аз ин қатъиян даст кашидааст.Пул нестҲамлаи ҷавобии артиши Украина на босуръат ва на пирӯзиовар будааст – он тавре ки ҳамсафони Зеленский ваъда дода буданд, балки сусту хунин буд. Ин бошад Ғарбро ноумед кард.Акнун дар Иттиҳоди Аврупо ва ИМА сари он баҳс доранд, ки агар украниниҳо захираҳои бадастовардаро дуруст истифода бурда натавонанд , додани пул ва силоҳро ба Украина идома додан лозим аст ё на.Олаф Шолтс аз ҳалли низоъ бо роҳи дипломатӣ изҳори умед намуд.Дар ҳамин ҳол, ӯ ба мулоқот дар Арабистони Саудӣ ишора кард, ки дар он 40 давлат муқовимати Маскав ва Киевро баррасӣ доштанд.Ҳарчанд канслери Олмон кӯшиш дошт, ки ин ҳамоишро ҳамчун воситаи фишор ба Русия нишон диҳад, аён аст, ки Украина ба чизе, ки мехост, ноил нашуд: Ҷануби Бузарг ба Ғарб ҳамроҳ нашуд нашуд, ки нашуд.Нашрияи олмонии Bild ҳушдор медиҳад: агар қувваҳои мусаллаҳи Украина муваффақ нашаванд, аллакай Русия кӯшиши ҳамлаи ҷавобӣ мекунад. Ва дар назди иттифоқчиен саволе меистад:шояд беҳтар аст агар амалиётҳои ҷангӣ қатъ гарданд? Рӯзномаи Die Welt ба ҳамин ишора дорад.Муносибатҳои Украина ва ИМА низ тахту ҳамвор нестанд. Кохи Сафед аз конгресс 13 миллиард долларро ба сифати кӯмаки фаврии низомӣ ба Киев талаб дорад.Пул то 30 сентябр лозим аст. Аммо ҷумҳурихоҳон, ки палатаи намояндагонро назорат мекунанд, дудилаанд. Аксарият ба нуқтаи назари Доналд Трамп такя мекунанд, ки на зиёд кардан, балки камнамудани интиқоли силоҳро барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи низоъ даъват мекунад.Бар замми ин, тибқи маълумоти CNN, 55% амрикоиҳо бовар доранд, ки конгресс бояд дархости Кохи Сафедро рад кунад. Аммо 48%, баръакс - ҷонибдори афзоиши кӯмаки низомианд.Ба сифати вакили мудофеи Киев президенти Лаҳистон Анджей Дуда баромад намуд. Аммо - хеле бебарор. Ба навиштаи The Washington Post, ӯ зарурати интиқоли минбаъдаи силоҳро чунин шарҳ дод: ҳаёти сарбозони украинӣ нисбат ба ҳаёти сарбозони амрикоӣ хеле арзон аст.Фурсаташ омадСиесатшиноси украинӣ Вадим Карасев чунин мешуморад, ки, ки мақомоти киевӣ бояд ба созишномаи Истамбул розӣ шавад. “Охири охирон Кулеба гуфтушунидҳоро ба хотир овард. Аз тамоман наомадан, дертар омадан беҳтар. <…> НАТО ба Украина пешниҳод кард, ки бидуни авиатсия зарбаи ҷавобӣ занад, бинобар ин акнун бояд интизори зарбаҳои ҷавобии Русия бошад. <…>Дар оғози моҳи апрели соли 2022, Арахамия дар қароргоҳи президент мегашту мегуфт, ки сарпӯшҳои шампанро кушодан мумкин, зеро ӯ бо русҳо ба мувофиқа расидааст. Аммо дертар таҳти фишори Байден ва Ҷонсон ба қароре омаданд, ки Маскавро бо роҳи низомӣ мағлуб кунанд " гуфт ӯ дар мусоҳиба бо яке аз расонаҳои маҳаллӣ.Коршиносони русиягӣ бар ин назаранд, ки то ҳол пешниҳодҳои Киев барои Маскав аҳамиятенадоранд.Ба андешаи таҳлилгари сиёсӣ Родион Мирошник, Кулеба, вақте дар бораи тирамоҳи вазнин сухан мегӯяд, пеш аз ҳама худ ва дигар намояндагони асилзодаи ҳокимро дар назар дорад."Шахсан барои онҳо дилхоҳ таъғирёбии мақоми Украина барои кишварҳои Ғарб фоҷиа аст. Кулеба, Резников, Зеленский ва дигарон наметавонанд дар ягон режими дигаре ба ҷуз аз муқовимати мусаллаҳона бо Русия, ҳукмронӣ намоянд.Бо ин ҳама, равшан аст, ки пас аз ноком шудани ҳамлаи ҷавобӣ, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба онҳо сард шудаанд", — қайд намуд коршинос дар сӯҳбат бо РИА Новости.Коршиноси Академияи молиявии назди ҳукумати Русия Денис Денисов бо ӯ ҳамфикр аст. Дар Украина ба наздикӣ баҳс дар бораи зарурати гуфтушунид бо Маскав оғоз мешавад, пешгӯӣ мекунад ӯ."Ҳама фаҳмида истодаанд, ки интихоби дигар ҷой надорад. Дар баробари шикасти ҳамлаи ҷавобӣ дуроҳаҳо ҳам паси сар шуданд, қайд мекунад таҳлиллгар.Аммо то анҷоми амалиётҳои ҷангӣ ҳанӯз ҳам дур аст. Илова бар ин, барои қатъ гардонидани харобкориҳо ва амалҳои террористӣ вақти зиёд лозим аст.Танҳо пас аз ин ҳама тарафҳо ба муҳокимаи сулҳи муваққатӣ оғоз мекунанд. Дар бораи сулҳи бошад комил умуман ҳоҷати сухан гуфтан нест.
