https://sputnik.tj/20230814/rusiya-eron-hamkoriho-ziddi-terroristi-taqviyat-1058821926.html
Русияву Эрон ҳамкориҳояшонро дар самти зидди террористӣ тақвият мебахшанд
Русияву Эрон ҳамкориҳояшонро дар самти зидди террористӣ тақвият мебахшанд
Sputnik Тоҷикистон
Сардори хадамоти адлияи музофоти Эрон гуфт, гумонбарони ҳамла ба оромгоҳи Шоҳ Чароғ дар Шероз боздошт шудаанд
2023-08-14T16:54+0500
2023-08-14T16:54+0500
2023-08-14T19:17+0500
эрон
русия
ҳамкорӣ
равобит
ҳамлаи террористӣ
масҷид
ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/17/1054416658_0:0:1402:790_1920x0_80_0_0_be6674bf8cfab7d75fc2588763628c6b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Русия дар робита ба амали террористӣ дар оромгоҳи Шоҳ-Чароғи Шероз ба Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.Дар ин бора сафорати ин кишвар хабар додааст."Маскав омода аст бо Теҳрон дар заминаи мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунад", - таъкид кардааст манбаъ.Русия низ изҳори умедворӣ кардааст, ки масъулони ҳамла муҷозот хоҳанд шуд.Сайид Қозими Мусаввӣ, раиси Хадамоти адлияи вилояти Форс гуфт, дар ҳоли ҳозир пулиси Эрон чаҳор гумонбарро дар иртикоби ҳамлаи террористӣ дар масҷиди Шоҳ Чароғ боздошт кардааст."Шахсе, ки ба сӯи оромгоҳ шиллик кард ва фавран боздошт шуд, ба муфаттиш супурда шуд ва ҳоло мавриди бозпурсӣ қарор дорад", - таъкид мекунад расонаҳои эронӣ.Ба гуфтаи сардори хадамоти адлия, вазъи яке аз қурбониёни ҳамла вазнин арзёбӣ мешавад.Ёдовар мешавем, ки ду террорист ба масҷиди Шоҳ Чароғ ҳамла карданд. Дар натиҷаи амали террористӣ як нафар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамчунин, ба ин ниҳод Аҳмад Воҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон, билофосила баъд аз оғози тафтиши ҳамлаи террористӣ дар масҷид, муовини худ дар умури сиёсӣ Муҳаммадризо Ғуломризоро аз вазифа барканор кард.
https://sputnik.tj/20230814/omilon-hamla-masjid-shohcharogh-eron-javobgari-1058805948.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/17/1054416658_235:0:1402:875_1920x0_80_0_0_e76bc021e1bd59e6a801a9ea9799d294.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, ҳамкорӣ, зидди террористӣ, шоҳ чароғ, амали террористӣ, тақвият
русия, эрон, ҳамкорӣ, зидди террористӣ, шоҳ чароғ, амали террористӣ, тақвият
Русияву Эрон ҳамкориҳояшонро дар самти зидди террористӣ тақвият мебахшанд
16:54 14.08.2023 (Навсозишуда: 19:17 14.08.2023) Сардори хадамоти адлияи музофоти Эрон гуфт, гумонбарони ҳамла ба оромгоҳи Шоҳ Чароғ дар Шероз боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Русия дар робита ба амали террористӣ дар оромгоҳи Шоҳ-Чароғи Шероз ба Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар ин бора сафорати ин кишвар хабар додааст.
"Маскав омода аст бо Теҳрон дар заминаи мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунад", - таъкид кардааст манбаъ.
Русия низ изҳори умедворӣ кардааст, ки масъулони ҳамла муҷозот хоҳанд шуд.
"Ҷониби Русия инро қотеъона маҳкум мекунад ва ба наздикони фавтидагон ва маҷрӯҳшудагон тасаллияти амиқи худро баён мекунад", - омадааст дар изҳороти намояндагӣ.
Сайид Қозими Мусаввӣ, раиси Хадамоти адлияи вилояти Форс гуфт, дар ҳоли ҳозир пулиси Эрон чаҳор гумонбарро дар иртикоби ҳамлаи террористӣ дар масҷиди Шоҳ Чароғ боздошт кардааст.
"Шахсе, ки ба сӯи оромгоҳ шиллик кард ва фавран боздошт шуд, ба муфаттиш супурда шуд ва ҳоло мавриди бозпурсӣ қарор дорад", - таъкид мекунад расонаҳои эронӣ.
Ба гуфтаи сардори хадамоти адлия, вазъи яке аз қурбониёни ҳамла вазнин арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ду террорист ба масҷиди Шоҳ Чароғ ҳамла карданд. Дар натиҷаи амали террористӣ як нафар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд.
Ҳамчунин, ба ин ниҳод Аҳмад Воҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон, билофосила баъд аз оғози тафтиши ҳамлаи террористӣ дар масҷид, муовини худ дар умури сиёсӣ Муҳаммадризо Ғуломризоро аз вазифа барканор кард.