Пирӯзии Путин. Украина НАТО-ро дар хиёнат айбдор кард

© Sputnik / Алексей ВитвицкийЭмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.
Эмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Дафтари дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ ё худ НАТО гузинаи гузаштани бархе аз қаламрави Украинаро ба Русия воқеӣ дониста, баҳс барангехт
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik, Михаил Катков. Байни Киев ва Ғарб як моҷарои дипломатӣ сар зад. Раиси дафтари дабири кулли НАТО Стиан Йенсен гуфт, ки Украина метавонад бар ивази баромадан аз баҳри баъзе қаламравҳояш ба Русия ба ин иттиҳоди низомӣ аъзо шавад.
Ва ба зудӣ инро рад карданд – гуфтанд, ки рӯзноманигорон ҳамаро нодуруст фаҳмиданд.
Лекин, бо назардошти он ки чанд маротиба сиёсатмадорони гуногун ба "сенаряи кореягӣ" ишора доштанд, дар ҷаҳон ин изҳорот ҷиддӣ қабул карда шуд. Режими киевиро ба чӣ омода намуда истодаанд – дар маводи РИА Новости.

Баҳси замин

Стиан Йенсен аллакай узр пурсид. Бо вуҷуди ин, мақомдорони украинӣ нороҳатанд. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ Олег Николенко чунин сӯҳбатҳоро умуман ғайри қобили қабул номид.
Николенко таъкид дошт, ки Киев қаламравҳоро намефурӯшад, изҳороти роҳбари дафтари дабири кулли НАТО бошад "ба манфиати Русия" буд.
Мушовири Раиси дафтари президент Михаил Подоляк изҳороти Йенсенро "пирӯзии Путин" мешуморад. Аз нуқтаи назари Михаил Подоляк, чунин созишнома фақат ба он оварда мерасонад, ки амалиётҳои ҷангӣ то ба наслҳои оянда идома ёбанд.
Раиси фраксияи парлумонии "Хизматгори халқ" Давид Арахамия эътимод дорад: баромадан аз баҳри қаламравҳо "таҷовузи русиягӣ"-ро ба миён меорад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев равшанӣ андохт: дар он ҷо ҳамаи қаламравҳо "ба дараҷаи олӣ баҳсбарангез" мебошанд. Аз ҷумла, пеш аз пайвастан ба НАТО, Украина бояд аз Киев даст кашад ва пойтахтро бошад, ба Лвов кӯчонад.
Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова баромади Йенсенро ҳамчун нишонаи он маънидод кард, ки ИМА аз муаммоҳои украинӣ хаста шудааст.
"Онҳо бояд коре кунанд, ки кӯшишҳои баромаданашон аз бунбаст муаррифӣ гардад - аз он бунбасте, ки Кохи Сафед таҳти роҳбарии либералҳо бо тантана ҳама ҷаҳонро тела додааст. Ана акнун паҳн намудани ҳар гуна овозаҳо сар мешавад “, - хулоса кард Захарова .

