https://sputnik.tj/20230819/nigaronii-maqomot-shomilshavii-javonon-ba-hizbu-harakathoi-ifroti-1058925149.html
Нигаронии мақомот шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ
Нигаронии мақомот шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот аз сокинон хост, ки нисбати фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ таҳсил ва ё кору зиндагӣ мекунанд, бепарвоӣ зоҳир накунанд бо онҳо дар тамос бошанд
2023-08-19T12:59+0500
2023-08-19T12:59+0500
2023-08-19T12:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
мастчоҳ
терроризм
экстремизм
кдам
маҷлис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/13/1058924981_0:34:640:394_1920x0_80_0_0_eb9072e7fdbf8407653c3c6d341a3627.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мақомоти ноҳияи Мастчоҳ бо аҳли зиё, имомхатибон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ карданд.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия дар вохӯрӣ ҳамчунин масалаи таълимоти ғайрирасмии динӣ ва ҷараёни салафия дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, раванди тағйирёбии вазъи амниятиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки сӯиистифода аз терроризм ва ифротгароӣ кӯшишҳои сиёсисозии дини ислом, тундравӣ ва сохторҳои ғоявии он ҳамчун бузургтарин хатар ба таъмини амнияти сохти конститутсионӣ, дунявият, сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва мадании давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ мегардад.Онҳо қайд карданд, ки раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ифротгароии динӣ буда, асосан он дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ, ё тавассути шабакаҳои интернетӣ ба роҳ монда мешавад.Ҳамзамон, корманди Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд иброз дошт, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо сӯиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу одати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд.Инчунин дар ин ҷаласа дар бораи ҳолатҳои ошкоршудаи ҷавонон, ки ба доми фиреби гуруҳҳои террористиву экстремистӣ афтида, ақидаҳои ифротгароии онҳоро пайравӣ кардаанд, таъкид шуд, ки аксари он дорои маълумоти олӣ, ё мутахассис ва ё дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтаву ба камол расидаанд.“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ имрӯз ҷавонони фаъолу донишмандро ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба доми худ афканда, мехоҳанд тавассути онҳо сафу пайравони худро дар кишвар аз ҳисоби ҷавонон зиёд намуда, ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд”, - қайд кард намояндаи КДАМ.Дар ин ҷаласа аз аҳли зиё, омӯзгорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо даъват карда шуд, ки нисбати фарзандон, хусусан фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ таҳсил ва ё кору зиндагӣ мекунанд, бепарвоӣ зоҳир накунанд ва пайваста бо онҳо дар тамос шуда, нагузоранд фарзандонашон ақидаҳои ифротгароии гуруҳҳои тундравро пайравӣ намоянд.Мақомот дар ин ҷаласа ба масъулин дастур дод, ки барномаҳои махсус дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ тартиб дода, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо шаҳрвандон вохӯрию мулоқотҳо доир карда шавад.
https://sputnik.tj/20230814/maqomot-eron-tirandoz-masjid-shohcharogh-tojikistonist-1058826394.html
https://sputnik.tj/20230814/rusiya-eron-hamkoriho-ziddi-terroristi-taqviyat-1058821926.html
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/13/1058924981_36:0:605:427_1920x0_80_0_0_b3df135543c1393a38c504f96116894b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мастчогҳ, ҷаласа, терроризм, экстремизм, шомилшавӣ, ҷавонон, фарзандон, суғд
тоҷикистон, мастчогҳ, ҷаласа, терроризм, экстремизм, шомилшавӣ, ҷавонон, фарзандон, суғд
Нигаронии мақомот шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ
Мақомот аз сокинон хост, ки нисбати фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ таҳсил ва ё кору зиндагӣ мекунанд, бепарвоӣ зоҳир накунанд бо онҳо дар тамос бошанд
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мақомоти ноҳияи Мастчоҳ бо аҳли зиё, имомхатибон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия дар вохӯрӣ ҳамчунин масалаи таълимоти ғайрирасмии динӣ ва ҷараёни салафия дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, раванди тағйирёбии вазъи амниятиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки сӯиистифода аз терроризм ва ифротгароӣ кӯшишҳои сиёсисозии дини ислом, тундравӣ ва сохторҳои ғоявии он ҳамчун бузургтарин хатар ба таъмини амнияти сохти конститутсионӣ, дунявият, сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва мадании давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ мегардад.
“Яке аз падидаҳои асосие, ки имрӯз сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мегардад, ин шабакаҳои интернетии гуруҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад”,- қайд карданд намояндагони КДАМ.
Онҳо қайд карданд, ки раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ифротгароии динӣ буда, асосан он дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ, ё тавассути шабакаҳои интернетӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамзамон, корманди Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд иброз дошт, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо сӯиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу одати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд.
Инчунин дар ин ҷаласа дар бораи ҳолатҳои ошкоршудаи ҷавонон, ки ба доми фиреби гуруҳҳои террористиву экстремистӣ афтида, ақидаҳои ифротгароии онҳоро пайравӣ кардаанд, таъкид шуд, ки аксари он дорои маълумоти олӣ, ё мутахассис ва ё дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтаву ба камол расидаанд.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ имрӯз ҷавонони фаъолу донишмандро ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба доми худ афканда, мехоҳанд тавассути онҳо сафу пайравони худро дар кишвар аз ҳисоби ҷавонон зиёд намуда, ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд”, - қайд кард намояндаи КДАМ.
Дар ин ҷаласа аз аҳли зиё, омӯзгорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо даъват карда шуд, ки нисбати фарзандон, хусусан фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ таҳсил ва ё кору зиндагӣ мекунанд, бепарвоӣ зоҳир накунанд ва пайваста бо онҳо дар тамос шуда, нагузоранд фарзандонашон ақидаҳои ифротгароии гуруҳҳои тундравро пайравӣ намоянд.
Мақомот дар ин ҷаласа ба масъулин дастур дод, ки барномаҳои махсус дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ тартиб дода, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо шаҳрвандон вохӯрию мулоқотҳо доир карда шавад.