Мақомоти Эрон: Тирандоз дар масҷиди Шоҳчароғ - тоҷикистонист

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти Эрон ахиран гуфтанд, шахсе, ки дар Ҳарами Шоҳчароғ ба сӯи зоирин тир холӣ кард, шаҳрванди Тоҷикистон будааст
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Раиси кулли додгустарии устони Форс Қозӣ Мусаввӣ, дар робита бо ҷузъиёти ҷадид аз ҳодисаи террористии шаби гузашта дар Ҳарами Шоҳчароғ изҳор кард, ки то кунӯн 8 нафар аз нафарони гумонбар дар ҳодисаи террористии шаби гузашта дар Ҳарами Шоҳчароғ дастгир шудаанд.
“Тамомии афроди боздоштӣ аз атбоъ хориҷӣ ҳастанд”, - гуфт ӯ.
Раиси кули додгустарии устони Форс дар робитаи ҳуввияти терруристи аслӣ, ки шаби гузашта дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд, баён кард, ки ин фард дар таҳқиқоти аввалия худро Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ карда ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Вай гуфт,Наврӯзов бо як силоҳи Калашников 11 тир холӣ кард, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд
Оқои Мусаввӣ афзуд, ки хонаи амни терруристҳо низ кашф шудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар оромгоҳи машҳури бостонии Шоҳчароғ дар Шерози Эрон ҳамлаи террористӣ анҷом шуд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ҳамла аз ҷониби ду нафар ҷангҷӯ сар зада, онҳо бо ворид шудан ба дохили макони муқаддас ба сӯйи ҳозирин тир холӣ карданд.
Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар пайи ин ҳолат дастур дод, ки омилони ҳамла ба оромгоҳи Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози вилояти Форс дар ҷанубу ғарби кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин ҳамла ба ин макон аст. Аввалинаш моҳи октябри соли 2022 сурат гирифта буд, ки дар пай 15 қурбонӣ ва 40 захмӣ дошт.
Лентаи хабарҳо
0