Сулҳ бар ивази қаламрав

Дар аввали сол нашрияи швейтсарии Neue Zürcher Zeitung маводе чоп кард, ки дар он сухан дар бораи он меравад, ки гӯё ИМА ба Русия ва Украина хотима бахшидан ба амалиёти ҷангиро бо эътирофи натиҷаҳои кунунӣ пешниҳод намуда бошад.
Ба ҳайси миёнарави ваколатдор роҳбари Хадамоти ҷосусӣ Уилям Бернс, ки дар Маскаву Киев буд, баромад дошт. Аммо гӯё тарафҳои мухолиф ба ин пешниҳод розӣ нашуда бошанд. Вале дар ҳарду пойтахт ин иттилоъро рад карданд.
Акнун - вақте аён гашт, ки ҳамлаи ҷавобии украинӣ ноком шуд, расонаҳои ғарбӣ ба ин мавзӯъ баргаштанд. Масалан, маҷаллаи The Economist таъкид дошт: Украина фақат пас аз ҳалли баҳсҳои ҳудудӣ бо Русия аъзои НАТО шуда метавонад.
Дар ин маврид нашрия ёдрас мешавад, ки бо чунин тарз Киев мекӯшад фосилаи байни қобилияти расидан ба ҳадафҳо дар ҷанг ва ба он, ки Ғарб омодаи додани пул аст, кӯтоҳтар намояд.
Член Совета Федерации Федерального Собрания РФ Алексей Пушков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Беҳтар намешавад: Пушков иқдоми нави Амрикоро дар Украина ифшо кард
Манбаи интернетии EUobserver қайд мекунад: аксари "нақшаҳои сулҳомез" - и мавҷуда дар ҷаҳон ба табодули қаламравҳо асос ёфтаанд. Бисёре аз нозиронро аз гапногирии Киев ба хашм овардаанд, зеро ҳеҷ кас манфиатдори муқовимати тӯлонии мусаллаҳона нест.
Собиқ дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен дар арафаи мулоқот сарони давлатҳои аъзои НАТО дар Вилнюс пешниҳод намуд, ки Украина ба ин иттиҳоди низомӣ қисм-қисм қабул карда шавад ва ба ҳайси мисол аз таърих ба таҷрибаи Олмони Федеративӣ ва Олмони Демократӣ ишора кард.
Дар расонаҳои украинӣ бошад, бештар "сенарияи кореягӣ" зикр мегардад.
Яъне, қаламравҳои таҳти назорати Русия бояд "дӯзахи кореяишимолигӣ" шаванд ва Украинаи боқимондаро Ғарб ба таври мӯъҷизавӣ ба "боғи шукуфон" табдил медиҳад.
Баъзе низомиён низ мегӯянд, ки низоъ бояд зудтар ба анҷом расонида шавад. Агар Украина ба марзҳои соли 1991 нарасад ҳам, кам касон озурда мешаванд - Истиқлолият муҳимтар аст.

Зарби озмоишӣ

Сиёсатшинос Александр Дудчак баромади Йенсенро кӯшиши санҷидани асосҳо мешуморад.
Ҳамин ки НАТО тамоми маълумоти заруриро ҷамъ овард, суханони Йенсен рад карда шуданд.
"Онҳое, ки аз амалиётҳои ҷангӣ пул кор мекунанд, доду вой доранд, ки ин таслими манфиатҳост. Лек онҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд низоъро боздоранд. Москва омода аст, ки пешниҳодро баррасӣ кунад, аммо бояд дар бораи паёмадҳои он андеша ронд.
Қатъи амалиёти вижаи низомӣ имрӯз метавонад боиси аз нав фурӯзон гардидани оташи он он дар оянда гардад - вақте ки Киев бори дигар нерӯмандии худро эҳсос мекунад. Беҳтар аст, ки то он даме идома ёбад, ки Украина ҷои андармон мондан наёбад," - гуфт ӯ ба РИА Новости.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Ғарб хаста шуд. Украинаро барои шикаст омода доранд
Сиесатшинос Сергей Марков бар ин назар аст, ки НАТО ҳанӯз ба як қароре наомадааст. "Сенари асосӣ - шикасти низомии Русия боқӣ мемонад, аммо гузинаҳои қисман дохил кардани Украина ба НАТО низ баррасӣ карда мешаванд. Маскав ба аз ин розӣ нест.
Ҳадафи асосӣ - ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ. Яъне, дар паҳлӯи мо антагонисте мисли Ҳиндустон (Покистон) (эзоҳи идора) ва Исроил (Фаластин) (эзоҳи идора) набояд бошад, - қайд кард коршинос.
Ба гуфтаи Сергей Марков, ҷустуҷӯи роҳи муросо имконпазир аст, аммо дар ниҳоят дар ҳама ҳолат маънои гузашткунӣ аз ҷониби Русияро дорад.
Дар ин маврид Марков бо Дудчак ҳамфикр аст: шарикони Киев қатъи амалиёти ҷангиро на ҳамчун анҷоми низоъ, балки ҳамчун нафасросткунии пеш аз даври дуюм маънидод хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0