https://sputnik.tj/20230816/ukraina-ima-ittifoqchiyon-sarosari-jahon-1058864105.html
https://sputnik.tj/20230814/sarnagun-meshavad-amriko-zelenskiy-ukraina-1058828362.html
https://sputnik.tj/20230812/vazorat-difo-rusiya-hamla-ukraina-pul-krim-video-1058793251.html
https://sputnik.tj/20230812/rasonaho-anqara-kat-amaliyot-ukraina-miyonarav-1058792439.html
https://sputnik.tj/20230810/charkhbolho-rusiya-artishi-ukraina-nato-1058759599.html
украина
русия
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049205990_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b54b7eee7c4c20834c43113ecf2128e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, има, ғарб, дастгирӣ, низомӣ, маҳрум, иттиҳодия аврупо, шикаст, омода
украина, русия, има, ғарб, дастгирӣ, низомӣ, маҳрум, иттиҳодия аврупо, шикаст, омода
Ғарб хаста шуд. Украинаро барои шикаст омода доранд
Охири соли оянда ҳукумати Киев метавонад аз дастгирии низомии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо маҳрум шавад, менавишанд расонаҳои ғарбӣ
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik, Михаил Катков. Дар натиҷа ба мо лозим меояд шиддати амалиёти ҷангиро коҳиш диҳем ва сари гуфтушунид бо Русия ҷиддӣ андеша ронем.
Вазири умури хориҷии Украина Дмитрий Кулеба эътироф намуд, ки тирамоҳи оянда хеле вазнин хоҳад буд, зеро дар байни иттифоқчиён ҳар чӣ бештар даъватҳо дар бораи муколама бо Маскав садо медиҳанд, намояндагони Ҷануби Бузургро бошад ҳеҷ бовар кунонида намешавад, ки Киевро ба таври возеҳ дастгирӣ кунанд.
Айни замон, вазир розӣ шуд, ки дер ё зуд музокирот оғоз меёбад. Ва эҳтимол - тавассути миёнаравҳо.
Тавре аён аст, тирамоҳи соли гузашта мақомоти украинӣ ҳама гуна робитаҳои сиёсиро бо Маскав қонунӣ манъ кард. Аммо вазъият тағйир ёфта истодааст.
Албатта, Киев аз имкони табодули қаламравҳоро бар ивази сулҳ хашмгинона рад мекунад. Онҳое, ки инро пешниҳод доранд, танҳо дар бораи зудтар барқарор намудани тиҷорати аввалиндараҷа фикр мекунанд, изҳор дошт Кулеба. Украина бошад ба барқарорсозии тамомияти арзӣ ва кафолати амният ниёз дорад.
Маскав барои гуфтушунид бидуни шартҳои пешакӣ омода аст, аммо "бо назардошти воқеият". Ба гуфти роҳбари хадамоти матбуотии департаменти давлатӣ Мэтю Миллер, Вашингтон ҳеҷ гоҳ исрор накардааст, ки Киев аз ин қатъиян даст кашидааст.
Ҳамлаи ҷавобии артиши Украина на босуръат ва на пирӯзиовар будааст – он тавре ки ҳамсафони Зеленский ваъда дода буданд, балки сусту хунин буд. Ин бошад Ғарбро ноумед кард.
Акнун дар Иттиҳоди Аврупо ва ИМА сари он баҳс доранд, ки агар украниниҳо захираҳои бадастовардаро дуруст истифода бурда натавонанд , додани пул ва силоҳро ба Украина идома додан лозим аст ё на.
Олаф Шолтс аз ҳалли низоъ бо роҳи дипломатӣ изҳори умед намуд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ба мулоқот дар Арабистони Саудӣ ишора кард, ки дар он 40 давлат муқовимати Маскав ва Киевро баррасӣ доштанд.
Ҳарчанд канслери Олмон кӯшиш дошт, ки ин ҳамоишро ҳамчун воситаи фишор ба Русия нишон диҳад, аён аст, ки Украина ба чизе, ки мехост, ноил нашуд: Ҷануби Бузарг ба Ғарб ҳамроҳ нашуд нашуд, ки нашуд.
Нашрияи олмонии Bild ҳушдор медиҳад: агар қувваҳои мусаллаҳи Украина муваффақ нашаванд, аллакай Русия кӯшиши ҳамлаи ҷавобӣ мекунад. Ва дар назди иттифоқчиен саволе меистад:шояд беҳтар аст агар амалиётҳои ҷангӣ қатъ гарданд? Рӯзномаи Die Welt ба ҳамин ишора дорад.
Муносибатҳои Украина ва ИМА низ тахту ҳамвор нестанд. Кохи Сафед аз конгресс 13 миллиард долларро ба сифати кӯмаки фаврии низомӣ ба Киев талаб дорад.
Пул то 30 сентябр лозим аст. Аммо ҷумҳурихоҳон, ки палатаи намояндагонро назорат мекунанд, дудилаанд. Аксарият ба нуқтаи назари Доналд Трамп такя мекунанд, ки на зиёд кардан, балки камнамудани интиқоли силоҳро барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи низоъ даъват мекунад.
Бар замми ин, тибқи маълумоти CNN, 55% амрикоиҳо бовар доранд, ки конгресс бояд дархости Кохи Сафедро рад кунад. Аммо 48%, баръакс - ҷонибдори афзоиши кӯмаки низомианд.
Ба сифати вакили мудофеи Киев президенти Лаҳистон Анджей Дуда баромад намуд. Аммо - хеле бебарор. Ба навиштаи The Washington Post, ӯ зарурати интиқоли минбаъдаи силоҳро чунин шарҳ дод: ҳаёти сарбозони украинӣ нисбат ба ҳаёти сарбозони амрикоӣ хеле арзон аст.
Сиесатшиноси украинӣ Вадим Карасев чунин мешуморад, ки, ки мақомоти киевӣ бояд ба созишномаи Истамбул розӣ шавад. “Охири охирон Кулеба гуфтушунидҳоро ба хотир овард. Аз тамоман наомадан, дертар омадан беҳтар. <…> НАТО ба Украина пешниҳод кард, ки бидуни авиатсия зарбаи ҷавобӣ занад, бинобар ин акнун бояд интизори зарбаҳои ҷавобии Русия бошад. <…>
Дар оғози моҳи апрели соли 2022, Арахамия дар қароргоҳи президент мегашту мегуфт, ки сарпӯшҳои шампанро кушодан мумкин, зеро ӯ бо русҳо ба мувофиқа расидааст. Аммо дертар таҳти фишори Байден ва Ҷонсон ба қароре омаданд, ки Маскавро бо роҳи низомӣ мағлуб кунанд " гуфт ӯ дар мусоҳиба бо яке аз расонаҳои маҳаллӣ.
Коршиносони русиягӣ бар ин назаранд, ки то ҳол пешниҳодҳои Киев барои Маскав аҳамиятенадоранд.
Ба андешаи таҳлилгари сиёсӣ Родион Мирошник, Кулеба, вақте дар бораи тирамоҳи вазнин сухан мегӯяд, пеш аз ҳама худ ва дигар намояндагони асилзодаи ҳокимро дар назар дорад.
"Шахсан барои онҳо дилхоҳ таъғирёбии мақоми Украина барои кишварҳои Ғарб фоҷиа аст. Кулеба, Резников, Зеленский ва дигарон наметавонанд дар ягон режими дигаре ба ҷуз аз муқовимати мусаллаҳона бо Русия, ҳукмронӣ намоянд.
Бо ин ҳама, равшан аст, ки пас аз ноком шудани ҳамлаи ҷавобӣ, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба онҳо сард шудаанд", — қайд намуд коршинос дар сӯҳбат бо РИА Новости.
Коршиноси Академияи молиявии назди ҳукумати Русия Денис Денисов бо ӯ ҳамфикр аст. Дар Украина ба наздикӣ баҳс дар бораи зарурати гуфтушунид бо Маскав оғоз мешавад, пешгӯӣ мекунад ӯ.
"Ҳама фаҳмида истодаанд, ки интихоби дигар ҷой надорад. Дар баробари шикасти ҳамлаи ҷавобӣ дуроҳаҳо ҳам паси сар шуданд, қайд мекунад таҳлиллгар.
Аммо то анҷоми амалиётҳои ҷангӣ ҳанӯз ҳам дур аст. Илова бар ин, барои қатъ гардонидани харобкориҳо ва амалҳои террористӣ вақти зиёд лозим аст.
Танҳо пас аз ин ҳама тарафҳо ба муҳокимаи сулҳи муваққатӣ оғоз мекунанд. Дар бораи сулҳи бошад комил умуман ҳоҷати сухан гуфтан нест.